Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷгоникҳо дусола шуданд, падар ночор барои кор ба Русия рафт. ВИДЕО


Панҷгоник

Дилноза Маматова дар ду соли гузашта кам хоб рафтааст. Панҷгоник намегузоранд, ки чашмонашро бибандад. Яке бесабаб мегиряд, дигарӣ аз гуруснагӣ. Саввумӣ шӯху ноором аст.

Зиндагии модари аввалин панҷгоник дар Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад, чунин аст. Ӯ бо ишора бо ангушт ба сӯи ҳар яке мегӯяд: “Ана ин Ҳасанҷон бачаи хуб аст, кам ғам медиҳад, ана инаш ганда аст, зиёд гиря мекунад, як чизро мегирад, ба касе намедиҳад, ғам медиҳад ва гиря мекунад.”

Модари панҷгоник мегӯяд, фарзандонаш роҳрав шудаанд, вале мушкилашон кам не, балки зам шудааст: “То ҳол Нестаген (шири хушк) мехӯранд, дигар чиз ҳам медиҳем, хӯрок медиҳем. Ду сол гузашт, душвор буд, ёрь карданд, вале тарбия ва хӯрондани панҷ кӯдак душвор буд.”

Панҷгоникҳои Қубодиён 2-сола шуданд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Дар парастории Ҳасану Ҳусейн, Фотимаю Зуҳро ва Бибиоиша гоҳо хешу табор кумак мекарданд. Чанд бор мақомот ва хайрхоҳони алоҳида кумаки молӣ ва ғизоӣ расонидаанд.

Ҳукумати ноҳияи Қубодиён баъди таваллуди панҷгоникҳо бо харҷи 235 ҳазор сомонӣ барояшон хона сохт. Падари тифлон Раҳмон Нурмуродов баъди се соли танаффус дигарбора барои кор ба Русия рафтааст.

Модараш Барат Нормуродова ва бибии панҷгоникҳо мегӯяд: “Писарам гуфт, ки чӣ хел ман инҷо калон мекунам, чизе нест хӯрок нест. Пул нест, рафт Русия рафт. Як бача ӯро даъват кард, ки биё бачаҳоятро калон кун. Хайр инҷо душвор аст, инҷо кор нест шароит нест. Шароиташ душвор, инҳо мепӯшанд, ҷома мешӯянд. Ҳезум ҳам надоранд, шароит хуб не.”

Аз рӯзе, ки пизишкон панҷгоникро батни Дилноза диданд, нигоҳубини модару то хона расонидани тифлон ройгон будааст. Ҳоло чунин нест. Дилноза Маматова: “Бемор шуданд, ҳамин зуком инҳоро бемор кард, навбат гирифта, ба духтур бурдам, вале ҳамааш пулакӣ буд, пул дода табобат кардам. Шукр сиҳат шуданд, боз аммашон духтур аст, уколҳояшонро кард, ҳоло сиҳат ҳастанд.”

Дар Тоҷикистон таваллуди дугоник, сегоник ва чаҳоргоник сабт шудааст, вале панҷгоник дар 30 соли ахир бори аввал ба дунё меояд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG