Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ раҳбари Чин Дзян Дземин даргузашт


 Акси Дзян Дземин аз соли 2003
Акси Дзян Дземин аз соли 2003

Дар Чин дар синни 96-солагӣ собиқ раҳбари ин кишвар  Дзян Дземин даргузашт.

Оҷонсии Рейтерс бо такя ба матбуоти расмии Чин менависад, ки Дземин аз саратони хун ва бо сабаби аз кор мондани чандин узви баданаш даргузашт.

Собиқ раҳбари Чин дар хонааш дар шаҳри Шонгҳой ҷон дод. Ҳизби ҳокими коммунистии Чин, ки ин хабарро нашр кард, навишт, “марги рафиқ Дземин як талафоти азим барои ҳизб ва низомиён ва ҳама қавмҳои сокини Чин мебошад”.

Дзян Дземин солҳои 1989-2002 котиби аввали Ҳизби марказии коммунисти Чин ва солҳои 1993 то 2003 раҳбари кишвар буд. Ӯ баъди маҳкумияти шадиди ҷомеаи байналмилалӣ аз саркӯби хунини эътирозгарони демократии майдони Тянанмини Пекин сари кор омад ва тавонист кишварро аз маҳдудиятҳои байналмилалии дипломатӣ раҳо карда бо ИМА равобити ҳасана эҷод кунад ва ҳам кишварро ба пешрафтҳои азими иқтисодӣ барад.

XS
SM
MD
LG