Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи артиши Украина аз ИМА кӯмаки бештари низомӣ хост


Валерий Заружний. Акс аз апрели соли 2022

Фармондеҳи артиши Украина Валерий Залужний дар як сӯҳбати телефонӣ бо сардори ситоди муштараки артиши ИМА Марк Миллӣ ба дархости Киев пойфишорӣ кард, ки ин кишвар ба силоҳу муҳимоти бештар ниёз дорад.

Залужний шоми 3-юми декабр дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки дар сӯҳбаташ Миллиро дар бораи мушакборонҳои ахири Русия ба сохторҳои мулкӣ огаҳ карда аз ИМА дар дарёфти ҳавопаймоҳову системаҳои дифои мушакии бештар кӯмак хостааст.

Рӯзи 30 ноябр ИМА эълон кард, ки бо ширкати дифоии Raytheon дар ҳаҷми 1,2 миллиард доллар қарордоде бастааст, ки истеҳсоли системаҳои пешрафтаи дифоии NASAMS-ро дар назар мегирад.

XS
SM
MD
LG