Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додраси тоҷик пешниҳод кард, нархи хонаро як ниҳоди мустақил муайян кунад


Мавҷуда Пӯлодӣ, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон
Мавҷуда Пӯлодӣ, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон

Як додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон даъват кард, ки дар кишвар ниҳоди мустақили нархгузории манзил таъсис ёбад.

Мавҷуда Пӯлодӣ мегӯяд, дар баҳсҳои вобаста ба нархгузории манзил, додрасҳо дар ҳолати ногувор мемонанд, чун барои як хона нархҳои гуногун пешниҳод мешавад.

Мавҷуда Пӯлодӣ, додраси Додгоҳи олӣ 1-уми декабр зимни як ҳамоиши вобаста ба ҳуқуқи манзил дар Душанбе гуфт, бештар сари нархи манзилҳое баҳс мешавад, ки аз ҷониби ширкатҳо барои сохтмони баландошёнаҳои замонавӣ бояд тахриб шаванд.

Ин додрас аз даъвои як шаҳрванд мисол овард, ки аз додгоҳ хостааст, барои хонаи ӯ, ки бояд тахриб шавад, ширкати сохтмонӣ 1 миллиону 316 ҳазор сомонӣ диҳад. Ба гуфтаи Мавҷуда Пӯлодӣ, Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузорӣ нархи манзили ин шаҳрвандро 613 ҳазору 694 сомонӣ ҳисоб кардааст. Мутахассисони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ нархи манзили баҳсиро 736 ҳазор ва як ниҳоди зертобеи Вазорати адлия 1,3 миллион сомонӣ муқаррар кардааст. Дар ниҳоят додгоҳ ширкати сохтмониро муваззаф кардаст, ки ба соҳиби манзил 791 ҳазору 366 сомонӣ пардозад.

“Ҳаминхел муаммоҳо зиёд аст. Оиди як иншоот якчанд хулосаҳои экспертӣ аст. Вақте фарқияти байни маблағҳо на он қадар зиёд аст, баҳс каме осонтар мешавад. Лекин вақте ҳаҷми маблағ баъзан то ду баробар фарқ мекунад, фаҳмед, ки барои додгоҳҳо ба як хулоса омадан дар бораи арзиши воқеии манзил чӣ андоза мушкил аст,”-таъкид кард, додраси Додгоҳи олӣ.

Мавҷуда Пӯлодӣ яке аз роҳҳои ҳалли чунин ҳолатро дар таъсиси ниҳоди мустақиле медонад, ки арзиши манзилҳоро муайян кунад.

Дар Тоҷикистон ҳуқуқ ба манзил аз ҳақҳои бунёдӣ ё асосии шаҳрвандон эътироф шуда, Конститутсия маҳрум кардани шахс аз манзили зистро манъ кардааст. Сокинон мегӯянд, баъзан дар додгоҳҳои кишвар аз ин ҳуқуқи бунёдии худ дифоъ карда наметавонанд.

Ҳар рӯз ба камияш як нафар ба Радиои Озодӣ маҳз бо ҳамин мушкил муроҷиат мекунад ва ҳоло даҳҳо нусхаи аризаи шаҳрвандон дар дасти мо маҳфуз аст.

Агар дар гузашта ҷанҷол ба сари манзил миёни хешовандон ва корхонаву ашхоси алоҳида сар мезад, ҳоло вайрон кардани хонаҳо барои сохтмони биноҳои баландошёна дар Душанбеву минтақаҳои дигар ба он илова шудааст.

Тибқи омори расмӣ, баҳсҳои вобаста ба манзил дар ду соли ахир зиёд шудааст. Додгоҳҳои кишвар соли гузашта 1411 парванда оид ба кӯчондан аз манзилро баррасӣ кардаанд, ки назар ба як соли пеш 19 дарсад зиёд аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG