Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ моҳ дар ғуломӣ. Муҳоҷирони тоҷикро дар Қазоқистон кӣ фиреб кард? ВИДЕО


Шикояти муҳоҷирони фиребхурдаи тоҷик

Наздик ба 50 муҳоҷири тоҷик, ки аз ҷониби як ниҳоди ҳукуматӣ ба Қазоқистон фиристода шуда буданд, мавриди фиреби корфармо қарор гирифтаанд.

Муҳоҷирон, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, аз Русия ихроҷ шуда, бекор буданд ва баъди ҷустуҷӯҳо зиёд барои кор ба Қазоқистон рафтан, аммо ширкате дар ин кишвар панҷ моҳ онҳоро мавриди истисмори меҳнатӣ қарор дод. Ҳоло аз он ҷо ҳам ронда шудаанд ва мегӯянд, на мақомоти тоҷику на қазоқ ба додашон намерасанд.

Сафарбӣ ва Раҳматулло, зану шавҳари тоҷик, аз ҷумлаи ҳамин муҳоҷиронанд, ки як сол боз талош доранд, маоши панҷ моҳаи худ дар Қазоқистонро аз корфармо ситонанд ва афроде, ки онҳоро моҳҳо ранҷ доданд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд

Дар ҷустҷӯи кор ба биёбоне дар Қазоқистон

Рӯзи 7-уми сентябри соли 2021 Оҷонсии бо кортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон 48 тан аз шаҳрвандони кишварро ба Қазоқистон фиристод. Бар асоси шартнома, ин гурӯҳи муҳоҷирон дар тарҳи сохтмони нерӯгоҳҳои бодӣ дар мавзеи Яктағой (Актогай), дар ноҳияи Аяғози Қазоқистони Шимолӣ (Аягоз) бояд кор мекарданд. Ба онҳо аз 500 то 800 доллари амрикоӣ маош пешниҳод шуда буд. Ширкати қазоқии "ZAUT", ки расман барои корхонаҳои маҳаллӣ коргар мекобад, тариқи созиш бо мақомоти тоҷик онҳоро барои кор даъват мекунад.

Сафарбӣ Раҳматова бо шавҳараш дар ин гурӯҳ ба ҳайси ошпаз ҷалб шуда буданд. Ӯ мегӯяд, миёни ширкати "ZAUT" дар Қазоқистон ва ниҳоди зертобеи Вазорати меҳнат барои ҷалби онҳо ба кор созиш имзо шуда буд, аз ин рӯ, онҳо дилпур буданд, ки фиреб намехуранд.

“Вақте мо ба фурудгоҳи Алмаато расидем, шиносномаҳоямонро гирифтанд ва моро ба маҳали кор бурданд. Дар як биёбоне, ки дар 50-100 километрии он маҳалаи аҳолинишин набуд. Шароити кор нохуб буд. Мо аз рӯзи аввал эътироз кардем, гуфтанд, сабр кунед, маоши бештар медиҳем. Моро бо ваъдае, ки фардо пулатонро медиҳем, кор мефармонданд,”—гуфт ӯ.

Дар наворҳое, ки муҳоҷирон замони кор гирифтаанд, дида мешавад, ки ба ҷуз чанд вагони чубин, дигар шароити муносибе барои зиндагӣ надорад. Дар наворҳо муҳоҷирон аз набуди ҷой барои шустушӯ ва хурок шкиоят мекунанд.

Дар санадҳои шикояти муҳоҷирон ба мақомоти тоҷик ва қирғиз, ки нусхаҳои он ба дасти Радиои Озодӣ низ расид, гуфта мешавад, ки ширкати "ZAUT" 24 ҳазор доллар пули чиптаи сафари муҳоҷирон аз Душанбе ба Алмааторо пардохт кардааст ва дигар барояшон маоше надодааст.

Бархе муҳоҷирон баъди ду ё се моҳи кор дар ин ширкат онро тарк кардаанд, вале нисфи дигар, мисли Сафарбӣ Раҳматова ва шавҳараш беш аз панҷ моҳ ба умеди дарёфти маош он ҷо мондаанд. Пас аз шикояти онҳо аз пардохт нашудани музди меҳнат пулис онҳоро тафтиш мекунад. Баъд аз ин муҳоҷион пайиҳам аз Қазоқистон ихроҷ мешаванд.

Шикояти зану шавҳар ба Додситонии кулл

Раҳматулло Сангинов, шавҳари ин зан мегӯяд, бояд ширкати қазоқӣ танҳо ба ӯ ва ҳамсараш барои беш аз панҷ моҳи корӣ ҳудуди 6 ҳазор доллар пардохт кунад. Онҳо беш аз як сол боз ба мақомоти тоҷик ва қазоқ барои додхоҳӣ ариза менависанд, аммо мегӯянд, касе ба додашон намерасад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Муҳоҷирони тоҷикро дар Қазоқистон кӣ фиреб дод?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:50 0:00

Парвина Иноятова, вакили дифои зану шавҳари тоҷик мегӯяд, аксари муҳоҷирон пас аз талошҳои бенатиҷа дилсард шуданд ва аз даъво даст кашиданд, вале ин зану шавҳар барои соҳиб шудан ба ҳақашон муборизаро идома медиҳанд.

