Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: Эмомалӣ Раҳмон аз кори Ширин Амонзода шикоят кард


Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сомонаи ҳукумат. 24-уми нявари 2023
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сомонаи ҳукумат. 24-уми нявари 2023

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кори Ширин Амонзода, вазири пешини кор ва муҳоҷират, танқид кардааст. Бар асоси ёфтаҳои Радиои Озодӣ, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат гуфтааст, Амонзода дар вазорат “сиёсати нодурусти кадрӣ”-ро ба роҳ монд ва аз кор ронда шуд. Ширин Амонзода рӯзи 25-уми январ гуфт, “дар ин бора чизе гуфта наметавонад”.

"Гуфт, бовар карда таъин кардем"

Ҷаласаи солонаи ҳукумат рӯзи 24-уми январ баргузор шуд. Дар иттилоияи расмӣ асосан дар бораи комёбии ҳукумат дар соли гузашта гуфтаанд. Дар бораи камбудҳо камтар ишора шуда.

Ду манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи солона ширкат доштанд, гуфтанд, "Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе аз кори чанд ниҳод норозигӣ кард."

Ширин Амонзодаро баъд аз таъин шуданаш ба мансаб вазири ҷавону муваффақ ном мебурданд
Ширин Амонзодаро баъд аз таъин шуданаш ба мансаб вазири ҷавону муваффақ ном мебурданд

"Президент аз кори Ширин Амонзода дар мақоми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ норозигӣ кард. Гуфт, Амонзода дар ниҳоди зертобеаш сиёсати нодурусти кадриро ба роҳ монд. Бар илова гуфт, мо ба чунин кадрҳо бовар карда, ба вазифаҳои муҳим мемонем, аммо наметавонанд масъулияти худро ба таври кофӣ иҷро кунанд,” -- гуфт як манбаи Радиои Озодӣ дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ.

Ширин Амонзода рӯзи 5-уми январи имсол аз мақоми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба сабаби “гузаштан ба кори дигар” барканор шуд. Амонзода дар ин мақом ҳамагӣ ду солу ду моҳ кор кард. Мақоми наваш ҳанӯз маълум нест. Ду муовин, роҳбарони идораҳои тобеи Вазорати меҳнат, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷират, барканор шуданд.

Ширин Амонзода рӯзи 25-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нахост, дар ин бора суҳбат кунад. Ӯ танҳо гуфт, “дар ин бора чизе гуфта наметавонам.”

“Бег Сабур посух дода натавонист”

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа аз мансабдорони дигаре буд, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон танқид шуд. Дар хабарномаи дафтари матбуоти президент танҳо омадааст, Бег Сабур дар бораи боло бурдани сифати иртибот ва паст кардани нархи интернет ба президент ҳисобот додааст.

Бар асоси иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба Хадамоти алоқа дастур додааст, “барои беҳтар кардани сифати хидматрасониҳо дар соҳаи алоқа, поин овардани арзиши хидматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет” чора андешанд.

Бег Сабур
Бег Сабур

Аммо манобеи Радиои Озодӣ, ки дар ҷаласаи ҳукумат ширкат доштанд, мегӯянд, "вақте Бег Сабур барои ҳисобот додан ба назди минбар омад, Эмомалӣ Раҳмон чанд суол дод. Президент пурсид, чаро то ҳол сифати алоқа ва интернет ба талабот ҷавобгӯ нест, чаро нархи интернет то ҳол баланд аст? Бег Сабур хомӯш буд ва посух дода натавонист. Раиси ҷумҳур сахт танқид кард ва дастур дод, ки вазъро ислоҳ кунад.”

Як моҳ пеш Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба порлумон низ аз сифати интернет дар кишвар танқид карда буд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми январ Бег Сабурро дар ҷойи кораш дар Хадамоти алоқа пайдо накард. Яке аз масъулони ин ниҳод гуфт, пас аз эроди президент дар моҳи декабр, ситод ташкил шуда, “барои боло бурдани суръати интернет дар кишвар талош доранд.” Ин масъули Хадамоти алоқа гуфт, рӯзи 30-юми январ дар нишасти хабарӣ ҷузъиёти кори ситодро шарҳ медиҳанд.

Бег Сабури 62-сола, қудои Эмомалӣ Раҳмон, аз соли 2011 ба ин тараф раиси Хадамоти алоқа аст. Ӯ аз мансабдорони баҳсбарангез дар ҳукумати Тоҷикистон буда, ҳарфҳояш дар бораи бастани шабакаҳои иҷтимоӣ, китобхонӣ ва хонафурӯшӣ вокунишҳои зиёдро ба миён овардааст.

“Эрод гирифт, ки чаро сармоя кам аст”

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ки дар ҷаласаи васеъ ҳузур доштанд, мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон аз кори Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол ҳам танқид кард.

Ба гуфтаи онҳо, Эмомалӣ Раҳмон бахусус аз вуруди сармояи хориҷӣ ба кишвар норозигӣ кардааст.

Саъдӣ Қодирзода
Саъдӣ Қодирзода

“Президент ба камфаъолияти Кумитаи сармоягузорӣ эрод гирифт ва гуфт, бисёре аз иншоот ва корхонаҳо дар дохили кишвар бо пули соҳибкорони ватанӣ сохта мешавад ва ҷалби сармоя аз берун дар сатҳи зарурӣ нест. Президент ҳамчунин гуфт, воридоти сармоя аз хориҷа ба сатҳи хоҷагиҳо пойин омадааст, ки чандон фоидаовар нест,” -- афзуд манбаи Радиои Озодӣ.

Дар хабарнома аз ҷаласаи ҳукумат ҳарчанд аз афзоиши воридоти сармоя ба кишвар тавсиф шудааст, Эмомалӣ Раҳмон барои “ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, хусусан сармояи мустақим” таъкид кардааст.

Солҳои гузашта низ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат мансабдоронро танқид карда, баъзе онҳоро аз дар рондааст. Аз ҷумла, соли 2019 президент роҳбарони ширкати “Тоҷик Эйр” ва “Амонатбонк”-ро аз ҷаласаи ҳукумат ҷавоб дод ва як рӯз баъд ҳардуи онҳо аз вазифа ронда шуданд. Бархе аз ин кори президент тавсиф мекунанд, вале гуруҳи дигар мегӯянд, ин кор вазъро тағйир намедиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG