Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонандагони як мактаб дар Русия ба таъмири дронҳо барои ҷанг ҷалб шудаанд


Русия ин навъи дронҳоро дар ҷанги зидди Украина истифода мекунад.

Дар Барнаули Русия, хонандагонро барои таъмири бесарнишин ё дронҳое ҷалб кардаанд, ки барои ҷанг дар Украина истифода мешаванд.

Мақомоти мактаби рақами 53 дар шаҳри Барнаул тасмим дорад барои кӯмак ба сарбозони рус дар ҷанги Украина бесарнишинҳоро таъмир карда, ба онҳо фиристанд.

Дар ин бора хабаргузории “Новости Алтая” хабар додааст.

Ин муассисаи таълимӣ эълон кардааст, ки квадрокоптерҳои вайронаро қабул мекунад. Бесарнишинҳоро омӯзгорон ва муҳассилин таъмир мекардаанд. Дар мактаби рақами 53 бештар омӯзиши равияи муҳандисӣ ба роҳ монда шудааст ва ба кӯдакон дарси барномасозӣ аз рӯйи қолабӣ 3D дода мешавад. Дар чандин минтақаи дигари Русия аз ҷумла дар Ростову Самара ва Бошқориситон хонандагону донишҷӯёнро барои дӯхтани либос барои сарбозони мобилизатсияшуда ҷалб кардаанд.

Рӯзи 21-уми ноябр, мақомоти Русия ба 18 коллеҷи ин кишвар, ки дар “маъракаи дастгирии сарбозони ба ҷанги Украина сафарбаршуда фаъолона ширкат кардаанд”, ҷоиза тақдим карданд. Дар ин миён омӯзишгоҳи техникии Сахалин ҳам, ки барои ширкатдорони ҷанг дар Украина таҳпуш омода карда буд, соҳиби ҷоиза шудааст.

Русия бесабаб моҳи феврали соли гузашта ба Украина ҳамла кард. Ҳамлаи Русия ба ин кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум шудааст. Дар пайи ин ҷанг ҳазорон украинӣ кушта ва миллионҳо нафар бехона шуданд.

XS
SM
MD
LG