“Мо ҳоло ба прокуратураи генералӣ ариза навиштем. Дар инҷо ҳолати фиреб додани муҳоҷирон ва истифодаи онҳо ҷой дорад. Мо аз дигар мақомотҳо ҷавоб гирифтем, ки ҳодиса дар Қазоқистон шудааст ва ба мақомоти он кишвар муроҷиат кардаанд. Ҳоло бинем, ки прокуратураи генералӣ чӣ ҷавоб медиҳад,”—гуфт Парвина Иноятова.

Аз ин пеш, дар посух ба аризаи муҳоҷирони фирбехурда моҳи июни имсол Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тасдиқ кардааст, ки корфармо шиносномаи муҳоҷиронро гирифта, бо кормандон шартномаи корӣ набастааст ва барояшон иҷозаи кор дар Қазоқистонро низ нагирифтааст”. Ин ниҳод гуфтааст, чун ҷиноят дар қаламрави кишвари хориҷӣ сурат гирифтааст, Вазорати корҳои хориҷӣ ба пулиси шаҳри Шимкент муроҷиат кардааст.

Зоҳиран, муҳоҷирон пас якуним моҳи кор дар Қазоқистон ба консулгарӣ муроҷиат кардаанд. Дар наворҳое, ки муҳоҷирон бардоштаанд, дида мешавад, ки намояндагони консулгарӣ ба ин маҳал рафтаанд ва бо корфармоёну муҳоҷирон суҳбат мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 16-уми октябри соли гузашта дар сомонааш хабар додааст, ки “дар рафти вохӯрӣ кормандони ширкати ТОО ZAUT ваъда доданд, ки масъалаи пардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро то 21-уми октябри соли 2021 ҳаллу фасл хоҳанд кард.”

Cафорат: Муҳоҷирон бо ширкат шартнома набастаанд.

Рӯзи 23-уми ноябр дар сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо аз тариқи Вазорати хориҷаи ин кишвар ба пулис муроҷиат карданд, вале пас аз тафтиш корфармо гуфтааст, ки муҳоҷиреро аз Тоҷикистон ба кор ҷалб накардааст.

Ба гуфтаи як намояндаи сафорат, мушкил дар он аст, ки муҳоҷирон бо вуҷуди ҷалб шудан ба кор бо ин ширкат шартномаи расмии кор набаста буданд.

Муҳоҷирон дар аризаҳои худ ба мақомот аз чанд масъули Оҷонси ба кортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат шикоят кардаанд ва иддао доранд, ки онҳо дар эҷоди ин мушкил даст доранд.

Зайдулло Саидов, мутахассиси Оҷонсии бо кортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат рӯзи 21-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки талош карданд, ба муҳоҷирон кумак кунанд. Ӯ тасдиқ кард, ки ширкати қазоқӣ муҳоҷиронро фиреб додааст, вале гуфт, на ҳамаи онҳо панҷ моҳ дар ин ширкат кор карда буданд.

“Корфармо ба Вазорати меҳнат муроҷиат кард, ки ба мо коргари кироя лозим аст. Мо ҳуҷҷатҳояшро санҷидем ва шаҳрвандонро сафарбар кардем. Инҳо нафароне буданд, ки аз Русия ихроҷ шуда буданд, мо ба Қазоқистон сафарбар кардем. Мо вақте фаҳмидем, ки ширкат фиреб мекунад, аз ҳамкорӣ даст кашидем, вале шаҳрвандон худашон онҷо монданд.”—гуфт ӯ.

Роҳбари ширкате, ки муҳоҷиронро барои кор бурд куҷо шуд?

Муҳоҷирон мегӯянд, бо онҳо Акрам Тенгезбаев, ки худро як масъули ширкати "ZAUT" ном мебурд, дар Душанбе мулоқот кард, вале дар Алмаато ба пешвозашон дигар нафар омад. Акрам Тенгезбаев дар суҳбат рӯзи 22-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ соли гузашта аз ҷониби ширкати "ZAUT" ба кор ҷалб шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, ин ширкат барояш ваъда дода будааст, ки муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро ҷалб кунад ва онгаҳ бо ӯ ҳамчун намояндаи ширкат дар Шимкент шартнома хоҳанд баст.

“Ин муҳоҷирон омаданд, вале онҳоро ба назди мо наоварданд ва раҳбари ширкат Динмуҳаммад Шербаев худаш онҳоро ба Яктағой бурд. Ман дигар онҳоро надидам. Худи Шербаев низ баъди ин ҳодиса фирор кардааст ва мо ӯро пайдо карда наметавонем,”—гуфт ӯ.

Қазоқистон пас аз Русия дуюмин кишварест, ки муҳоҷирони тоҷик барои кор ба онҷо мераванд. Бар асоси ҳисобҳои гуногун, дар ин кишвар аз 10 то 12 ҳазор муҳоҷири тоҷик кору фаъолият мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG