Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори Чин соҳибкорони тоҷикро хушҳол кард, вале мушкилӣ монд. ВИДЕО


Бозори Корвони Душанбе
Бозори Корвони Душанбе

Боз шудани сарҳаду гузаргоҳҳои Чин ба рӯйи хориҷиҳо даҳҳо соҳибкорро дар Тоҷикистон хушҳол кардааст. Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, се сол боз ба сабаби баста будани марз наметавонистанд, молҳои харидаи худро саривақт аз Чин дастрас кунанд. Дар ин муддат ҷойи молҳои чиниро дар бозорҳои Тоҷикистон маҳсулоти Узбекистон гирифтааст.

"Бор дар 6-12 моҳ меояд"

Мурод Солеҳов
Мурод Солеҳов

Мурод Солеҳов ва хонаводааш чанд сол боз аз Чин камарбанд оварда, дар бозори "Корвон"-и Душанбе яклухт мефурӯшанд. Чин ба сабаби бемории COVID-19 дар аввали соли 2020 марзҳояшро баст ва Мурод Солеҳову тоҷирони дигари тоҷик ба мушкил дучор шуданд.

Ин соҳибкори ҷавон мегӯяд, пеш аз пандемия молҳои онҳо аз Чин дар муддати 20 рӯз ба дасташон мерасид: "Ҳоло дар муддати аз 3 то 6 моҳ мерасад, баъзеҳо то як сол мунтазир шуданд."

Видеоро бинед:

Кори Чин соҳибкорони тоҷикро хушҳол кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

То аввали соли 2020 соҳибкорони яклухтфурӯш ба Чин рафта, молро интихоб мекарданд. Баъд аз баста шудани сарҳади Чин, соҳибкорони тоҷик маҷбур буданд, маҳсулотро бо телефон ё тавассути интернет супориш диҳанд. Вазъе, ки ба соҳибкорон чандон писанд набуд.

Мурод Солеҳов, соҳибкори бозори "Корвон", рӯзи 26-уми январ гуфт, "вақте бо телефон супориш медиҳӣ, дигар хел борро мефиристанд. Баъзеаш хато меояд."

Ба "Душанбе-Урумчӣ" чӣ шуд?

Ҳукумати Чин дар аввали имсол карантини маҷбурӣ ва маҳдудияти вуруди мусофиронро ба ин кишвар бекор кард. Мусофироне, ки вориди Чин мешаванд, акнун як ҳафта дар карантин намеистанд, вале бояд то 48 соат пеш аз парвоз натиҷаи манфии коронавирус дошта бошанд.

Соҳибкорони тоҷик аз боз шудани марзи Чин хушҳоланд, аммо мегӯянд, арзиши роҳкиро гарон аст. То оғози пандемия миёни Душанбе ва Урумчӣ парвози мустақими ҳавопаймо буд. Саидбек Баротов, соҳибкори тоҷик, мегӯяд, дар аввали соли 2020 бо 3,5 ҳазор сомонӣ билети рафтуомади хатсайри Душанбе-Урумчиро гирифта буд. Акнун соҳибкорони тоҷик маҷбуранд, тавассути Русия ба Чин бираванд.

Яке аз растаҳои бозори Корвон
Яке аз растаҳои бозори Корвон

Ситора Зайвиддинова, соҳибкори дигари тоҷик, мегӯяд, сафар тавассути кишварҳои дигар ба Чин то 2 ҳазор доллар хароҷот дорад.

Парвозҳо дар самти Душанбе-Урумчи моҳи феврали соли 2020, пас аз паҳн шудани бемории COVID-19 дар Чин муваққатан баста шуд. Мусофирони асосии ин хатсайр тоҷирон буданд.

"Моли узбекӣ ба ҷойи чинӣ"?

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки баста будани марзи Чин ба бозорҳои Тоҷикистон бетаъсир намондааст. Як қисми бозор бахусус бозори либосро акнун моли Узбекистон гирифта.

Ромиз Мардонов, соҳибкори тоҷик, акнун аз Узбекистон либос меорад. Сабабшро ингуна шарҳ дод: "Мол аз Чин бисёр дер меояд. Аз Узбекистон баъди як рӯз мерасад. Сифати моли Узбекистон ҳам хуб аст, албатта, ба нархаш вобаста аст. Маҳсулоти гарон супориш диҳед, сифаташ хуб аст, арзон гиред, бесифат."

Ромиз Мардонов
Ромиз Мардонов

Сифати колоҳои узбекӣ талаботи ҳамаро қонеъ намекардааст. Ситора Зайвиддинова, соҳибкори тоҷик мегӯяд, баъзе аз мизоҷон вақте мефаҳманд, ки мол истеҳсоли Узбекистон аст аз хариди он даст мекашанд.

Чин яке аз шарикони асосии иқтисоди Тоҷикистон аст. Яке аз қарздиҳандаҳои асосияш низ. Аз Чин ба Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор номгӯйи мол ворид мешавад. Аз Тоҷикистон ба Чин ҳудуди 10 номгӯйи маҳсулот мебаранд. Солҳои охир қарзи зиёду вобастагии Тоҷикистон аз Чин танқид мешавад, вале мақомот пайваста гуфтаанд, ҳадди худро мешиносанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG