Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пол Гобл: "Ҳалли мақоми баҳсии қитъаи сарҳади Тоҷикистону Узбекистон метавонад мушкил шавад"


Шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон дар марз бо Узбекистон ҷойгир аст
Шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон дар марз бо Узбекистон ҷойгир аст

Дар Тоҷикистон ҳафтаи охири моҳи ноябр ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории Комиссиюни муштараки аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд. Хабаргузории расмии “Ховар” бо такя ба ВКХ Тоҷикистон навишт, дар ҷаласае, ки рӯзҳои 23-30-юми ноябр дар Душанбе ҷараён гирифт, масъалаҳои аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баррасӣ шуд ва мулоқоти навбатӣ қарор аст дар Узбекистон баргузор шавад. Ҷузъиёт ё шарҳи бештаре аз ин ҷаласа нашр намешавад. Ҷаласаи гузашта моҳи октябри имсол дар Намангони Узбекистон баргузор шуда буд.

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, дар масъалаи аломатгузории марзи давлатӣ бо Узбекистони ҳамсоя мушкиле вуҷуд надорад. Аз ҷумла, моҳи июли соли 2021 Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин гуфт, нишонагузории марзи Тоҷикистону Узбекистон тақрибан ба поён расидааст ва аз 1326 километр марзи муштарак 1319 километраш пурра муайян шудааст. Ӯ афзуд, ки 7 км хатти сарҳади боқимонда қисматҳое ҳастанд, ки Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.

Баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон - дигар ҳамсояи наздики Тоҷикистон, ки бо он беш аз 900 км хати сарҳади муштарак дораду садҳо километраш ҳанӯз баҳсӣ мебошад, ҳанӯз бартараф нашудаанд. Ин масъала боиси то рафт доғтар ва ба муноқишаи мусаллаҳона бадал шудани баҳсҳо дар солҳои охир мегардад.

Пол Гобл соли 2006 дар меҳмонии Радиои Озодӣ
Пол Гобл соли 2006 дар меҳмонии Радиои Озодӣ

Пол Гобл, як таҳлилгари собиқадори масоили собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мегӯяд, “ҳалли мақоми баҳсии 7 километри боқимондаи қитъаи сарҳадӣ миёни Узбекистону Тоҷикистон метавонад мушкил шавад, чун он дар ҷои мулоқоти се кишвар, инчунин Қирғизистон ҷойгир аст”. Гобл дар шарҳе дар ин мавзӯъ рӯзи 4 декабр дар вебсайти eurasiareview.com навишт, ки “ҳатто агар Қирғизистон, мисле ки ахиран бо Тошканд розӣ шуд, барои қабули қарор розӣ шавад, аҳолии Қирғизистон розӣ нахоҳад шуд”.

Ишораи Гобл ба баҳси доғе дар ҷомеаи Қирғизистон дар робита бо созишномаи аломатгузории марзи давлатӣ бо Узбекистон аст, ки ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби президентони ин ду кишвар ба тасвиб расид. Дар ҷомеаи Қирғизистон даҳҳо нафар барои мухолифаташон бо ин созишнома, ба вижа мақоми обанбори Кампиробод, боздошт шудаанд.

Байни Тоҷикистону Узбекистон "як минтақаи ночизи баҳсӣ" боқӣ монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG