Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Front Line Defenders аз ҳукумати Тоҷикистон хост, Холиқназаров ва Мамадшоеваро озод кунанд


Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев ва Манучеҳр Холиқзода - маҳкумшудаҳо ба 21, 30 ва 15 соли зиндон
Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев ва Манучеҳр Холиқзода - маҳкумшудаҳо ба 21, 30 ва 15 соли зиндон

Созмони “Мудофеони сафи пеш” ё Front Line Defenders аз ҳукми зиндони ҳомёни  ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Улфатхоним Мамадшоева ва Манучеҳр Холиқназаров дар таърихи 9-уми декабр изҳори нигаронӣ карда, озодии беқайду шарт ва билофосилаи онҳоро тақозо кардааст.

Ин созмоне, ки мақарраш дар Дублин асту масъулияташ ҳимоят аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон мебошад, дар изҳороте, ки рӯзи 23-юми декабр дар вебсайташ нашр кард, мегӯяд, Мамадшоева ва Холиқназаров дар додгоҳҳои пушти дарҳои баста дар шароити боздоштгоҳи муваққатии КДАМ-и Тоҷикистон бидуни ҳузури вакилони дифоъ ва далели мӯътамади гунаҳгории онҳо ба 21 ва 15 соли зиндон маҳкум шуданд.

“Маълум нест, ки оё онҳо аз болои ин ҳукмҳои худ шикоят мекунанд ё на”, навиштааст созмон. Ин созмон мегӯяд, Мачеҳр Холиқназаров як вакили ҳимоятгари ҳуқуқи инсон буда, раҳбарии Анҷумани ҳуқуқшиносони Помирро ба ӯҳда дошт, узви Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷаву беқонунӣ ва ҳам Комиссиюни 44 буд. Улфатхоним Мамадшоева ба ҳайси журналист ва ҳомии ҳуқуқ созмони “Номус ва инсоф”-ро роҳандозӣ карда дар бахши маориф ва ҳуқуқи занон кор мекард.

Дар изҳороти Front Line Defenders омадааст, ки мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳеҷ шакле ин парвандаҳоро шарҳ намедиҳанд ва вакилони дифои онҳо ҳам баёнот имзо кардаанд, ки ҳеҷ маълумотро ба берун намебароранд. Аз ин рӯ, ба навиштаи ин созмон, наздикони маҳкумшудаҳо дар бораи муҳокима хабаре надоштанд ва ҳам ба мурофиа роҳ дода нашуданд. Ин ду нафар ҳоло дар боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд.

Акси Манучеҳр Холқназаров аз сайти https://www.frontlinedefenders.org/en/case/tajikistan-human-rights-defender-manuchehr-kholiknazarov-sentenced-15-years-imprisonment
Акси Манучеҳр Холқназаров аз сайти https://www.frontlinedefenders.org/en/case/tajikistan-human-rights-defender-manuchehr-kholiknazarov-sentenced-15-years-imprisonment

Созмони ҳомии ҳуқуқ аз мақомот дар Тоҷикистон тақозо кардааст, ки Холиқназаров ва Мамадшоева билофосила ва беқайду шарт озод карда шаванд, тамоми иттиҳомоти зидди онҳо бекор шавад, чун, ба бовари ин созмон, маҳкумияти онҳо дар паи иҷрои масъулиятҳои касбии онҳо рух додааст.

Аз ин пеш Human Rights Watch, Федератсияи Байнулмилалии Ҳуқуқи Башар, Civil Rights Defenders ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳукмҳои зиндони ахиран содиршуда нисбати фаъолони бадахшониро дар Тоҷикистон маҳкум ва озодии билофосилаи онҳоро тақозо карданд.

Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми декабр аз манобеи гуногун хабари ба зиндон маҳкум шудани хабарнигор Улфатхоним Мамадшоева, Хурсанд Мамадшоев, Фаромуз Иргашев ва Хушрӯз Ҷумъаевро ба даст овард. Азбаски муҳокимаҳо пушти дарҳои баста сурат мегирифт, маълум нест, зимни сухани охиринашон онҳо дар додгоҳ чӣ гуфтаанд ва оё аз ин ҳукм шикоят мекунанд, ё не.

Мақомоти интизомӣ онҳоро моҳи майи имсол баъд аз тазоҳуроти хунин дар вилояти Бадахшон дастгир ва ба барангехтани нооромӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат муттаҳам карданд.

Дар сафараш ба Тоҷикистон рӯзи 9 декабр Мэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ оид ба ҳомиёни ҳуқуқ аз муроиаҳои ношаффофу пушти дарҳои баста дар Тоҷикистон интиқод кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки дар мавриди ҳодисаҳое, ки дар ВМКБ шудааст, як тафтиши мустақилона ва бетарафона бояд анҷом ёбад ва меъёрҳои ҳуқуқи инсон набояд поймол ва қурбонии масъалаҳои амниятӣ шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG