Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия як қонуни баҳсбарангезро баррасӣ доранд


Дар Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро таҳия кардаанд, ки шаҳрвандону хориҷиёнро муваззаф мекунад, пеш аз тарки қаламрави Русия бо мошин, мақомотро дар ҷараён гузоранду вақту замонашро бигӯянд.

Тарҳи қонунро Евгений Москвичев, раиси Кумитаи нақлиёти Дума пешниҳод кардааст.

Бар асоси тарҳи қонун дар бораи роҳҳои мошингард ва нақлиёт дар Русия, дар сурати қабул, ин қонун аз рӯзи 1-уми март ҳукми иҷро мегирад.

Ронандагон пеш аз тарки қаламрави Русия метавонанд, аз тариқи системаи ягонаи иттилоотии вазорати нақлиёт замону вақти берун рафтанро интихоб кунад.

Моҳи сентябри соли гузашта ва баъд аз эълони сафарбарӣ ба артиши Русия ва ҷанг дар Украина, даҳҳо ҳазор нафар қаламрави Русияро бо мошин тарк карданд ва танҳо дар марзи Гурҷистон навбати 20-километрӣ ба вуҷуд омад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG