Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табодули зиндониҳои миёни Украина ва Русия


Русияву Украина рӯзи 4 феврал дар бораи табодули зиндониҳо хабар доданд. Дар натиҷаи табодули навбатӣ 63 нафар ба Русия ва 116 нафар ба Украина баргашта, ҷасади ду ихтиёрии хориҷӣ, ки ба ҳангоми кори башарӣ дар шарқи Украина кушта шуданд, ба ҷониби Украина дода шуданд.

Вазорати дифои Русия бо нашри ин хабар навишт, ки дар миёни озодшудаҳо онҳое ҳам ҳастанд, ки ба “гурӯҳи заъфпазир” дохил мешаванд. Маълум нест манзур чист, вале дар хабар омадааст, ки табодули онҳо бо ёрии мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб имконпазир шуд.

Андрей Ермак, раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Украина дар Телеграм каналаш навишт, ки дар миёни озодшудаҳо “ҳомиёни Мариупол, чирикиҳои Херсон ва снайперҳои минтақаи Бахмут ҳастанд”. Ермак инчунин хабар дод, ки ҷасади хориҷиҳо ба Кристофер Меттю Перри ва Эндрю Тобиас Меттю Бегшоу тааллуқ доранд, ки якеаш аз Бритониё ва дигаре аз Зеландияи Нав мебошанд.

Инчунин ҷасади Еуҳен Кулик, як узви украинитабори Легиони фаронсавӣ ҳам ба Украина баргардонида шуд.

XS
SM
MD
LG