Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардони аврупоӣ барои мӯйсаршинонӣ ба Туркия мераванд. ВИДЕО


Акси амалиёти мӯйсаршинонӣ аз бойгонӣ
Акси амалиёти мӯйсаршинонӣ аз бойгонӣ

Солҳои ахир беқурбшавии ҷиддии лираи туркӣ иқтисоди ин кишварро зери фишор бузург қарор дод, вале дар айни замон боиси рушди қобили мулоҳизаи амалиёти мӯйсаршинонӣ дар ин кишвар шуд.

Мардум харидани маводи ғизоиро коҳиш додааст, вале барои шинондани мӯйсар пул пайдо мекунад.

Дар фурудгоҳи Истанбул ҳазорҳо сайёҳи хориҷиро метавон дид, ки амалиёти ҷарроҳиро пушти сар карда, ба хона бармегарданд.

Бар пояи маълумоти Иттиҳоди ширкатҳои туристии Туркия, танҳо дар шаш моҳи аввали соли равон беш аз ним миллион сайёҳи хориҷӣ ба Туркия барои шинондани мӯйи сар омада буд.

Пешбинӣ мешавад, ки соли 2022-ум Туркия аз ҳисоби ҷарроҳии нишондани мӯйи сар то 2 миллиард доллар фоида ба даст меорад.

Табибони клиникаҳои зиннатии Истанбул ҳар рӯз амалиёти ҷарроҳии мӯсаршинонӣ иҷро мекунанд.

Шаҳрванди Олмон, Ҳугил барои тафтиши натиҷаи ҷарроҳӣ, ки 40 рӯз пеш доир шуда буд, ба Истанбул омадааст. Ӯ, ки дар шабакаи иҷтимоӣ кор мекунад, шинондани мӯйсарро амали оқилона мешуморад.

Ҳугил мегӯяд, нархҳои дастраси амалиёт ӯро водор кард, ки ин корро на дар Аврупо, балки дар Туркия анҷом диҳад. Ӯ мегӯяд: "Дар Аврупо мӯйсаршинонӣ гарон аст. Аксари ширкатҳову клиникаҳо барои ин амалиёт 10 ҳазор евро мегиранд. Аммо дар ин ҷо нархи мӯйсаршинонӣ 2 ҳазор евро мебошад. Мавод, дору, сифати кор ва амалиёт фарқе надорад, вале дар Истанбул арзонтар аст."

Нархи арзон аз ҳисоби доруву кори арзон дар Туркия ҳосил шудааст. Аз ин ҷост, ки сайёҳон аз Аврупо, Ховари Миёна ва ҳатто Амрико ба Туркия барои мӯйсаршинонӣ меоянд.

Лираи заифи Туркия боиси рушди мӯйсаршинонӣ дар кишвар шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00


Угур ҷарроҳ аст. Ӯ мегӯяд: "Корафтодагон метавонанд дар давраи таътил мӯйсар шинонанд. Амалиёт ҳамчун як бастаи хидматрасонӣ пешкаш мешавад, ки он бар иловаи шинондани мӯйсар харҷи интиқол аз фурдугоҳ ба клиника ва тамошои Истанбулро дар бар мегирад."

Ин ҷарроҳ 17 сол инҷониб дар клиникаи мӯйсаршинонӣ кор мекунад. Ба гуфти ӯ соли 2021-ум лираи туркӣ 40 дарсад ва соли 2022-ум 30 дарсади қурбашро аз даст дод, вале дар ҳамин ҳол таваҷҷуҳ ба мӯйсаршинонӣ даромади онҳоро ду баробар афзоиш дод.

Ин ҷарроҳ меафзояд, мӯйсаршинонӣ амали нозук буда, таҷрибаи корӣ талаб мекунад ва афзоиши талабот ба ин навъи ҷарроҳӣ бояд таваҷҷӯҳи ҳукуматро ба назорати клиникаҳои мӯйсаршинонӣ ва хадамоти пешкашшаванда дар ин гуна табобатгоҳҳо бештар кунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG