Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил аз таҷовузи Русия пуштибонӣ кард ва аз ҳама ҷо ронда шуд. ВИДЕО


Азамат Абдилдаев
Азамат Абдилдаев

Як вакили порлумони Қазоқистонро барои пуштибонӣ аз ҷанги Русия алайҳи Украина аз сафи ҳизб ронданд. Изҳори назари Азамат Абилдаев ҳангоми суҳбат бо Радиои Озодӣ моҷаробарангез шуд. Мақомот дар Қазоқистон борҳо гуфтаанд, ки аз тамомияти арзии Украина пуштибонӣ мекунанд.

Азамат Абилдаев дар суҳбат бо хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Нургул Тапаева, гуфт, “ман президенти Русияро пуштибонӣ мекунам.”

Тапаева: Шумо мефаҳмед, ки аз ҷанг ҳимоят мекунед? Артиши Русия ҳар рӯз ба шаҳрҳои осоишта ҳамла мекунад. Хонаҳоро бомбаборон мекунад. Сокинони мулкӣ кушта мешаванд...

Абилдаев: Шумо дар бораи ҷанг мегӯед ва дар чунин шароит қурбонӣ ҳам мешавад.

Тапаева: Ҷаҳон Путинро барои ҳуҷум ба Украина маҳкум мекунад.

Абилдаев: Тамоми ҷаҳон не, тавре гуфтам.

Тапаева: Созмонҳои байнулмилалӣ...

Абилдаев: Тамоми ҷаҳон не.

Тапаева: Таҳримҳо ҷорӣ карданд.

Абилдаев: Амрико таҳрим ҷорӣ мекунад.

Пас аз ҳуҷум ба Украина, тахминан 30 кишвар алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кард. Абилдаев дар ин мусоҳиба инчунин иттиҳомҳои бепояву асоси Кремлинро дар бораи раҳбарияти Украина такрор кард.

Тапаева: Ба фикри Шумо, дар Украина кӣ дар сари қудрат аст?

Абилдаев: Нозиҳо (натсистҳо, миллатгароён).

Видеоро дар инҷо бинед:

Вакил аз Путин пуштибонӣ карду аз ҳизб ронда шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Азамат Абилдаев, муовини раиси ҳизби мухолифи “Оқ-Жол”-и Қазоқистон, рӯзи 19-уми январ аз сафи ронда шуд. Ҳизби “Оқ-Жол” аз Кумисюни интихоботи Қазоқистон хост, Абдилдаевро аз курсии вакилӣ дар маҷлис маҳрум кунад.

Пештар аз он Радиои Озодӣ аз Озод Перуашев, раиси ҳизб, назарашро дар бораи мавқеи Абилдаев пурсид.

Гузоришгар: Ҳизби “Оқ-Жол” худро вориси ҳизби “Алаш” медонад, ки барои истиқлол аз Русия талош кардааст. Як ҳамкори Шумо, Азамат Абилдаев, ҳуҷуми Русияро ба Украина “амалиёти вижа” номид ва аз президенти Русия пуштибонӣ кард. Дар ин бора хабар доред? Бо ӯ розӣ ҳастед?

Озод Перуашев: Ман дар ин бора нашунидам. Ин фикри шахсӣ аст. Ба ҳайси ҳизби миллатгаро мо бояд пеш аз ҳама аз истиқлол ва тамомияти арзии кишвари худ дифоъ кунем.

Гузоришгар: Мавқеи ҳизби Шумо чӣ аст? Ҷангро дастгирӣ мекунед?

Озод Перуашев: На.

Ҳукумати Қазоқистон ҳарчанд ба таври ошкор ҳуҷуми Русияро ба хоки Украина маҳкум накардааст, пайваста ба эътирофи тамомияти арзии Украина таъкид мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG