Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Узбекистон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон меравад


Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 26 ва 27 январ ба Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом медиҳад.

Сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Муродбек Азимбоқиев гуфт, қарор аст, Мирзиёев дар доираи ин сафар бо ҳамтои қирғизи худ Содир Ҷабборов дидору гуфтугӯ кунад.

"Раҳбарони ду кишвар масъалаҳои шарикии стратегии Қирғизистону Узбекистон, ҳамчунин нақшаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳоро баррасӣ мекунанд", — изҳор дошт Азимбоқиев.

Ҳанӯз маълум нест, ки созишномаи ҷанҷолбарангез дар бораи марз ва идораи муштараки обанбори Кампиробод, ки моҳи ноябри соли 2022 аз ҷониби порлумонҳои Қирғизистон ва Узбекистон ба тасвиб расид, имзо мешавад, ё не.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон қарор буд, 10 декабри соли 2022 сурат гирад, вале бо сабабҳои номаълум он ба таъхир афтод.

XS
SM
MD
LG