Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамшерзанҳои ҷавони тоҷик: "Мактаб ҳаст, сарпараст нест." ВИДЕО


Аниса ва Рустам Насимовҳо

Дар Тоҷикистон талош доранд, шамшерзанӣ – як навъ варзиши қадимиро эҳё кунанд.

Аниса Насимова, сокини 11-солаи шаҳри Душанбе, ҳафтае панҷ бор дар мактаби шамшерзании Душанбе машқ мекунад. Насим Рустамов, падари ӯ, сармуррабӣ оид ба шамшерзанӣ аст.

Ӯ ба хотири ҷалби дигарон ба ин навъи варзиш аввал духтари худро шамшерзан кардааст. Аниса дар чаҳор соли охир чанд дафъа дар мусобиқаҳои шамшерзанӣ дар берун аз Тоҷикистон иштирок кардааст.

"Ман хонандаи синфи чор ҳастам ва Тоҷикистонро дар мусобиқаҳо аз навъи шамшерзанӣ муаррифӣ мекунам. Охирин мусобиқае, ки иштирок кардем, 24-уми декабр дар Тошканд буд. Мо бо гурӯҳамон тавонистем, дар ин мусобиқа ширкат кунем,” -- гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон 13 сол пеш Федератсияи шамшерзанӣ ташкил ёфт ва чанд сол пас дар Душанбе мактаберо барои дарси шамшерзанӣ таъсис доданд. Рустам Насимов ҳоло наздик ба 10 шогирдро дар мактаби варзишие дар ноҳияи Синои пойтахт таълим медиҳад.

“Ин варзиши таърихӣ ва олимпӣ рушд мекунад. Албатта, бештар ба таълими наврасон машғулем. Кӯшиш дорем, дар мусобиқаҳои хориҷӣ иштирок кунем. Ягона мушкиле, ки мо дорем, ин надоштани сарпараст аст. Барои рушди бештари ин соҳа ба дастгирӣ ниёз дорем,”—гуфт ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Аниса аз падараш шамшерзанӣ меомӯзад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Муҳаммади 15-сола се сол боз дар мактаби шамшерзанӣ таълим мегирад. Ӯ ҳам дар мусобиқаҳои берун аз Тоҷикистон пирӯз шудааст. “Мо дар Қазоқистон, Узбекистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар мусобиқаҳо иштирок кардаем,”—гуфт ӯ.

Ҳоло дар мактаби шамшерзании Душанбе ва Хатлон наздик ба 50 нафар ин намуди варзишро тамрин мекунанд.

Аниса аз маъдуд (ба миқдори каме, ба миқдори маҳдуд, якчандто) шогирдони мактаби таълими шамшерзанӣ зери раҳбари падараш аст. Рустам Насимов бовар дорад, ба мисли духтари ӯ сафи наврасон дар ин мактаб бештар хоҳад шуд. Ӯ шамшерзаниро варзише медонад, ки ҷисму рӯҳу зеҳни наврасонро қавӣ мегардонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG