Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсояи Чин ва роҳи дур то баҳр. Тоҷикон аз кадом роҳ пеш раванд?


Манучеҳри Қурбоналӣ, зодаи Тоҷикистон муассиси ширкати "Zentist" дар Амрико

Манучеҳри Қурбоналӣ, зодаи Тоҷикистон ва ҳоло муқими Амрико, яке аз муассисони созмонест, ки беш аз 300 дармонгоҳи дандонпизишкӣ дар Амрико бо миёнравии он аз ширкатҳои бима (суғурта) пул мегиранд. Онро бо пули Сармоягузорони фариштахӯ, Акселератори 500 Startups ва маблағи худи муассисон, дар умум, як миллион доллар асос гузоштаанд.

Ширкати "Zentist" ҷиҳати рӯёндани ҳаққи хидмати духтурон зеҳни сунъӣ ҷорӣ кардааст. Дар як тамоси онлайнӣ аз Манучеҳри Қурбоналӣ пурсидем, чӣ гуна таъсиси ин ширкат барояш муяссар шуд?

Манучеҳри Қурбоналӣ: "Дар соли 2015 пурра ба Амрико омадем. Нахуст ширкати "Skooki" боз кардем, ки низоми пардохти ҳаққи таҳсил дар мактабҳо буд. Баъдан ҳиссаамро дар ин тарҳ фурӯхтам ва ширкати "Zentist"-ро таъсис додем. То расидан ба ҳолати имрӯзаи ширкат, борҳо иштибоҳ кардем, аз хатоҳои худ сабақ бардоштем. Мо дар аввал ба ташкили табобати дандон дар хориҷа барои амрикоиҳо машғул будем, аммо одамон чандон таваҷҷӯҳ накарданд. Ҳамроҳи шарикам, ки он замон дар Донишгоҳи Колумбия мехонд, ба пешбурди корамон дар шаҳри Сан-Франсиско тамаркуз кардем. Тадриҷан модели кори ҳозираи ширкатро пайдо намудем.”

Радиои Озодӣ: Кори асосии ширкати "Zentist" чӣ аст? Раванди пардохти пули дандонпизишкҳоро аз ширкатҳои суғурта осонтар мекунад, ҳамин?

Манучеҳри Қурбоналӣ​: “Бале, ин равандро ҳам осон ва ҳам арзонтар мекунад. Нуқтаҳои дандонпизишкӣ дар Амрико бинобар роҳ додан ба хато ҳангоми пур кардани биллинг (ҳаққи кор) ҳар сол то 2 миллиард долларро аз даст медиҳанд. Фарз кардем, ширкати суғурта акси рентгенро мепурсад ва чанд ҳуҷҷати дигар. На ҳама вақт духтурҳо фурсат доранд, онро пур кунанд, ба суолҳо сари вақт посух диҳанд. Дар натиҷа, пули баъзе аз хадамоташонро рӯёнда наметавонанд. Ба ҳисоби миёна, даромади солонаи як шиофхонаи дандонпизишкӣ дар Амрико 1 миллион доллар аст ва аксари пулро ширкатҳои суғурта медиҳанд. Акнун тасаввур кунед, ки барои ба даст овардани ин пул чӣ қадар ҳуҷҷат бояд пур кард, то ширкати бима онро пардозад. Тақрибан 200 ширкати суғуртаи дандон дар Амрико аст, ҳар яке аз он талаботи худро дорад. Бисёр вақт гаштаву баргашта пур кардани ҳуҷҷатҳо фурсат ва хароҷоти зиёд металабад ва духтурон аз баҳраш мегузаранд. Ширкати "Zentist" ҳамин мушкили дандонпизишконро осон мекунад.”

Радиои Озодӣ: Чӣ гуна?

Манучеҳри Қурбоналӣ​: “Мо аз зеҳни сунъӣ истифода мекунем. Алгоритми худро офаридем, ки ёвари дандонпизишкон аст. Вақте маъмурони клиникаҳо барои гирифтани ҳаққи хидмат ба ширкати суғурта ҳуҷҷат пур мекунанд, зеҳни сунъии офаридаи мо медонад, ки кадом ширкати суғурта чӣ талабот дорад. Ҳангоме ки дархост аз ширкати суғурта ягон камбудӣ дошта бошад, масалан, акси рентген замима нашуда бошад, масъулро огоҳ мекунад, ки онро пурра карда, сипас фиристад. Зеҳни сунъии "Zentist" медонад, ки ширкати суғурта чӣ гуна дархостро мепазирад. Ҳамчунин, мо бот ва ё роботҳое дорем, ки он ба таври автоматӣ аз сомонаҳои ширкати суғурта натиҷаи дархости клиникаи дандонпизишкиро, ки маъмулан дар шакли PDF ҳастанд, хондаву таҳлил карда, натиҷаашро кӯтоҳ ба дандонпизишк нишон медиҳад. Яъне, дандонпизишк дигар худ ба ҳар як сайти (қариб 200) ширкати суғурта даромада, натиҷаи дархосташро кофта наменишинад, балки дар як системаи офаридаи мо натиҷаи дархостҳояшро дида метавонад. Ҳоло ширкат дар тамоми дунё зиёда аз 150 корманд дорад. Бозори дандонпизишкӣ дар Амрико 40 миллиард доллар аст. Ширкати мо дар ҷамъоварии маълумот (data) ва автоматкунонии раванди рӯёнидани пул аз ширкатҳои суғурта дар Амрико дар ҷойи аввал аст, рақибони мо хурд ҳастанд. Ҳоло мо беш аз 300 килиникаи дандонпизишкиро дар саросари Амрико фаро мегирем.”

Радиои Озодӣ: Чӣ гуна шуд, ки шумо пас аз муҳоҷират ба Амрико тавонистед, чунин ширкатро таъсис диҳед? Низоми тиб ва суғуртаи Амрико аз Тоҷикистон бисёр фарқ дорад ва мураккаб ҳам ҳаст...

Манучеҳри Қурбоналӣ​: “Дар Тоҷикистон дар соҳаи тиб таҷрибаи корӣ доштам. Дар Вазорати тандурустӣ барномаҳои инноватсиониро ҳамоҳанг мекардам. Ҳамчунин ба ҳайси намояндаи ширкати "Siemens" ва "General electric", ки таҷҳизоти тиббӣ истеҳсол мекунанд, кор кардаам. Бинобар ин, бо системаи тиббии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрико, ошноӣ доштам. Инчунин, барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҷиҳати муолиҷа дар клиникаҳои Олмон, Туркия Ҳиндустон ва Исроил мадад мекардем. Бо бемористонҳо ҳамкорӣ доштем, шартномаҳо баста будем. Вақте ба Амрико омадем, огоҳ шудем, ки масалан нархи дандони сунъӣ (имплант) дар шаҳр тақрибан 7 ҳазор доллар аст, аз шаҳр дуртар 4 ҳазор доллар. Дар хориҷа аз ин ҳам арзонтар. Масалан, дар Туркия ҳудуди 800 доллар. Аз ин рӯ, як агрегаторе таҳия кардем, ки бо он одамон пеш аз муроҷиат ба духтури дандон нархи хадамоти онро донанд. Хостем, хидматрасонии муолиҷаи дандонро дар хориҷа барои амрикоиҳо фароҳам кунем. Ин лоиҳа чандон муваффақ нашуд, чун якбора хостем, ба бозори калон ворид шавем ва намедонистем дар куҷо маркетингро чӣ гуна ба роҳ монем. Бар замми ин, дар рафти кор маълум шуд, ки бисёре аз амрикоиҳо, тақрибан нисфе аз онҳо, шиноснома (паспорт) надоранд, то ба хориҷа сафар кунанд. Ин барои сафари онҳо монеа эҷод мекард. Баъдан дар натиҷаи гуфтугӯ ва омӯзишҳои зиёд бо дандонпизишкон ва масъулони клиникаҳои дандон дарк кардем, ки мушкили онҳо бештар бо ширкатҳои суғурта аст ва онҳо дар рӯёндани ҳаққи хидмат душворӣ мекашанд. Бинобар ин, ширкати "Zentist" ба автоматизатсияи биллинг - яъне рӯёндани маблағ аз ширкатҳои суғурта барои клиникаҳои дандонпизишкӣ машғул шуд. Ҳоло ба беш аз 300 клиника хидмат мерасонад.”

Радиои Озодӣ: Кадом системаи тиб – давлатии ройгон ва ё шахсии пулакӣ – ба фикри шумо беҳтар аст?

Манучеҳри Қурбоналӣ​: “Ҳар ду система ҳам камбудӣ ва бартариҳои худро доранд. Мисоли рӯшан Амрико ва Канада аст. Дар Канада хадамоти тиббӣ ройгон аст, давлат пулашро медиҳад, аммо муштариён моҳҳо интизори қабули духтур мешаванд. Дар Амрико тиб пулакӣ ва гарон аст, аммо духтурон дастрас ҳастанд. Бинобар ин, баъзе аз шаҳрвандони Канада барои зудтар гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ ба Амрико меоянд. Бо ин вуҷуд, дар Амрико ба фарқ аз Тоҷикистон шумо наметавонед пагоҳ ё баъди як рӯз ба назди духтури худ дароед. Масалан, мо барои онки духтурро бинем, ҳадди ақал се ҳафта пешакӣ бояд навбат гирем ва интизор шавем.”

Радиои Озодӣ: Солҳои охир шоҳиди он ҳастем, ки бисёре аз духтурони ботаҷриба аз Тоҷикистон мераванд. Имконияти буҷети кишвар барои пардохти маоши бештар маҳдуд аст. Дар ин шароит фикр мекунед, зарурати ҷорӣ кардани суғуртаи пулакии тиббӣ ҳаст?

Манучеҳри Қурбоналӣ​: “Зарур буданашро намедонам, аммо месазад, ки як бор таҷриба кард. Бимаи тиббӣ вақте ба кор меояд, ки ба қадри кофӣ одамон ба он бовар кунанд, онро харанд, то ҳама сарфу харҷи ширкати суғуртаро рӯйпӯш кунад. Фарз кардем, агар ширкати суғуртае тавонад, боварии одамонро дар Тоҷикистон ба даст орад, бо шифохонаҳо шартнома бандад, ин ба фоидаи ҳама мешавад. Ҳам ширкати суғурта метавонад, фоида ба даст орад, ҳам духтурон бо дили пур ба табобат машғул мешаванд ва ҳам одамон хотирҷамъ мегарданд. Яъне, тарси он ки мабодо касал мешавиву маҷбур барои табобат хонаатро фурӯшӣ, ё бисёр қарздор шавӣ, аз байн меравад. Аммо ин риск ҳам дорад ва риск-менеҷерҳо бурду бохти онро бояд санҷанд. Аз миёни кишварҳои пасошӯравии наздик ба мо дар Қазоқистон системаи суғуртаи тиббӣ ҳаст. Дар Туркия бисёр ширкатҳои муътабар суғуртаи тиббӣ пешкаш мекунанд ва муштарии зиёд ҳам доранд. Дар он ҷо ин система хуб кор мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Оё нияти дар Тоҷикистон ҳам ташкил додани ширкате ва ё тарҳеро доред?

Манучеҳри Қурбоналӣ​: “Зимнан, вақте шарики ман, Атовулло Қосимов, якбора мактаби олии бизнеси Лондон ва Донишгоҳи Колумбияро хатм кард, мо нахуст ният доштем, дар Душанбе ва Алмато дармонгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳониро боз кунем, то мардум барои амалиёти тиббӣ ба хориҷа нараванд. Баръакс, аз кишварҳои дигар ба ин ҷо оянд. Мисли онки ҳоло бисёриҳо барои табобат ба Ҳиндустон ва Туркия мераванд. Омӯхта дидем, ки шароит барои оғози кор бароямон дар Амрико мусоидтар аст. Чанд сол боз дар инҷо фаъолият дорем, садҳо миллион доллар дар гардиш аст, вале боре ҳам нозирони андоз ва ё ягон идораи дигар моро тафтиш накардааст. Аз ин назар, муҳити Амрико барои пеш бурдани тиҷорат бисёр мусоид аст. Дар оянда орзу дорем, ки дар соҳаи маориф ва омӯзиш дар Тоҷикистон коре анҷом диҳем. Тоҷикистон кишваре аст, ки ба уқёнус дастрасӣ надорад, тавре амрикоиҳо мегӯянд (Land lock country). Ин ба он маъно аст, ки нархи ҳама гуна боре, ки Тоҷикистон аз хориҷа ворид мекунад ё ба хориҷа содир мекунад, нисбатан гарон хоҳад буд. Бар замми мо ҳамсояи Чин ҳастем, ки ҳама чиро тавлид мекунад ва бо нархи арзонтар. Аз ин рӯ, мо бояд рӯи молу хадамоте бо арзиши изофӣ (value added) тамаркуз кунем. Мисоли оддиаш: як кило оҳан, фаразан, 1 доллар арзиш дорад. Агар аз он наъли асп созӣ, 100 доллар мешавад. Агар аз он оҳан соати швейтсарӣ созӣ, арзишаш 1 миллион мешавад. Бинобар мавқеи ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулот бо арзишии изофии калон мушкил аст. Бартарии мо метавонад, имконияти зеҳнии мардуми мо бошад. Фарз кардем, агар мо тавонем 10 ҳазор нафарро хуб забони англисӣ ва дониши хуби техникӣ омӯзонем, онҳо метавонанд, аз Тоҷикистон барои ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ кор кунанд ва моҳе аз 1000 то 1500 доллар маош гиранд. Дар ин сурат ҳеч чиз аз кишвар хориҷ намешавад ва баръакс доллари нақд ба кишвар ворид мегардад. Кишварҳое ба мисли Ҳиндустон, Филиппин, Чин ва баъзе кишварҳои африқоӣ айни ҳамин таҷрибаро доранд.”

Шарҳи ҳол:
Манучеҳр Қурбоналӣ соли 1981 дар шаҳри Турсунзода таваллуд шудааст. Хатмкардаи литсейи тоҷикиву туркӣ аст. Донишгоҳи давлатии иқтисод, информатика ва омори шаҳри Маскавро хатм кардааст. Оиладор, соҳиби се фарзанд. Ҳоло муқими Иёлати Королинаи Шимолӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG