Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлоб низоми огаҳӣ аз офатҳои табиӣ насб мешавад. ВИДЕО


Сокинони Кӯлоб чанд сол аст, ки аз сел осеб мебинанд. Ин офати табиӣ дар баробари хароб кардани роҳу манзилҳо, ба ҷони инсонҳо ҳам хатар дорад.

Мақомоти Кӯлоб мегӯянд, ба хотири пешгирӣ аз фоҷеаҳои бештар дар оянда тасмим шуд, ки бо кӯмаку машварати СММ дар шаҳр низоми баландгӯҳои бонги хатар насб шавад. Ҳадаф ин аст, ки сокинон сари вақт аз омадани сел огаҳӣ ёфта ҷони худро наҷот диҳанд, чун бисёр ҳодисаҳои фоҷеабор маҳз аз бехабарии мардум ва набуди фурсати наҷоти ҷони инсонҳо рӯй медиҳанд.

Субҳон Усмониён, як корманди Кумитаи ҳолатҳои фақулода дар шаҳри Кӯлоб дар шарҳи ин матлаб гуфт: “Аз аввали сол мо бо ҳамроҳии як ташкилот системаи огоҳкунии аввалиндараҷаро ба роҳ мемонем”.

Насби системаи бонги хатар на танҳо дар Кўлоб, балки ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминобод ҳам ба нақша гирифта шудааст. Кӯлоб дар минтақае ҷойгир аст, ки аз чаҳор тарафаш рудхонаву наҳрҳо ҷорӣ мешаванд ва фарорасии баҳор аз мавсими хатарноктарин ба ҳисоб меравад.

Дар Кӯлоб то кунун 262 минтақаи хатарнок ва осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ сабт шудааст. Маҳз дар ҳамин минтақаҳо мардум зарару осеб мебинанд. Моҳи майи соли 2021 сел дар Кӯлоб шаш нафарро кушт ва даҳҳо хонаро вайрон кард.

Насби низоми "огаҳӣ аз офатҳои табиӣ" дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG