Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил: Бо бастани "Озодӣ", инъикоси фасодкорӣ аз байн меравад


Достон Бекешев, вакили порлумони Қирғизистон, даъвои Вазорати фарҳанг, иттилоъ, варзиш ва сиёсати ҷавонони он кишварро нисбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ шарҳ дод.

Бекешев дар "Фейсбук" навишт, агар додгоҳ тасмими бастани "Азаттик"-ро бигирад, пас ҳамаи расонаҳои дигар дар Қирғизистон дар инъикоси мавзуҳои вобаста ба фасод эҳтиёт мекунанд.

"Онҷое, ки бастани расонаҳо кори осон аст, гирифтани озодӣ ва амвол низ осон аст. Ҳоли онҳое хуш аст, ки озодӣ надоранд ва дар фикри дастрас кардани он ҳам нестанд. Онҳо ҳатто барои орден, ифтихорнома, таърифнома ва ё нимнигоҳҳои дигар ҷон медиҳанд. Аммо ҳоли кишвар табоҳ аст, вақте теъдоди шахсоне зиёд аст, ки зидди озодӣ ҳастанд. Ин гуна кишвар маҳкум аст, танҳо ба онҳое хидмат расонад ва каф кӯбад, ки соҳиби мақому сарват ҳастанд", - навишт Бекешев.

Пештар аз ин ҷомеаи рӯзноманигории Қирғизистон дар робита ба даъвои Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони ин кишвар барои қатъи фаъолияти "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодӣ изҳорот нашр карда буд.

"Институт Медиа Полиси", Иттифоқи мустақили рӯзноманигорон, иттиҳодияи ҷамъиятии "Журналистон", Бунёди таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ва як қатор рӯзноманигорону расонаҳои мустақили Қирғизистон аз мақомот даъват кардаанд, ки даъвои худро пас гиранд.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки тасмими бастани сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ бар асоси қонуни Қирғизистон "Дар бораи ҳимоят аз маълумоти нодуруст (бардурӯғ)" аз аввал ғайриқонунӣ буд.

Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек даъвои вазорати фарҳанги он кишварро дар робита ба қатъи фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 8 феврал баррасӣ мекунад.

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 23 январ дархост кардааст, ки фаъолияти "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодиро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори ом қатъ кунад.

Дар шикояти вазорат ба додгоҳ омадааст, "гузориши видеоӣ дар бораи марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳазф карда нашудааст ва он ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад".

Ин вазорат рӯзи 26-уми октябри соли гузашта сомонаи "Азаттик Медиа"-ро барои ду моҳ баст ва дертар маҳдудиятро дароз кард. Сабаб як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон гуфта шуд.

Ба бовари мақомоти Қирғизистон, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст. Барнома 16-уми сентябри соли 2022 ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро таъқиби расонаҳои озод номид.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябр аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG