Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо оташ задани Қуръон, ҷанҷол байни Туркияву Шветсия ҳам "шӯъла" зад


Расмус Палудан китоби Қуръонро дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм оташ зад ва хашми Туркияро барангехт.

Тазоҳурот дар шаҳри Стокҳолм ба зидди Туркия ва саъйи Шветсия барои пайвастан ба НАТО, аз ҷумла бо оташ задани нусхае аз китоби Қуръон, сабаби авҷ гирифтани таниш байни ду кишвар шуд. Он ҳам дар замоне, ки Шветсия барои вуруд ба НАТО ба ҳимояти Туркия, яке аз аъзои муҳими он эҳтиёҷ дорад.

Вазорати умури хориҷии Туркия рӯзи 21-уми январ гуфт: “Мо ҳамлаи разилона ба китоби муқаддаси худро қотеона маҳкум мекунем. Зери пардаи озодии баён, иҷоза додан ба ин амали зиддиисломӣ, ки ҳадафаш мусулмонон ва тавҳин ба арзишҳои муқаддаси мо мебошад, ғайриқобили қабул аст.”

Баёния баъди он нашр шуд, ки яке аз сиёсатмадорон аз ҷиноҳи рости ифротии Шветсия нусхае аз китоби Қуръонро дар назди сафорати Туркия оташ зад. Вазорати хориҷии ин кишвар аз мақомоти Шветсия хост, онҳоеро, ки Қуръонро сӯзонданд, ба ҷавобгарӣ бикашанд ва аз тамоми кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ба зидди исломситезӣ чораҳои мушаххас биандешанд.

Як тазоҳуроти дигаре дар Стокҳолм ба нишони ҳимоят аз курдҳо ва талоши пайвастани Шветсия ба НАТО сурат гирифт. Гуруҳе аз тарафдорони Туркия ҳам дар назди сафорати ин кишвар раҳпаймоӣ карданд. Пулис ба баргузории ҳарсе тазоҳурот иҷоза дода буд.

Тобиас Билстром, вазири умури хориҷии Шветсия гуфт, барангехтани иғво бо ҳадафи исломситезӣ ошуфтакунанда аст. Ӯ дар Твиттер навишт: “Шветсия аз озодии баёни густурдае бархурдор аст, вале ин бад он маъно нест, ки ҳукумати Шветсия ва ё ман тарафдори назари баёншуда бошем.”

Китоби Қуръонро Расмус Палудан, раҳбари ҳизби рости ифротии “Сахтгир” оташ зад. Ӯ ки шаҳрвандии Шветсияро дорад, дар гузашта ҳам дар чандин тазоҳуроти дигар айни корро кардааст. Худаш дар бораи ин амалкардҳо то ҳол вокунише ва ё шарҳе надодааст. Дар дархост барои иҷозаномае, ки ӯ барои тазоҳурот ба пулис додааст, гуфта мешавад, ки тазоҳурот ба зидди Ислом ва ба қавли ӯ, талоши Раҷаб Тайиб Эрдуғон барои таъсир гузоштан ба озодии баён дар Шветсия аст.

Чанде аз кишварҳои арабӣ ҳам, оташ задани Қуръон дар Шветсияро маҳкум карданд. Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар як баёнияе гуфт: “Арабистони Саудӣ хоҳони густариши арзишҳое ба мисли муколама, мудоро, ҳамзистӣ ва мухолифи нафрату ифротгароӣ аст.”

Шветсия ва Финландия соли гузашта ва баъди ҳамлаи Русия ба Украина барои пайвастан ба Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ ва ё НАТО ариза доданд, аммо барои қабули онҳо бояд тамоми 30 кишвари узв ризоият бидиҳанд. Туркия гуфтааст, пеш аз узвият Шветсия бояд мавқеи возеҳе дар баробари “ифротиён ва террористон”-и курд ва ҳам гуруҳе бигирад, ки ба талоши табаддулоти нофарҷом дар соли 2016 муттаҳам мешавад.

Дар Истанбул гуруҳи 200 нафарии тазоҳургарон дар посух ба оташ задани китоби Қуръон парчами Шветсияро дар рӯ ба рӯи консулгарии ин кишвар сӯзонданд.

Рӯзи шанбе Туркия гуфт, ба сабаби наандешидани чораҳо барои маҳдуд кардани тазоҳурот сафари барномарезишудаи вазири дифои Шветсия ба Анкараро лағв кардааст. Пал Ҷонсон, вазири дифои Шветсия гуфт, ки ӯ рӯзи ҷумъа бо Ҳулуси Акар, ҳамтои турки худ дар ҳошияи нишасти вазирони дифои кишварҳои ғарбӣ гуфтугу доштааст ва тасмим гирифт, ки сафар ба Туркияро ба таъхир андозад.

Ҳулуси Акар, гуфт, ки бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар бораи наандешидани тадобир барои маҳдуд кардани тазоҳурот ба зидди Туркия дар Шветсия суҳбат карда ва назари Анкараро ба Пал Ҷонсон расонидааст. Вазорати дифои Туркия дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Вокуниш ва ё амал накардан дар баробари ин тазоҳурот ғайриқобили қабул аст. Корҳои зарурӣ бояд анҷом дода шаванд ва чораҳо андешида шаванд.”

Рӯзи ҷумъа сафири Шветсия дар Анкараро бинобар ба тазоҳуроти барномарезишуда ба вазорати умури хориҷии Туркия даъват кардаанд. Финландия ва Шветсия соли 2022 бо Туркия барои рафъи мухолифати Туркия ба пайвастани ду кишвар ба НАТО як ёддошти тафоҳуми сеҷониба бастанд. Шветсия мегӯяд, уҳдадориҳояшро бар асоси ин санад иҷро кардааст, вале Туркия тақозои бештар дорад ва аз ҷумла мехоҳад, 130 фардеро, ки террорист мешуморад, Шветсия ба Туркия бисупорад,

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG