Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон аз бозгашти дигарбораи КОВИД-19 метарсанд. ВИДЕО


Дар Фотеҳобод ҳарорати шуморо месанҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Дар Фотеҳобод ҳарорати шуморо месанҷанд

Масъулони мақомоти беҳдоштӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, назорат ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти КОВИД-19 дигарбора сахттар мешавад.

Пас аз хуруҷи дигарбораи бемории ҳамагири КОВИД-19 дар Узбекистон, мақомоти беҳдоштӣ дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон ҳароратсанҷиро оғоз кардаанд. Ҳамакнун аксари мусофирону хориҷиён муваззаф ҳастанд, ки гувоҳномаи эмгирии ин бемориро нишон диҳанд ва ё тести озмоишӣ бисупоранд.

Дар гузаргоҳи Фотеҳобод, ки Тоҷикистону Узбекистонро ба ҳам мепайвандад, мусофирон назар ба моҳҳои қаблӣ камтар шудааст. Ҳолдонҳо мегӯянд, ин аз як сӯ ба авҷи гирифтории КОВИД-19 дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон буда, аз сӯйи дигар ба сардии бесобиқаи ҳаво дахл дорад. Ҳоло рӯзона садҳо нафар дар Узбекистон ба бемории ҳамагир гирифтор мешаванд.

Ҳамза Ҳасанов, директори Идораи вогиршиносӣ дар ноҳияи Масчоҳ мегӯяд, талош доранд, то паҳншавии ин беморӣ дар хоки Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд. “Мо ҳаракат мекунем, ки ин бемориро сари вақт дарёфт кунем ва табобат намоем, то ки дигарон аз ин беморӣ сироят наёбанд. Он нафароне, ки гумонбар гарданд ё бо доштани ҳарорати баланд қайд мешаванд, аз онҳо оҷилӣ тест барои КОВИД-19 гирифта мешавад.”--гуфт, ӯ.

Масъулони мақомоти беҳдоштии вилояти Суғд мегӯянд, мисли таҷрибаҳои гузашта нафароне, ки бо нишонаҳои беморӣ ба қайд гирифта мешаванд, тули ду ҳафта ё то пурра шифо ёфтан ба шароити карантинӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Вале аз рӯзи нахустини хуруҷи дигарбораи ин беморӣ дар Узбекистон, яъне 25-уми ноябри имсол нафареро бо ин беморӣ дар гузаргоҳҳо пайдо накардаанд.

“Байни табибони дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон фаъолиятдошта ҳамкорӣ ҳаст. Аз вазъи эпидемиологии дар сарҳад мо тез-тез огоҳ шуда меистем ва хушбахтона то имрӯз дар дохили гузаргоҳ бемории КОВИД-19 ба қайд гирифта нашудааст.”—гуфт, Ҳамза Ҳасанов, директори Идораи вогиршиносӣ дар ноҳияи Масчоҳ.

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, аз моҳи март то кунун ягон мавриди гирифторӣ ба СOVID-19-ро сабт накардаанд, вале баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз эҳтимоли баргаштани коронавирус суҳбат мекунанд.

Дар ду соли охир дар Тоҷикистон беш аз 17 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд ва 124 кас ҷони худро аз даст додаанд. Баъзе аз мутахассисон омори воқеиро бештар аз ин медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG