Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар пой, даст ва синааш захм дошт." Ҳалокати як сокини Ҳисор дар ҷанги Украина. ВИДЕО


Нигора Муҳиддинова, модари Зулфиқор

Хонаводаи як ҷавони тоҷик дар Ҳисор, ки дар ҷанги Украина кушта шудааст, мотам доранд.

Тобути Зулфиқор Муҳиддинови 27-соларо рӯзи 22-юми январ аз Маскав ба Тоҷикистон оварданд.

Ӯ ягона писари хонадон буд, ки дар Русия зиндонӣ шуд ва ӯро ба ҷанги Украина бурданд.

Хуршед Муҳиддинов, тағои Зулфиқор дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ соли 2019 барои кор ба Русия рафт ва дар як ширкат кор мекард.

"Дақиқ медонистем, ки кор мекунад. Мумкин, бо бачаҳои дигар ҳамкорӣ кард ва ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир дастгир шуду беш аз 6 сол зиндонӣ карданд,"--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ҷанги Украина писари ягонаи модари тоҷикро кушт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Наздикони Зулфиқор Муҳиддинов мегӯянд, ӯ якуним солро дар зиндони Русия гузаронд ва аз моҳи октябри соли гузашта дигар бо хонавода тамос нагирифт.

Ба гуфтаи Хуршед Муҳиддинов, хоҳарзодааш ба касе нагуфтааст, ки ҷанг меравад. Танҳо чанд рӯз пеш низомиёни рус бо ин хонавода тамос гирифта, хабар додаанд, ки ӯ дар шаҳри Артемовск (Бахмут)-и Украина кушта шудааст.

Наздиконаш гуфтанд, ки “дар пой, даст ва қафаси синааш захм дошт."

Наздиконаш ба ин боваранд, ки Зулфиқор нияти ба ҷанг рафтанро надошт. Мегуфтааст, баъди адои ҳукми зиндон ба Тоҷикистон бармегардад. Модар аз марги писар дертар аз ҳама хабардор шудааст.

Нигора Муҳиддинова, модари Зулфиқор гуфт, намедонад, чӣ тавр писарашро ба ҷанг бурдаанд.

Зулфиқор Муҳиддиновро рӯзи 22-юми январ дар деҳаи Яккатути шаҳри Ҳисор, 50-километрии Душанбе, дафн карданд. Ӯ муҷаррад буд. Ба қавли наздиконаш, бо нияте ба муҳоҷират рафта буд, ки пул кор кунаду оила созад, аммо нашуд.

То ҳол омори дақиқи шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистон дар Русия, ки дар ҷангҳои Украина кушта шудаанд, дар даст нест. Дар ду моҳи охир хабари марги камаш панҷ шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги Украина тасдиқ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG