Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди шинохта ва тарҷумони Қуръон даргузашт. ВИДЕО 


Мирзо Муллоаҳмад, донишманди шинохта
Мирзо Муллоаҳмад, донишманди шинохта

Мирзо Муллоаҳмад, донишманди шинохтаи тоҷик, ки матни Қуръонро аз хати форсӣ ба сириллик баргардон кардааст, дар 75-солагӣ даргузашт.

Ӯро дар оромгоҳи "Сари Осиё"-и Душанбе дафн карданд.

Пайвандонаш гуфтанд, аз бемории дилу гурда ранҷ мекашид.

Ромиз Муллоаҳмадов, писари Мирзо Муллоаҳмад гуфт, ки падараш бемор буд. "Нақшаҳои зиёд доштанд, вале насибашон ҳамин рӯз будааст,"-гуфт ӯ.

Дӯстону ҳамкоронаш гуфтанд, Мирзо Муллоаҳмад осори Рӯдакиву Фирдавсиро таҳқиқ карда, "Донишномаи Рӯдакӣ" дар се ҷилд ҳосили он аст. Мегӯянд, орзу дошт, осори Хайёмро ҳам пажӯҳиш кунад, аммо умр вафо накард.

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, мудири Пажӯҳишгоҳи Осиё ва Аврупо гуфт: "Охирин пажӯҳишҳое, ки устод раҳбари лоиҳа буданд, муштаракоти фарҳангии байни форсзабонҳоро кор мекарданд, ки то чӣ андоза ин муштаракот ҳис шудааст ва дар оянда чӣ тавр мешавад онро тақвият дод."

Видеоро инҷо бинед:

Қуръоншиноси шинохтаи тоҷик даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Мирзо Муллоаҳмад узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд. Даҳҳо китобу рисола ва мақола ба мерос гузоштааст. Ба гуфтаи баъзе аз ҳамкоронаш, на танҳо барои тоҷикон.

Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик мегӯяд, ӯ берун аз кишвар низ обрӯву эҳтиром дошт. “Барои иштирок дар як конфронси байнулмилалӣ дар Кашмири Покистон сафар доштем. Дар онҷо дидам, ки дар миёни донишмандони хориҷӣ обрӯву эътибори зиёде доштанд. Осораш бо ҳуруфи форсӣ дар Эрон низ нашр шудааст. Саҳмашон дар шарқшиносӣ хеле муассир аст,"—гуфт ӯ.

Номи Мирзо Муллоаҳмад натанҳо дар пайванд ба илм, балки баъзе аз баҳсҳо дар бораи ҳайкали Рӯдакӣ дар боғи ҳамномаш дар Душанбе низ расонаӣ шудааст. Худаш гуфта буд, "дар ин муҷассама ҳарчанд симои ҷавонии шоир аст, симои шоиронаи Рӯдакӣ хуб таҷассум наёфта." Танқиде, ки зоҳиран касе пайи ислоҳаш нашуд, аммо дар таърих монд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG