Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба баъзе аз зодагони Тоҷикистон иҷозаи тарки Русияро надодаанд


Муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Ба баъзе аз зодагони Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доранд, иҷозаи берун шудан аз ин кишварро надодаанд.

Чанд муҳоҷири тоҷику қирғиз дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, дар марз ба онҳо барои вуҷуди номашон дар рӯйхати сафарбаркунӣ ва ё мобилизатсия иҷозаи тарки кишварро надоданд. Ба онҳо гуфтаанд, то 12-уми феврал бояд дар Русия бошанд.

Манобеи дигар мегӯянд, муҳоҷирони дорои шиносномаи русӣ даъватномаро барои рафтан ба артиш мегиранд. Онҳоро инчунин ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои суҳбат даъват мекунанд ва мефаҳмонанд, ки фирор аз сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҷазои сахт дорад.

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин, рӯзи 13-уми январ гуфт, хориҷиён, аз ҷумла тоҷиконе, ки шаҳрванди ин кишвар шудаанд, бояд ба ҷанги Русия ба зидди Украина сафарбар шаванд.

Бастрикин афзуд, тайи панҷ соли охир беш аз ним миллион нафар аз Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистон шиносномаи Русия гирифтаанд ва вазифадоранд, ки ба сафи артиш ҷалб гарданд.

Тоҷикистон бо Русия созишномаи душаҳрвандӣ дорад. То кунун даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина кушта ва ё захмӣ шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG