Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раёсати созмонеро, ки Тоҷикистон узваш аст, Боку ба дӯш гирифт


Раёсати Созмони Ҳамкории Иқтисодиро, ки Тоҷикистон ҳам узваш аст, Озаройҷон ба дӯш гирифт. Маросим рӯзи 24-уми январ дар шаҳри Тошканд гузашт. То ин дам онро Узбекистон раҳбарӣ мекард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ба ин муносибат ба Тошканд рафта буд, дар бораи “занҷирҳои таъминот, кишоварзӣ, саноат, энергияи сабз, нақлиёт ва сармоягузорӣ” гуфт.

Ӯ ҳамзамон бо ҳамтоёни худ аз Қазоқистону Узбекистон, Туркманистон, Покистон ва Озарбойҷону Эрон мулоқот карда. Тафсилоти суҳбатҳо маълум нест.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мухтасар гуфтааст, ки ҷонибҳо ҳамкориро дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байнулмилалӣ баррасӣ карданд.

Тоҷикистону Эрон, Покистон, Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва Покистон узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ё ЭКО ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG