Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маро боздошт карданд. Аввал барои қочоқ, баъд гуфтанд, ки ту ҷосусӣ."


Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, рафтуомад байни ду кишвар соддаву осон ва барои як моҳ бераводид шуд.

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар солҳои гуногуни ҳукуматдории Ислом Каримов дар Узбекистон, бо гумони ҷосусӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд, мегӯянд, бо гузашти шаш сол аз замони ба қудрат расидани раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев ҳеҷ тағйире дар парвандаашон нест.

То фавти Ислом Каримов дар соли 2016 муносибати Узбекистон бо Тоҷикистон сарду тира буд ва дар ду кишвар даҳҳо нафар бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошту зиндонӣ шудаанд. Яке аз онҳо Зафар Раҳматов, сокини 51‑солаи шаҳри Конибодом аст, ки аввали соли 2013 бо иттиҳоми марзшиканӣ ва қочоқи ҷавоҳирот ба кишвари ҳамсоя боздошт шуд.

Худаш рӯзи 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ҳафт моҳи таҳқиқ, дар парвандааш иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистонро ворид карданд. Додгоҳи низомии Узбекистон ҳам ӯро бо ҳамин иттиҳом ба 17‑соли зиндон маҳкум кард.

Ӯ мегӯяд: “Ман пеш аз баста шудани марз ба Тошканд маҳсулот мебурдам ва аз онҷо маҳсулот барои сохтмон меовардам. Марз баста шуд, бо истифода аз як шикофи марзӣ ин корро давом медодам. Маро боздошт карданд. Аввал барои қочоқу марзшиканӣ, баъдан гуфтанд, ки ту ҷосусӣ. Ҳеҷ далел набуд. Зери фишору латукӯб маҷбур карданд, ки гӯям, ки дар бораи як бинои ҳарбӣ барои Тоҷикистон маълумот ҷамъ мекардам. Бо ҳамин парвандаамро додгоҳи низомӣ баррасӣ кард, вагарна ман ҳеч гоҳ низомӣ набудам.”

Ӯ ва пайвандонаш иттиҳоми ҷосусиро беасос мехонанд ва солҳост, ки барои озодияш талош доранд. Зафар Раҳматов, ки дар зиндони ноҳияи Оҳангарони Тошканд қарор дорад, рӯзи 25‑уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, умед дошт, ки дар аҳди Шавкат Мирзиёев ва хуб шудани муносибати Тоҷикистону Узбекистон парвандааш бозбинӣ мешавад.

Замони дар маҳбас будан ҳамсар ва падараш фавтидаанд. Ду фарзандаш барои кор ба Русия рафтаанд. Танҳо модари 72‑солаш ҳаст, ки барои озодии ӯ талош дорад. Мавҷуда Раҳматова, модари ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даҳ сол боз барои озодии писараш талош дорад ва борҳо ба президенти Тоҷикистону Узбекистон нома навиштааст.

Ӯ гуфт: “Ҳоло бисёр корҳои давраи Ислом Каримовро хато медонанд, чаро ин тӯҳматҳои давраи ӯро ислоҳ намекунанд. Бисёр хоҳиш дорам, ки парвандаи писарамро аз сар бинанд ва ӯро озод кунанд” гуфт ӯ. Мақомоти Узбекистон парвандаҳои вобаста ба ҷосусиро шарҳ намедиҳанд.

Зафар Раҳматов танҳо нафаре нест, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ дар зиндони Узбекистон қарор дорад. Бародарон Комил ва Турдимурод Акрамовҳо аз ноҳияи Спитамен низ айни сарнавиштро доранд. Онҳоро низ дар ибтидо бо иттиҳоми марзшиканӣ дастгир карданд, вале баъдан бо ҷурми ҷосусӣ ба 17 соли зиндон маҳкум шуданд.

Турдимурод Акрамов, яке аз ин бародарон мегӯяд, солҳо боз барои озодӣ талош доранд, вале ҳанӯз натиҷае ба даст наомдааст. Ӯ гуфт, борҳо ба сафорати Тоҷикистон мактуб навиштаанд, вале то кунун парвандаашон аз нав баррасӣ нашудааст. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ беш аз 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон замони ҳукуматдории Ислом Каримов бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуда буданд ва ҳанӯз дар зиндонҳои Узбекистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон ин мавзуро шарҳ надоданд. Ба дархости катбии мо ба сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон дар ин бора ҳанӯз посухе дастрас нашудааст.

Муносибати Узбекистон ва Тоҷикистон аз охири солҳои 90‑уми асри гузашта ба сардӣ гароид ва он то соли 2016, замони марги Ислом Каримов давом кард. Дар ин муддат марзҳо баста буданд ва ҳаракати шаҳрвандони ду кишвар маҳдуд шуда буд. Раводиди ин кишварҳоро шаҳрвандон ба сахтӣ ба даст меоварданд.

Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев марзи миёни ду кишвар боз шуд. Баҳсҳои зиёде ҳал шуд ва минаҳоеро, ки дар марз ҷони сокинонро мегирифт, барчиданд. Тиҷорат ва додугирифт дубора миёни ду кишвар авҷ гирифт ва дар ин шаш сол ба садҳо миллион доллар расидааст. Аммо ҳанӯз парвандаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки он замон бардурӯғ ва бо иттиҳоми ҷосусӣ маҳкум шудаанд, ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ аз назари мақомоти ду кишвар дур мондаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG