Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мегуфтам, бояд ба саҳна баргардӣ, вале маргаш ғофилгир кард" ВИДЕО


Хурмо Ширинова. Аксҳоро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Хурмо Ширинова. Аксҳоро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Баъзе аз ҳамкорону пайвандони Хурмо Ширинова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз кору зиндагии овозхони маъруф ва узви пешини "Гулшан" ёд оварданд.

Агар ӯ зинда мебуд, рӯзи 17-уми декабр ба синни 65 мерасид. Хурмо Ширинова бисту панҷ сол пеш ва дар поёни ҷанги дохилии Тоҷикистон аз саратон даргузашт. Хоҳараш бовар дорад, вазъи ноороми кишвар ба зиндагӣ ва фикру равонаш таъсир гузошта буд.

Аз остонаи театр ба "Гулшан"

Баҳодур Неъматов, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, бо Хурмо Ширинова солҳо ҳамкор буду таронаҳои дугона низ сурудаанд. Ӯро "хушгуфтор, саҳназеб, рафиқ ва ҳамсафари хуб" тавсиф кард.

Мегӯяд, баъзан аз ҳунари ҳамкори собиқаш ба шогирдон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ёдрас мешавад. "Ӯро Орифшо Орифов ба "Гулшан" овард, ҳарчанд ихтисосаш ҳунарпешаи театр буд. Якҷоя кор кардем. Ба тӯю маъракаҳо мерафтем. Ба Маскав низ рафта будем," – гуфт Неъматов рӯзи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ.

Баҳодур Неъматов
Баҳодур Неъматов

Ба қавли дӯстони дигараш, духтаре аз рустои дурдасти Бадахшон "бо садои худодод" ва "ҳунари хуби овозхонӣ" тавонист, "ба қуллаҳои баланди шуҳрат бирасад".

Раҳима Шалоэр, аз ҳамкорони собиқи Хурмо Ширинова, рӯзи 15-уми декабр гуфт: “Дар умри кӯтоҳаш сурудҳои фаромӯшношуданӣ эҷод кард. Медонед, ду бор ба Афғонистон рафт ва чӣ гуна истиқбол шуд. “Ай бути бераҳм”, “Дарё”, “Кабки дарӣ”… Ин сурудҳоро агар каси дигаре хонад, ба мисли Хурмо суруда наметавонад."

Раҳима Шалоэр
Раҳима Шалоэр

Хонум Шалоэр афзуд, пеш аз марги Хурмо Ширинова натавонист, ӯро аз наздик бибинад, вале пайваста телефонӣ суҳбат дошт. "Ҳар боре аз беморияш мегуфт. Ба ӯ мегуфтам, ту ҳаққи бемор гуфтани худро надорӣ. Ту бояд дубора ба саҳнаи ҳунар баргардӣ. Хабари маргаш ҳамаро ғофилгир кард," – илова кард ӯ.

Ҳаводорони таронаҳояш нақши Хурмо Шириноваро дар рушди мусиқии эстрадии тоҷик муҳим мешуморанд. Ҳанӯз насли замони ӯ аз сурудҳояш эҳсоси ҷавонӣ мекунанд. Ҳасан Алиев, сокини пойтахт, гуфт: “Суруди аввалини ӯ “Гули лола” ном дошт. Таронаи дигари машҳураш “Ману дарё”. Албатта, бисёр гӯш мекардем. Мутаассифона, ҷавон рафт.”

"Хоб рафту... дигар барнахост"

Пайвандони Хурмо Ширинова мегӯянд, онҳо дар оила ҳашт фарзанд буданд ва Хурмо духтари калонии хонадон. Ӯ донишгоҳро бо ихтисоси ҳунарманди театр хатм карда буд, аммо садояш ба дастаи он замон пурнуфузи “Гулшан” кашонд.

Давлатбахт Ширинова, хоҳари Хурмо Ширинова, ба Радиои Озодӣ гуфт, “забону адабиётро нағз мехонд. Дар мактаб ҳам суруд мехонд, лекин касе намегуфт, ки ӯ ҳунарманд мешавад."

Давлатбахт Ширинова
Давлатбахт Ширинова

Ӯ чиҳил сол умр дид ва як писар дорад. Давлатбахт Ширинова мегӯяд, марги Хурмо Ширинова ба мисли садову симояш зебо буд: “Вақте аз Хуҷанд ба Помир бурданд, чиҳил рӯз дар онҷо зист. Як шаб бо модарам суҳбат карда, хоб мераваду дигар бедор намешавад."

Як сабаби бемориву марги ӯро ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон пайванд медиҳанд, ки фазои эҷодро барояш носозгор кард.

“Бисёр мехост, пешравӣ шавад. Таронаҳои Гугушу Лайлову Саттор ва овозхонҳои дигари шинохтаро гӯш мекард. Аксар навозандагон тоторҳо буданд ва дар замони ҷанг аз Тоҷикистон рафтанд. Композиторҳо набуданд. Бисёр зиқ шуд. Аввал ба Маскав рафт ва сипас ба Хуҷанд. Дар ҳамон ҷо касал шуд. Ӯ саратони сина дошт," – гуфт хоҳараш Давлатбахт Ширинова.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ёде аз Хурмо Ширинова
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG