Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро пеш аз таҷлили "Соли Нав" нархҳо боло рафтанд? ВИДЕО


Аз дастархони солинавии гарон дар Суғд ҳам муштариён ва ҳам тоҷирон шикоят доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Навор як ҳафта пеш аз таҷлили Соли нав аз бозори "Панҷшанбе" омода шудааст.

Бархе аз сокинон дар шаҳри Хуҷанд аз гаронии нархи маҳсулот пеш аз таҷлили "Соли Нав"-и милодӣ шикоят карданд. Рӯзи 31-уми декабр, охирин рӯзе дар Тоҷикистон аст, ки сокинон барои таҷлил аз "Соли Нав"-и аз бозор маҳсулот харидорӣ мекунанд.

Сокинони зиёди Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои дигари Суғд барои оростани дастархони идонаашон асосан аз бозори маъруфи “Панҷшанбе” маҳсулот мехаранд. Дар ин бозори бузургтарини хӯроквории минтақа тақрибан ҳама маҳсулоти ниёзи мардум дар фурӯш ҳаст, вале харидоронро бештар гаронии нархҳо ба ташвиш андохтааст.

Як сокини Хуҷанд гуфт, “пеш аз Соли Нав нархи картошка 3 сомонӣ буд, ҳоло 4 сомон шудааст.”

Сокини дигар гуфт: “Худи савдогарон мегӯянд, ки маҳсулот бисёр бошад, нарх поин мешавад ва агар маҳсулот кам шавад, нархҳо боло мераванд. Аз ҳамин ҳисоб ҳоло нархҳо боло рафтаанд. Ман мехоҳам нархҳо поён шавад, чунки нафақаи мо кам аст.”

Бахши сабзавотфурӯшии ин бозор серодам ва савдо гарм аст, чунки сокинон барои таому хуришҳои идона асосан сабзавоти тару тоза мегиранд. Тоҷирони бозори “Панҷшанбе” мегӯянд, баланд шудани нархи маҳсулот аз онҳо вобаста нест. Ба гуфтаи Тоҷибой Раҳимов, деҳқон ва савдогар ин бештар ба омилҳои берунӣ вобаста аст. “Қоидаи савдо ҳамин аст, ки агар маҳсулот кам омад, нархҳо қимматтар мешаванд. Агар бисёртар ояд мо хоҳем нахоҳем ҳам, маҳсулот арзон мешавад. Лекин деҳқонии худамон барои имсол мерасад ва мо то охири мавсим онро кашол медиҳем.”­­-гуфт, ӯ.

Ҳасан Саидов, як тоҷире, ки гушти гову гусфанд мефурӯшад, гуфт: “Одамон мегӯянд, ки (қурби) доллар боло рафту нарху наво ҳам хест. Не ба мо қурби доллар фарқ надорад. Мо бо сомонӣ савдо мекунем. Азбаски хошоку кунҷораву сабус қиммат шудааст, барои ҳамин ҳоло нархи гушт чунин аст.”

Тоҷири дигаре гуфт: “Мо ҳаракат мекунем, ки арзонтар фурӯшем. Ҳарчанд маҳсулотро қиммат биёранд ҳам, мо ба болояш 1 сомонӣ монда мефурӯшем. Чунки чиқадар арзон фурӯшем, ҳамон қадар харидор зиёд мешавад. Ҳаракат мекунем, бозорро қиммат накунем.”

Ҳамасола дар остонаи идҳо нархҳо дар бозорҳои кишвар боло рафта ва норозигии муштариёнро ба миён меоварад. Вале боз ҳам бо тавваҷӯҳ ба он, ки оростани дастархони идона ба як суннати аслии мардум табдил шудааст, сокинон қабл аз ин гуна идҳо, сармояи андӯхтаи худро барои таҳияи ин дастурхон харҷ мекунанд.

Бо ин вуҷуд харидорон умед ба он доранд, ки баъди таҷлили соли нави мелодӣ нархҳо боз ба эътидол меояд ва вазъ дар бозорҳо беҳтар мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG