Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулрухсори Сафӣ: "Ман модари Азиз ҳастам, миллат модари ман" ВИДЕО


Лаҳзае аз суҳбат бо Гулрухсори Сафӣ
Лаҳзае аз суҳбат бо Гулрухсори Сафӣ
Гулрухсори Сафӣ (Гулрухсор Сафиева), шоири маъруфи тоҷик ва вакили пешини Иттиҳоди Шӯравӣ, ба синни 75 расид. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ӯ дар бораи зиндагияш, хонавода ва сиёсату иҷтимоъ пурсиданд. Посухи аввалаш дар бораи умр буд ва ҳафтоду панҷ соли гузашта.

Гулрухсори Сафӣ: "Фикр мекунам, син вуҷуд надорад, ҳолат вуҷуд дорад. Пиразану пирамардҳоеро медонам, ки 80-90-сола ҳастанд, аммо ба мисли бистсола завқу шавқ ва хушҳолӣ доранд. Синни мо дар суратамон нест, дар сиратамон аст. Панҷсолагиямро ба хотир дорам, вақте модарам дар назди чашмонам фавтид. Ҳаждаҳсолагиямро ба ёд надорам. Ин қадар ҷӯшу хурӯш, ин қадар гарм буд, ин қадар шеър мехондем. Ман зиндагӣ мекардам. Намедонам, ки 75-солагӣ чӣ аст, зеро ҳаргиз 75-сола набудам. Соли оянда бипурсед, баъд мегӯям. Агар синни одамонро ҳисоб карданӣ ҳастем, бояд корҳояшонро ҳисоб кунем, чӣ кор карданд? Метавонӣ миллион сол зиндагӣ кунӣ, вале касе надонад, ки ту чӣ хел зиндагӣ кардӣ."

Радиои Озодӣ: Пас, аз ончи кардеду гузашт, қонеъ ҳастед?

Гулрухсори Сафӣ: "Азбаски шоир, нависанда ё аҳли ҳунар як гуруҳи махсус ҳастанд, фикр мекунам, бори зиёд мекашанд. Мумкин аст, суханҳоям калон бошанд, аз худам калонтар. Фикр мекунам, кам одамеро пайдо кардан мумкин аст, ки то субҳ биистад ва саҳар баробари дигарон ба кор биравад ва боз сухане гӯяд, ки мардум аз пайи он бираванд. Гуфтаниям, ин як шакли маҷбурии қисмат ба сари аҳли ҳунару аҳли ақлу хирад аст. Аммо як чизаш муҳим аст, ки сухани мо бояд созанда бошад. Ҳамеша мегӯям, ки демократияву сотсиализму коммунизмро одамизод, боз панҷ-шаш нафар, ба фоидаи худашон фикр карда баровардаанд. Ё мехоҳанд, як қадаме дар зиндагӣ пеш монанд. Аммо ин набояд хонаи як касро вайрон кунад, набояд бачаи касеро кушад. Бовар надорам, ки Ҳазрати Ҳақ моро бо ин қадар ҳусну латофат барои куштани духтар ё писари каси дигар ва ё барои бадбахт кардани нафаре сохтаву эҷод кардааст. Ақли ман, албатта, ба ин чизҳо намерасад, аммо як нуктаро яқин медонам, ки сухан аз осмон омадааст. Дар замин сухан пайдо кардан муъҷиза аст, бисёр мушкил аст ва ин сухан бояд созанда бошад. Ман дар зиндагиям аз он хушбахтам, ки медонам суханам бояд созанда бошад."

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо Гулрухсори Сафиро "модари миллат" меноманд ва онро баёни эҳтиром ба Шумо ва коратон медонанд...

Гулрухсори Сафӣ: "Не, ман танҳо модари Азиз ҳастам, ягона писарам. Модари каси дигаре нестам. Барои модари ин миллати бузург, ин миллати муқаддас, ин миллати қадима бояд бисёр бузург бошиву шариф ва хирадманд. Ман як инсони одӣ ҳастам. Омадам, раҳи худро тай кардам ва меравам. Чӣ қадари дигар мондааст, намедонам. Мавлоноро пеш аз маргаш гуфтаанд, ҳайф, ҳамин хел инсони бузург бояд 400-500 сол умр медид. Гуфтааст, чаро Шумо маро дашном медиҳед, ман Фиръавн нестам, ки 450 сол умр талаб кунам. Ман кораке, супорише аз падарам гирифта будам, онро иҷро кардам ва меравам. Яъне, ман ин сифатро барои худ ифтихор медонам, вале наметавонам бори онро бардорам. Ман чунин қудрату тавоноӣ надорам, ки модари як миллати бузург бошам. Миллат модари ман аст, миллат маро зодааст, ману Шуморо зодааст, аммо касе модари ин миллат буда наметавонад, миллат офаранда аст. Агар ин ҳарфҳоятон рост бошад, ташаккур ва ҳатто дурӯғ бошад ҳам, ташаккур, вале касе набояд даъвои падариву модарии ин миллатро кунад."

Гуфтугӯ бо Гулрухсори Сафӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:02 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Номи писаратон Азизро ба забон овардед. Ҳоло ӯ дар куҷост ва чӣ кор мекунад?

Гулрухсори Сафӣ: “Писарам ҳамроҳи хонуму фарзандонаш дар Аврупо мехонад. Худаш наққош аст. Хонум ва фарзандонаш дар онҷо таҳсил мекунанд. Чанд диплом доранд. Дар инҷо таҳсил карданд, ҳоло дар Аврупо идома медиҳанд. Фарзандҳояшон шояд он ҷоро барои зиндагӣ интихоб кунанд, вале худашон дилгарми бозгашт ба ин ҷо ҳастанд.”

Радиои Озодӣ: Чанд вақт пеш ҳамсари худро аз даст додед, бидуни он кас дар зиндагӣ мушкиле надоред?

Гулрухсори Сафӣ: “Мушкил набудани Неъмат аст, ҷояш холист. Ман дар ятимхона дар миёни 500 кӯдак калон шудаам, ҳамеша худам худамро тарбия мекардам, нонамро меёфтам. Аз 12-солагӣ дар китобхонаи мактаб кор мекардам, маош мегирифтам. Агар касе хоҳад, метавонад, аз бойгонии ноҳияи ҳозираи Нуробод санадҳоро пайдо кунад. Ман дар китобхонаи мактаб-интернати ба номи Ушинский аз соли 1961 кор кардаам. Фикр мекунам, фанни мантиқу фалсафа беҳуда офарида нашудааст. Онҳо барои чунин рӯзҳои сахт заруранд. Қонуни табиат ҳамин аст, ки ҳама мераванд, вале гум кардани чунин шахс барои мо, барои набераҳо як фоҷиаи сахте буд. Зеро бо ҳузури вай хона обод буд, дар боз буд, баъд аз рафтани Неъмат ман то ҳол сафаре анҷом надодаам ва намедонам кӣ маро акнун бо гулдуста пешвоз мегирад? Ҳеч чиз ҷовидона набудааст.”

Радиои Озодӣ: Чанд бор ба кӯдакии худ ишора кардед, аз даргузашти модар то зиндагӣ дар ятимхонаву кор дар хурдӣ. Баъд аз ятимхонаи Нуробод ба куҷо рафтед?

Гулрухсори Сафӣ: “Дар панҷсолагӣ ба мактаб рафтам. Апаам Мастона ҳафтсола буду ба мактаб рафт, ман ҳам аз дунболаш рафтам. Дар маҳаллаи мо барфи зиёд меборид ва бисёр вақт мани хурдсолро аз даруни барф пайдо мекарданд. Дар понздаҳсолагӣ донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи он замон ба номи Ленин будам. Бисёр мехостам муаллим шавам ва ҳоло ҳам ин орзуро дорам, вале устод Турсунзода гуфтанд, мо муаллими бисёр дорем ва маро аз роҳ гардониданд. Хушбахтам, ки чунин устодҳоро доштам ба мисли устод Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода ва устод Мӯъмин Қаноат. Баъд аз хатми донишгоҳ дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор кардам ва сипас ба Иттифоқи нависандагон ба кор қабул карданд. Дар бистсолагӣ донишгоҳро хатм кардам ва дар 22-солагӣ сармуҳаррири рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” ва маҷаллаи “Машъал” таъйин шудам. Кумитаи марказии Ҳизби комунист тасдиқ карда буд. Ман то ҳол фикр мекунам, ки ин ҳайратовар аст, муъҷиза аст, охир. Дар солҳои охир раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон будам. Сипас, вакили порлумони Иттифоқи Шӯравӣ интихоб шудам.”

Радиои Озодӣ: Дар Маскав бо адибони маъруфи Шӯравӣ дӯстӣ доштед ва мегӯянд, бо Раиса Максимовна, хонуми нахустин президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев низ ошноӣ доштед. Дуруст аст?

Гулрухсори Сафӣ: “Ин на танҳо воқеият дорад, балки аз воқеият болотар аст. Агар бештаре аз вакилони он порлумон тибқи рӯйхат таъйин шуда бошанд, мо 14 вакил аз ҷумҳуриҳои гуногуни Шӯравӣ воқеан интихоб шуда будем. Ба ин рӯйхат академик Дмитрий Лихачев, рӯҳонии рус Питирим ва ман низ дохил будем ва интихобот хеле бо рақобати шадид сурат гирифта буд. Раиса Максимовна узви раёсати Бунёди фарҳанги Шӯравӣ буд ва тибқи масъулият ҳамкорӣ доштем. Ман то ҳозир ҳайронам, ба ҷойе, ки ба ин хонуме, ки ҳам хушсалиқа буду ҳам донишманд, ҳам файласуф, чаро ҷомеа ингуна бемеҳрона бархурд кард.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Гулрухсор: "Ман танҳо модари Азиз ҳастам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:17:35 0:00

Радиои Озодӣ: Ҳамчунин мегӯянд, Борис Елтсин, нахустин раиси ҷумҳури Русия ба хонаи Шумо ба зодгоҳатон омадааст...

Гулрухсори Сафӣ: “Агар ба ҷойи ман каси дигар мебуд, шояд дар мавриди омадани Борис Николаевич ба манзили мо бисёр савдогарӣ мекард. Аз онки мегӯянд, Гулрухсор намонд ГЭС-и “Роғун” сохта шавад, хандакаф мешавам. Ман як мех ҳам зада наметавонам, чӣ тавр метавонистаам, ГЭС-и “Роғун” сохта нашавад? Он вақт Академияи илмҳои Шӯравӣ, вакилон ва геологҳо буданд. Ман нагуфтам, ки насозед. Борис Николаевич ҳамроҳи мо депутат буданд ва раиси Кумитаи сохтмон. Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ машварат медиҳад, ки нерӯгоҳи “Роғун” бо ин садди баланд сохта нашавад. Гуфт, чунин муроҷиате шудааст аз Академияи илмҳо ва ман рафта диданиам, ки ин чӣ неругоҳ аст. Гуфтам, марҳамат, вале фикр мекардам шӯхӣ мекунад. Борис Николаевич омаданд, нахуст ба хонаи ман дар Душанбе ва сипас ба маҳалли сохтмони Роғун рафтанд. Ман ҳамроҳӣ накардам он касро. Баъд мегӯянд, Роғун ки омадем, бояд ҳатман хонаи Гулкаро дар деҳаи Яхч зиёрат кунем. Дар хонаи падариам меҳмон шуда, сипас мазори падарамро низ зиёрат карданд. Баъд аз бозгашти Борис Николаевич Академияи илмҳо гуфт, ки баландии садди обанбори “Роғун” бояд аз 350 метр камтар карда шавад, зеро дар он минтақа обҳои зеризаминӣ бисёр будааст. Он солҳо дар Иттиҳоди шӯравӣ ба истилоҳ “гигантомания” авҷ гирифта буд. Масалан, гуруҳе мехост рӯдхонаҳои Сибирро барои наҷоти баҳри “Арал” ба ҷануб гардонанд. Вале бо талошҳои як гуруҳ нависандагон ин тарҳ амалӣ нашуд. Тасаввур кунед, ки агар ин кор мешуд, чӣ ҳолате рух медод. Мо нагуфтем, ки нерӯгоҳи Роғунро насозед, хаёл мекунам, ин сухан маро таҳқир мекунад. Ҳамсояҳои мо нерӯгоҳи “Тоқтогул”-ро ҳам натавонистанд бисозанд ё неругоҳи “Ингурӣ” ҳам пурра сохта нашуд дар Гурҷистон. Мо истиқлол дорем ва бояд худамон онро бисозем, чӣ зарур аст ин ҳамаро бори сари як шоир кардан?”

Радиои Озодӣ: Дар оғози суҳбат гуфтед, ки Мирзо Турсунзода Шуморо ба майдони адабиёт хонд, вагарна омӯзгор мешудед. Ҳоло номатонро дар радифи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир мегиранд. Розӣ ҳастед?

Гулрухсори Сафӣ: “Хушбахтии ман дар он аст, ки аз рӯзҳои аввали дохил шуданам ба донишгоҳ ин устодон бо ман буданд. Бозор дертар пайваст, зеро дар сафари хидматӣ дар Афғонистон буд. Устод Қаноат бо мо буданд. Устодон Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода ҳатто ба хабаргирии ман ба хобгоҳ меомаданд. Гузоштани исми ман бо ин устодон дар як радиф бароям ҷолиб аст, зеро онҳо синнашон ба як ҷо рафтагӣ. Дар як саф будан бо ин устодон бароям хушбахист, вале таъкид мекунам, ки Мӯъмин Қаноат устоди ҳамаи мо буданд. Худашон нафаҳмида мактаби шеъри моро дигар карданд. Ба гуфти Лоиқ, мо ҳама аз остини Мӯъмин Қаноат баромадаем. Шеър чист? Шеър сарнавишти як шахс, як миллат дар як маҳдудаи таърихист. Бо устод Симин хеле дӯстӣ доштам, мисли модару духтар будем. Хушбахтии мо дар он аст, ки мо ҳама як забон дорем, агар забонамон дигар мебуд, маҷбур мешудем аз тариқи тарҷумон муошират ва эҷодиёти ҳамдигарро бихонем. Масалан, ҳамсояҳои мо ҳарчанд туркзабон ҳастанд, бо худи туркҳо бо тарҷумон гап мезананд. Мо як забон дорем ва падари забони мо устод Рӯдакӣ дар Панҷрӯд нуҳуфтааст. Дар ҳар куҷои Эрон будам, ҳама забони маро мефаҳмид.”

Радиои Озодӣ: Дар мавзуъҳои доғ ва печидаи ҳаёти мардум вокуниш мекунед, вале чаро аз сиёсат канор рафтед?

Гулрухсори Сафӣ: “Ман ҳеч вақт сиёсатмадор набудам. Барои чӣ? Сиёсат чизест, ки илм нашудааст. Илм аст, вале илм нашудааст. Сиёсатмадор имрӯз як чиз мегӯяд, пагоҳ чизи дигар. Боре ба ман гуфтанд, ки Шумо ба сиёсат гароидед, гуфтам, ман ба сиёсат нагароидаам, сиёсат ба ман мегарояд. Ман ҳеч вақт сиёсатмадор набудам, аммо ин чунин маънӣ надорад, ки ман сиёсатмадор нестам. Бузургтарин китоби сиёсат ин “Шоҳнома” аст. Устод Фирдавсӣ деҳқон буданд, вале то имрӯз сафири ҷаҳонӣ, сафири миллати дунё мебошанд. Шоироне, ки танҳо ишқу муҳаббатро васф мекунанд, маҳбубанд, вале дар рӯзҳои сахти миллат аз онҳо ёд намекунанд. Шоироне, ки дарди миллатро мегӯянд, боз ҳамонҳо пеш мегузаранд. Як мисраи Ҳофиз “Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам, Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам” шоирро барои ҳама давру замон сиёсатмадор кардааст. Ҳарчанд Ҳофиз ҳаргиз шоири сиёсӣ набуд. Бе сиёсат намешавад.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG