Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду корманди КДАМ-и Қазоқистон барои шиканҷаи гумонбарон


Ду корманди Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ба гумони шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Остона ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифта шуданд.

Хабаргузории маҳаллии "Информбюро" иттилоъ дод, ки подполковник Еркин Аманов ва майор Хамит Абдугалӣ 25-уми январ бо қарори додгоҳи Остона ҳабс шуданд.

Қаблан наздикони гумонбароне, ки дар боздоштгоҳи Остона нигаҳдорӣ мешуданд, шикоят карданд, ки ин кормандони кумита пайвандони онҳоро тули як сол шиканҷа кардаанд.

Наздикони боздоштшудаҳо дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, онҳо моҳи феврали соли 2022 аз шиканҷа шудани наздиконашон огаҳ шуданд ва дар ҳол ба ҳама мақомоти дахлдор шикоят бурданд.

Ба гуфтаи онҳо, дар робита ба шиканҷа шудани наздиконашон ҳанӯз 29-уми марти соли 2022 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, вале бо сабабҳое тафтиши он ба дарозо кашида мешавад.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон то ҳол боздошти маъмуронашро шарҳ надодааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG