Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, даъват ба артиш тамом шуд. Сокинон аз "облава" гуфтанд


Гусели ҷавонон ба артиш. Акс аз бойгонӣ
Гусели ҷавонон ба артиш. Акс аз бойгонӣ

Вазорати дифои Тоҷикистон хабар дод, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш пурра ба анҷом расид.

Даҳҳо сокин аз фишор ва бо зур ба артиш ҷалб кардани ҷавонон шикоят карданд.

Даъвати ҷавонон ба артиш аз 1-уми октябр оғоз шуд ва ду моҳ давом кард. Вазорат бо нашри як хабарнома дар сомонааш рӯзи 1-уми декабр гуфтааст, нақша иҷро шуд, аммо даъвати ҷавонони синни хидмат барои омӯзиш ва омодагӣ давом мекунад.

Вазорати мудофиа аз мақомот ва ҷавонону волидоне, ки дар ин давра фарзандонашонро ихтиёрӣ ба хизмат фиристодаанд изҳори ташаккур кардааст. Мақомот мегӯянд, шумори ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба артиш мераванд, сол то сол зиёд мешавад. Аммо дар охирин рӯзҳои маъракаи даъвати тирамоҳӣ шикоят аз гусели иҷбории ҷавонон зиёд шуд.

Рӯзи 30-уми ноябр чанд сокини як маҳалла дар маркази ноҳияи Ёвон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомот барои ҷалби фарзандонашон ба артиш онҳоро зери фишор қарор додаанд. Яке аз онҳо гуфт, ки бародари беморашро маҷбур ба артиш бурданд ва мақомот интиқоли нерӯи барқ ба хонаи сокинони маҳалларо қатъ кардааст ва шарт гузоштаанд, ки агар фарзандони муҳоҷири онҳо баргашта ба артиш нараванд, ин вазъ давом хоҳад кард.

Чанд сокини ҷамоати Навободи ноҳияи Рашт низ гуфтанд, ки мақомот волидони ҷавононро зери фишору таҳдид қарор додаанд.

“Фарзандони онҳо дар Русия ҳастанд ва кор карда, хонаводаро таъмин мекунанд. Мақомот шарт гузоштаанд, ки агар фарзандонашон баргашта ба артиш нараванд, онҳоро ҷазо хоҳанд дод,”—гуфт яке аз сокинон, ки нахост номаш зикр шавад.

Шикоят аз ҳолатҳои маҷбуран бар артиш ҷалб кардани ҷавонони бемор ва бо шеваи гуногун зери фишор қарор додани наздикони ҷавонон тақрибан аз ҳама минтақаҳои кишвар ба дасти Радиои Озодӣ расидааст. Аксари сокинон аз тарси бештар шудани фишор нахостанд, дар видео бо Радиои Озодӣ суҳбат кунанд. Мақомот ҳанӯз ин ҳолатҳоро тасдиқ ё рад накардаанд.

Дар Тоҷикистон дар ду мавсим, баҳор ва тирамоҳ, ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG