Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд имтиёз дар Кодекси андоз: Идомаи сабукӣ ба ширкатҳои "худӣ"? ВИДЕО


Boeing 737-800. Акс аз бойгонӣ
Boeing 737-800. Акс аз бойгонӣ

Тағйирот ба Кодекси андоз (молиёт), ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва ҳамкорони онҳо чанд имтиёзро дар назар гирифтааст, дар аввали моҳи январи имсол нашр шуд.

Одатан меъёрҳо дар қонунгузории Тоҷикистон баъди чоп дар матбуоти расмӣ ба иҷро медароянд, аммо татбиқи иловаҳо ба Кодекси андозро хеле пештар, аз якуми сентябри соли 2022, ҳисоб кардаанд. Ин ба шабу рӯзе рост меояд, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" хабар дод, ду "Boeing 737-800"-ро тариқи лизинг аз "Aviation Capital Group" дастрас кард.

Намояндагони ҳукумат масъаларо шарҳ намедиҳанд, аммо тахмин зада мешавад, ки ироаи сабукии охир бештар ба пуштибонӣ аз ширкатест, ки 15 сол собиқа дорад ва марбут ба наздикони роҳбарияти Тоҷикистон дониста мешавад. Бо вуруди ду "Боинг"-и нав дар аввали сентябри соли 2022 шумораи ҳавопаймоҳои фаъоли "Сомон Эйр" ба шаш адад расид.

Ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" ба далели мушкили молӣ ва надоштани ҳавопаймои коршоям солҳои охир аз парвоз мондааст. Сабукиҳо дар Кодекси андоз ба "Тоҷик Эйр" чӣ фоида меоранд, ҳанӯз рӯшан нест.

Дар порлумон яке аз далелҳои пешниҳоди сабукӣ арзон кардани билети ҳавопаймо муаррифӣ гардид, аммо амалан дар ҳоли ҳозир ҳеч таъсире дар нархномаи ягона ширкати фаъоли Тоҷикистон дида намешавад.

Чӣ сабукиҳо доданд?

Бар асоси тағйирот ба Кодекси андози Тоҷикистон, на танҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки шариконашон низ аз имтиёзҳо баҳравар хоҳанд шуд. Дар қисми дувуми моддаи 189-и Кодекси андоз, ширкатҳои хориҷӣ ё ғайрирезидентҳое аз молиёт озод шудаанд, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон чархбол, муҳаррику қисмҳои эҳтиётӣ медиҳанд ва ё таъмиру хидматрасонӣ мекунанд.

Имтиёз дар Кодекси андоз: Сабукӣ ба ширкатҳои "худӣ"?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Тибқи тағйирот дар моддаи 251-и Кодекс, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳангоми ворид кардани сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, ҳавопаймо, чархбол ва қисмҳои эҳтиётӣ аз андоз аз арзиши иловашуда (15 дарсад) озод карда шудаанд.

Ҳангоми овардани сӯзишворӣ, моддаҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар баробари андоз аз арзиши иловашуда, инчунин, аз пардохти аксиз озод карда шудаанд. Ин сабукӣ метавонад, ҳудуди 20 дарсади хароҷоташонро барои сӯзишворӣ коҳиш хоҳад дод.

Коршинос Амони Асрор баҳои ин сабукиҳоро барои буҷети давлат дар умум даҳҳо миллион доллар ҳисоб мекунад. Ӯ тавзеҳ дод, ки "фарзан аз воридоти бидуни молиёти як ҳавопаймои 100-миллиондолларӣ, танҳо аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда буҷети давлат тақрибан 15 миллион долларро аз даст хоҳад дод."

Баҳои сабукӣ барои таъмиру хидматрасонӣ низ миллионҳо доллар арзёбӣ мегардад, чун ин хадамот низ гаронарзишанд. Қаблан масъулони баъзе аз ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон нархи таъмири муҳаррики ҳавопайморо то 4,5 - 5 миллион доллар ва таъмири ҳавопайморо то 1 миллион доллар гуфта буданд. Чизе, ки минбаъд бидуни пардохти андоз аз ҷониби ширкати тоҷикистонӣ ва шарикони хидматрасони хориҷияшон амалӣ мешавад.

Ба нафъи кист?

Дар Тоҷикистон иддао мешавад, ки аз сабукиҳо умдатан ширкатҳои ба истилоҳ худӣ ё наздик ба мансабдорони баландпоя бархӯрдор мешаванд.

Коршинос Амони Асрор мегӯяд, додани сабукиҳо ба иштирокдорони алоҳидаи бозор инкори иддаои мақомдорони тоҷик аст, ки мегӯянд, дар кишвар шароити мусоид барои соҳибкорию сармоягузорӣ фароҳам аст.

"Агар шароит мусоид бошад, ниёз ба сабукиҳо ба афроду ширкатҳои алоҳида намемонад. Имтиёз додан аз як тараф эҷоди нобаробарӣ дар бозор аст. Аз ҷониби дигар агар ба имтиёзҳо аз тариқи доираҳои алоҳида даст ёбанд, замина барои фасод фароҳам мешавад," - изҳор дошт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон ҷой доштани ширкатҳои худиву бегонаро рад мекунанд. Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон чанде пеш дар порлумон арзиши гумрукии молҳои воридшударо дар 9 моҳи соли 2022, ки қисман ё пурра аз имтиёз бархурдор буданд, беш аз 2,8 миллиард доллар гуфта буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG