Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати зани ҳомила ва шавҳараш аз дуди ангишт дар Хатлон


Даромадгоҳи ноҳияи Кушониён

Як зану шавҳари ҷавон дар дохили ҳаммом аз дуди ангишт ҷон додаанд.

Ҳодиса рӯзи 22-юми январ дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон рӯй дод.

Шарифбек Шоев 26-сола буд ва ҳамсараш Оишаи Саидқулзода 21 сол дошт.

Мақомот гуфтанд, ин ҷуфт нав издивоҷ карда, Оишаи Саидқулзода дар батнаш тифл дошт.

Давлатбек Қувватзода, масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Кушониён, гуфт, ҷасади зану шавҳари ҷавонро наздиконашон ёфта, ба мақомот хабар додаанд.

Дар як ҳафтаи охир бори дуюм аст, ки марги зану шавҳар аз заҳролудшавӣ дар Хатлон сабт мешавад.

Шамсулло Маҳмадови 33-сола ва ҳамсараш Дилхоҳ Маҳмадова аз ноҳияи Хуросон рӯзи 20-уми январ аз дуди ангишт заҳролуд шуда буданд. Шамсулло ва кӯдаки сесолааш дар хона ва ҳамсари ӯ Дилхоҳ Маҳмадова дар беморхонаи ноҳияи Хуросон даргузашт. Мақомот сабаби марги се узви хонаводаро заҳролудшавӣ аз дуди ангишт гуфтанд.

Истифодаи ҳезуму ангишт дар аксар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон василаи асосии гарм кардани хона аст. Ҳар сол чанд нафар заҳролуд шуда, ба ҳалокат мерасанд.

XS
SM
MD
LG