Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи харобиовар дар Эрон ҳазорон нафарро бехона кард


Дар бархе ҷодаҳои шаҳри Хуйи Эрон роҳҳо баста шудаанд.
Дар бархе ҷодаҳои шаҳри Хуйи Эрон роҳҳо баста шудаанд.

Дар заминларзаи шоми 28 январ дар шаҳристони Хуйи Озарбойҷони Ғарбии Эрон чанд деҳа хароб шудааст.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса ду нафар кушта ва беш аз 500 нафар захмӣ шудаанд. Эҳтимол шумораи захмиён ва ҳалокшудагон бештар бошад.

Заминларза баробар ба 5,3 дараҷаи ҷадвали Рихтер будааст.

Мақомоти Эрон гуфтанд, ки ба зарардидагон кумак мерасонанд.

Ҳазорон нафар дар пайи хароб шудани манзилҳои зисташон бе хона мондаанд.

XS
SM
MD
LG