Дар чанд ҷумла
Теъдоди рекордии сокинони Русия ба Осиёи Марказӣ омадаанд
Дар соли 2022 теъдоди рекордии русиягиҳо ба Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Арманистон ворид шудаанд. Дар ин бора омори хадамоти марзбонии Русия шоҳидӣ медиҳанд.
Авҷи воридшавии русиягиҳо ба семоҳаи севуми соли гузашта рост омадааст. Ин ба эъломи сафарбарсоии низомӣ дар моҳи сентябр дар Русия рабт дорад, ки он замон бисёре аз русиягиҳо аз сафарбарсозӣ фирор ва аз кишварашон хориҷ шуданд.
Сомонаи хабарии "Медуза" оморҳои Хадамоти марзбонии Русияро омӯхта, ба натиҷа расидааст, ки дар соли гузашта воридшавии русиягиҳо ба Муғулистон 989%, ба Гурҷистон 475%, ба Қазоқистон 234%, ба Тоҷикистон 212%, ба Узбекистон 99% афзудааст. Ба ҷуз ин, сафари русиягиҳо ба Исроил дар соли 2022 ду баробар афзуда, ба бештар аз 100 ҳазор расидааст.
Ин оморҳо танҳо убури марзро фаро гирифтаанд, ки мумкин аст, ҳамаи онҳо аз сафарбарсозии низомӣ фирор накарда бошанд. Эҳтимол миёнашон касоне ҳам ҳастанд, ки барои истироҳат, ҳадафҳои шахсӣ ба хориҷ рафта ва дубора ба Русия баргашта бошанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамла ба Нижнекамск
Бар асари ҳамлаи паҳподӣ ба Нижнекамски Тотористон дар Русия ба камияш сездаҳ нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон, кушта шудаанд.
Мақомот дар Душанбе то кунун иттилое надоданд.
Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 10-уми август гуфт, дар натиҷаи ин ҳамла, ки Маскав кори дасти Киев медонад, "асосан шаҳрвандони хориҷӣ кушта шуданд".
"Тибқи маълумоти ибтидоӣ, дар миёни онҳо 8 шаҳрванди Узбекистон ва 1 шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд," – афзуд ӯ.
Захарова ҳувияти қурбониёнро ошкор накард, аммо илова намуд, ки "ҳудуди 20 шаҳрванди дигари хориҷӣ захмӣ шудаанд."
Ин ҳамла шаби 9 ба 10-уми август иттифоқ уфтод.
Мақомоти Русия иддао карданд, ки паҳподҳои украинӣ иншооти мулкӣ ва саноатии Нижнекамскро ҳадаф қарор додаанд.
Ситоди кулли артиши Украина мегӯяд, нерӯҳои ин кишвар ба корхонаи истеҳсоли нафти "Танеко" зарба заданд.
Кумитаи тафтишотии Русия дар пайванд ба ҳамла бо иттиҳоми “терроризм” парванда боз кард.
Дар Тотористон рӯзи мотам эълон шудааст.
Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва аз он замон даргирӣ идома дорад.
Украина тайи моҳҳои охир ва дар посух ба ҳамлаҳои Маскав корхонаҳои коркарди нафти Русияро ҳадаф қарор дода, сабаби буҳрони сӯзишворӣ дар ин кишвар гаштааст. Тоҷикистон ҳам, ки беш аз навад дарсади маводи сӯхтро аз Русия меовард, акнун дар ҷустуҷӯйи роҳҳои алтернативист.
Трамп гуфт, Амрико дар фикри фишори иқтисодии бештар ба Эрон аст
Раисҷумҳури Амрико мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида бо Эрон тамоси маҳдуд дошта, ба ҷойи амалиёти низомии нав дар фикри афзоиши фишори иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Исломӣ аст.
Доналд Трамп рӯзи 9-уми август дар мусоҳиба бо нашрияи Axios гуфт, Эрон аз назари иқтисодӣ “дар вазъияти бисёр бад” ҳаст ва барои пардохт ба нерӯҳояш пуле надорад.
Трамп таъкид кардааст, ки нархи маводи сӯхт поинтар шуда, фишори ҷанг ба мардуми Амрико коҳиш ёфтааст. Вале Аxios хотирнишон мекунад, ки тибқи назархоҳии идораҳои гуногун мардуми Амрико дар бораи ин ҷанг назари фавқулода манфӣ доранд.
Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳафтаи пеш, бинобар боз накардани оброҳаи Ҳурмуз, дар остонаи азсаргирии ҳамлаҳои густурдаи низомӣ алайҳи Эрон буд. Аxios мегӯяд, Доналд Трамп дар ин мусоҳибааш бо нашрия, ҳеч таҳдиди низомии наве матраҳ накард.
Аз оғози амалиёти Амрикову Исроил бар муқобили Эрон дар таърихи 28-уми феврали соли равон, Трамп борҳо иброз доштааст, ки созиши доимӣ бо Ҷумҳурии Исломӣ ногузир аст, аммо Теҳрон ин иддао ва ба таври муназзам ахбори пешрафт дар музокиротро рад мекунад.
Президенти Амрико рӯзи 9-уми август дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, ки Эрон ва кишварҳои Ховари Миёна дархост намудаанд, ки ҳамлаҳо ба таъхир андохта шаванд, зеро чорчӯби созиш муқаррар шудааст.
Ба қавли раҳбари Амрико, музокирот бо Эрон мисли бозии шоҳмот аст, аммо роҳи ҳалли он ҳам пайдо хоҳад шуд. Бар пояи он, ба нақли Трамп, равуои бидуни маҳдудият дар гузаргоҳи Ҳурмуз барқарор шуда, таҳдидҳои ҳастаӣ аз тарафи Эрон пурра қатъ хоҳанд шуд.
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон рӯзи 9-уми август гуфт, равуои озод дар Ҳурмуз танҳо баъд аз қабули шартҳои Эрон аз сӯйи Амрико танзим хоҳад шуд. То оғози ҷанг тахминан 20 дарсади маводи сӯхти олам тавассути Ҳурмуз ба бозорҳои ҷаҳонӣ интиқол меёфт.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
13 кушта ва даҳҳо захмӣ дар Нижнекамск. Тоҷикон ҳам ҳастанд
Дар ҳамлаи паҳподӣ ба шаҳри Нижнекамски Тотористон дар Русия 13 кас, аз ҷумла як кӯдак, кушта шудаанд.
Ҳодиса рӯзи даҳуми август рӯй дод.
Консулгарии Узбекистон дар Русия гуфт, ҳафт нафар аз ҷонбохтагон шаҳрванди ин кишвар ҳастанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тотористон хабар дод, ки дар миёни қурбониён зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд. Вале дар ҳоли ҳозир дар бораи онҳо маълумоте дар даст нест.
Шумораи захмиён беш аз ҳафтод нафар эълон шуд.
Мақомоти Русия иддао карданд, ки паҳподҳои украинӣ ба иншооти мулкӣ ва саноатии Нижнекамск зарба задаанд.
Ситоди кулли артиши Украина мегӯяд, нерӯҳои ин кишвар корхонаи истеҳсоли нафти "Танеко"-ро дар Нижнекамск нишон гирифтанд.
Дар Тотористон рӯзи мотам эълон шудааст.
Кумитаи тафтишотии Русия дар пайванд ба ин ҳамла бо иттиҳоми терроризм парванда боз кард.
Русия моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва аз он замон даргирӣ идома дорад.
Украина тайи моҳҳои охир ва дар посух ба ҳамлаҳои Русия корхонаҳои коркарди нафти ин кишварро ҳадаф қарор дода, сабаби буҳрони сӯзишворӣ гаштааст.
Тоҷикистон ҳам, ки беш аз навад дарсади маводи сӯхтро аз Русия меовард, акнун дар ҷустуҷӯйи роҳҳои алтернативист.
Шарҳи мақомот дар бораи афтидани мошин ба дарёи Варзоб
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ба дарёи Варзоб сарозер шудани нақлиёт, як нафар ғарқ шуда, ду каси дигар наҷот ёфтанд. Ҳодиса субҳи барвақти 10-уми август дар ҳудуди ҷамоати Варзобқалъа рух додааст.
Ориф Нозимиён, сухангӯйи Кумита, ба Радиои Озодӣ гуфт, Шероз Бобоев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе “аз канори роҳ берун баромада ба дарёи Варзоб сарозер шудааст”.
Дар дохили мошин ба ғайр аз ронанда ду мусофири дигар будааст.
Сухангӯи Кумита афзуд, ронанда ва як мусофири 18-сола аз дохили мошин берун баромада, аммо мусофири сеюм, ки зани 42-сола будааст, ғарқ шуд.
Мақомот мегӯянд, ҷустуҷӯи пайкар ё ҷасади ин зан идома дорад.
Ҳар тобистон дар рӯдхонаву кӯлҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд.
Навор дар Инстаграм:
Ширкати чиниро барои коркарди партовҳо ба Тоҷикистон меоранд
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои ҳалли мушкили партовҳои маишӣ, бо як ширкати чинӣ гуфтугӯ кардаанд.
Вазорати энержӣ ва захираҳои об гузориш додааст, ки вазир Далер Ҷумъа ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо роҳбарони ширкати чинии "Wangneng Environment" бархат ё онлайнӣ гап заданд.
Дар ин вохӯрӣ, масъалаи "бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе ва истеҳсоли нерӯи барқ тавассути сӯзондани партовҳо", баррасӣ шудааст.
Дар хабарномаи расмӣ гуфта нашудааст, ки мақомот бо ин ширкати чинӣ ба чӣ тавофуқ расиданд.
Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар Тоҷикистон хадамоти кашондани партовҳо асосан дар шаҳрҳои бузург амал мекунад.
Масъалаи партовҳо борҳо нигаронии ҳомиёни ҳифзи муҳити зист ва сокинонро ба миён оварда буд.
Мақомот соли 2024 ҷазоро барои андохтани партов дар ҷойҳои манъшуда сахттар кардаанд.
Навор дар Инстаграм:
Трамп: "Ба дунболи афзоиши фишори иқтисодӣ ба Эрон ҳастем"
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ИМА тамоси маҳдуде бо Эрон дорад ва ба ҷойи дастур додан ба як амалиёти низомии нав, ба дунболи афзоиши фишори иқтисодӣ ба Эрон аст.
Раисҷумҳури Амрико рӯз 9 август дар гуфтугӯ бо вебсайти Axios гуфт, Эрон аз назари иқтисодӣ "дар вазъияти бисёр баде" қарор дорад ва пуле барои пардохт ба нерӯҳояш надорад.
Ӯ таъкид кард, ки муҳосираи баҳрии Амрико бӯҳрони иқтисодии ҳукумати Эронро сахттар кардааст.
Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки ният дорад ба ҷойи дастур додан барои як амалиёти низомии нав, фишори иқтисодӣ бар Эронро афзоиш диҳад.
Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки ИМА ҳафтаи пеш дар остонаи азсаргирии ҳамлаҳои густурдаи низомӣ алайҳи Эрон бинобар боз накардани тангаи Ҳурмуз буд.
Аxios мегӯяд, Трамп дар ин мусоҳиба бо ин вебсайт, ҳеч таҳдиди низомии наве матраҳ накард.
Ӯ ҳамчунин аз ин, ки Эрон эълони созиш бо Умон барои бозкушоии тангаи Ҳумрузро ба таъхир андохтааст, ибрози хашм ва норозигӣ накард.
Мақомоти Эрон рӯзи 8 август феҳристи наве аз хостаҳоро барои иҷозаи убури киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз нашр карданд.
Мӯҳсин Ризоӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон шуд
Расонаҳои Эрон рӯзи 9 август ҳукми Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломиро нашр карданд, ки дар он Муҳсин Ризоӣ ба унвони намояндаи ӯ дар Шӯрои олии амнияти миллӣ таъйин шудааст.
Чанд соат баъд, Масъуд Пизишкиён Муҳсин Ризоиро дабири ин Шӯро таъйин кард. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Муҳаммадбоқир Зулқадр шуд. Зулқадр дар пайи кушта шудани Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъйин шуда буд.
Муҳсин Ризоӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон дар даврони ҷанги ҳашсолаи Эрон ва Ироқ буд. Ӯ дар гузашта дабири Маҷмаи тахшиси маслиҳати низом ва мушовири Алии Хоманаӣ буд.
Муҷтабо Хоманаӣ баъд аз интихоб шуданаш ба унвони раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, Муҳсин Ризоиро мушовири низомии худ таъйин кард.
Суст шудани рубл ва ихроҷи густурда таваҷҷуҳи муҳоҷиронро ба Русия кам кардааст
Як маркази таҳқиқотӣ дар Лаҳистон дар гузорише навишт, таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия коҳиш ёфтааст.
Коршиносони Маркази омӯзиши Шарқ (OSW) дар Лаҳистон дар гузориши 220-саҳифаӣ омилҳои зеринро аз сабабҳои асосии кам шудани таваҷҷуҳ ба бозори кори Русия гуфтаанд: паст шудани қурби рубл, бад шудани вазъи иқтисодӣ, афзоиши эҳсосоти зидди муҳоҷирон ва ихроҷи густурдаи муҳоҷирон пас аз ҳамла ба толори "Крокус".
Мутахассисони ин созмон ҳамчунин навиштаанд, афзоиши ҳолатҳои маҷбур кардани муҳоҷирон барои рафтан ба ҷанги зидди Украина ҳам аз сабабҳои дигари кам шудани сафари муҳоҷирон ба Русия аст.
Ба гуфтаи муҳаққиқони ин созмон, бо вуҷуди коҳиши таваҷҷуҳ, Русия ҳамоно яке аз масирҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ барои сокинони Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Чун иқтисоди бархе аз кишварҳои ОМ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамоно вобастаи пули муҳоҷирон аст.
Ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ ба 47,9 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, 18,8 дарсади ММД-и Қирғизистон ва 14,4 дарсади ММД-и Узбекистон баробар будааст.
Манбаъ мегӯяд, соли 2025 ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар маҷмӯъ қариб 29 миллиард доллар маблағ интиқол шудааст. Қисми зиёди ин маблағҳо аз Русия ворид шудааст.
Дар гузориши Маркази омӯзиши Шарқ омадааст, муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бештар ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Туркия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ рӯ меоранд.
Тибқи маълумоти "Евростат", кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар соли 2023 ба шаҳрвандони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ тақрибан 196 ҳазор иҷозаи иқомат додаанд. Қариб 78 ҳазор аз ин иҷозатномаҳо барои кор будааст. Аз ҳама бештар чунин санад ба шаҳрвандони Қазоқистон ва Узбекистон дода шудааст.
Русия мизбони миллионҳо муҳоҷири корӣ, аз ҷумла як миллион нафар аз муҳоҷирон аз Тоҷикистон аст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, солҳои ахир ҳар замон, ки мушкилоти дохилии Русия зиёд шуда, нархҳо мардумро ба танг меоранд, вакилону мақомот барқасдона масъалаи муҳоҷиратро доғ мекунанд, то афкори мардуми норозиро ба дигар самт баранд.
Талошҳои ахир ҳам барои ба самти дигар кашидани афкори умум аз ҷанги вайронгар дар Украина аст, ки норозигии мардуми худи Русия аз он беш аз пеш зиёд мешавад.
Ҷасади як ҷавонро баъди ҳашт рӯз аз дарёи Кофарниҳон ёфтаанд
Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода баъди ҳашт рӯз ҷустуҷӯ ҷасади як ҷавони 28-соларо аз дарёи Кофарниҳон пайдо кардаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, Баҳриддин Ташрипов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 31-уми июл ҳангоми оббозӣ ғарқ шуд.
Манбаъ мегӯяд, ҷасади ин ҷавонро субҳи 8-уми август пайдо карда, "барои муайян намудани сабабҳои ҳодиса ва анҷом додани амалҳои дахлдор ба мақомоти тафтишотӣ" супориданд.
Ҳар тобистон дар рӯдхонаву кӯлҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд.
Бино ба омори расмӣ, дар ним соли гузашта дар кишвар 83 нафар ғарқ шудаанд ва аз ин миён 24 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 16-сола будаанд.
Қабули таҳримҳои нав алайҳи Русия ва Эрон дар Сенати Амрико
Сенат, палатаи болоии ИМА бо аксарияти оро тарҳи ҷорӣ кардани таҳримҳои навро алайҳи Русия тасвиб кард. Ин қонун ҳамчунин ба раиси ҷумҳур Доналд Трамп салоҳият медиҳад, ки ба кишварҳои харидори нави Русия то сад дарсад боҷ ҷорӣ кунад.
Ба тарафдорӣ аз ин тарҳ 86 узви Сенат раъй дода, 11 кас мухолифи он баромаданд. Санад "Қонуни таҳримҳои Русия ва Эрон ба номи Линдси О. Грэм дар соли 2026" ном дорад ва акнун барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол мешавад.
Линдси Грэм, сенатори ҷумҳурихоҳ буд, ки аз ҷонибдорони сарсахти Украина дар Конгресс буд, моҳи июли имсол даргузашт. Ин қонун беш аз як сол боз ба далели мухолифатҳои қаблии Доналд Трамп ба таъхир афтода буд.
Санад бар иловаи таҳрими мақомҳо ва бахшҳои иқтисодии Русия, имкони ҷорӣ кардани боҷҳои сангин ба молҳои воридотӣ аз кишварҳое ба мисли Чин, Ҳинд ва бархе кишварҳои аврупоиро фароҳам мекунад, ки ҳамчунон аз харидорони аслии энержии Русия мебошанд. Ҳадаф коҳиш додани даромадҳои нафтии Маскав аст, ки барои таъмини хароҷоти ҷанги Украина истифода мешавад.
Тарҳ ҳамчунин таҳримҳои марбут ба бахшҳои энержӣ ва низомии Эронро густариш медиҳад.
Ҳанӯз рӯшан нест, ки Маҷлиси намояндагон то куҷо аз ин тарҳ ҷонибдорӣ мекунад. Бархе аз демократҳо ва ҷумҳурихоҳон аз додани салоҳиятҳои густурда ба раиси ҷумҳур нигаронанд. Онҳо мегӯянд, чунин иқдом метавонад арзиши воридот ва нархи маҳсулотро боло барад.
Сафорати Украина дар Вашингтон аз тасвиби ин тарҳ истиқбол карда ва онро иқдоми "саривақтӣ ва муҳим" барои афзоиши фишор бар Русия хондааст. Ҳомиёни тарҳ умедворанд, ки Маҷлиси намояндагон пас аз поёни таътили тобистона ин тарҳро баррасӣ кунад.
Истифода аз барномаи "Амина" барои муҳоҷирон ҳатмӣ шуд
Аз 1-уми сентябри соли 2026 истифода аз барномаи мобилии "Амина" барои тамоми "хориҷиҳо, ки вурудашон ба Русия бе виза амалӣ мегардад", ҳатмӣ мешавад. Замимаи "Амина" маълумот дар бораи макони муҳоҷиронро дар шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он, ба Вазорати корҳои дохилии Русия мефиристад.
Намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар хабарномае навишт, минбаъд "Амина" ягона воситаи бақайдгирӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав хоҳад буд. Ноболиғон барои гирифтани иҷозаи иқомати муваққат, бояд ба намояндагиҳои Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҷойи зисташон муроҷиат кунанд.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав ба хабаргузории давлатии ТАСС гуфтааст, истифода накардан аз барномаи "Амина" ҳамчун нақзи низоми муҳоҷират арзёбӣ шуда, муҳоҷир метавонад барои ин кор ихроҷ шавад.
"Бо ин роҳ мо аз тамоми ҳаракатҳои ӯ огоҳ мешавем — рӯзона медонем, ки дар куҷо кор мекунад, куҷо қарор дорад, шабона медонем, ки дар куҷо хоб мекунад ва чӣ гуна ҳаракат мекунад. Аз ин рӯ, мо тамоми тағйири макони ӯро медонем. Дар сурати ба миён омадани масъалаҳои марбут ба фаъолияти идораи андоз ё хадамоти муҳоҷират, мо ҳамеша медонем, ки ин шахс дар куҷо кор ва зиндагӣ мекунад," - гуфтааст шаҳрдори Маскав.
Ба гуфтаи Сергей Собянин, мақомоти Русия дар ояндаи наздик низоми назорати биометрии шаҳрвандони хориҷиро дар 11 минтақаи кишвар ҷорӣ хоҳанд кард.
Собянин гуфтааст, "имрӯз дар марз низоми назорати биометрӣ таъсис дода шудааст. Ҳангоми убури марз ҳар як муҳоҷир маълумоти биометрии худ, аз ҷумла изи ангушт месупорад, акси ӯро мегиранд ва аз ин тариқ минбаъд ҳамеша метавон шахсияти ӯро муайян кард", - гуфтааст шаҳрдори Маскав.
Ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, то нимаи моҳи декабри соли 2025 беш аз 139 ҳазор нафар бинобар набудани маълумот дар бораи макони зисташон дар замимаи "Амина", аз қайди муҳоҷират хориҷ карда шудаанд. Тибқи қоидаҳои амалкунанда, агар маълумот дар бораи маҳалли будубоши муҳоҷир беш аз се рӯзи корӣ ба низом ворид нашавад, ӯ аз қайди муҳоҷират хориҷ карда мешавад.
Тибқи нақшаи мақомот, дар оянда ин замима бояд ба як низоми комили хизматрасонӣ табдил ёбад. Тавассути он пардохти маблағи иҷозатномаи кор ё патент, гирифтани навбат барои қабул дар маркази муҳоҷират ва истифода аз дигар хизматрасониҳо имконпазир хоҳад шуд.
Аммо ҳомиёни ҳуқуқ бар ин назаранд, ки дар паси осонии ваъдашуда низоми назорати рақамӣ пинҳон аст. Ба гуфтаи онҳо, ин низом бо мурури замон метавонад аз доираи масъалаҳои муҳоҷират берун рафта, тамоми аҳолии Русияро фаро гирад.
Аз марги овозхон Баҳром Ғафурӣ шаш сол гузашт. Вай имсол 50-сола мешуд
Аз марги Баҳром Ғафурӣ, овозхони тоҷик, шаш сол гузашт. Вай дар як садамаи нақлиётӣ субҳи 7 августи соли 2020 фавтид. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон он замон гуфта буд, ки садама дар наздикии Донишгоҳи омӯзгорӣ дар шаҳри Душанбе рух додааст.
Вазорат гуфта буд, ронандаи мошини “Ландкрузер-200” Ислом Анварзода, ки он замон муовини додситони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буд, “суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи “Камаз” бархӯрдааст”.
Дар пайи он садама Баҳром Ғафурӣ фавтида, Ислом Анварзода ва як мусофири дигари мошин – Баҳодур Зарипов ҷароҳат бардошта буданд.
Баҳром Ғафурӣ замоне, ки вафот кард, 44 сол дошт. Вай имсол 50-сола мешуд.
Ӯ аз ҳунармандони ангуштшумор буд, ки солҳои 2011-2014 ду дафъа ҷоизаи бонуфузи Big Music Awards-и Амрико ба даст овард. Баҳром Ғафурӣ аз сарояндаҳои шинохтаи эстрадаи тоҷик буд.
Занеро, ки хостааст писарашро бифурӯшад, зиндонӣ кардаанд
Додгоҳе дар Узбекистон як занро, ки хостааст, писарашро дар ивази 3300 доллар ба ҷуфти дигаре фурӯшад, ба севуним сол зиндон маҳкум кардааст.
Ҳукми Додгоҳи шаҳри Тирмиз, маркази вилояти Сурхондарё, рӯзи 5-уми август содир шуд.
Ба гузориши расонаҳои Узбекистон, гумонзад ба ҷиноят бо харидор дар мавриди фурӯши кӯдак ба мувофиқа расидаанд ва харидор бояд дар аввал 20 миллион сӯм мепардохт ва бақияро пас аз қонунӣ кардани санадҳои кӯдак мефиристод.
Расонаҳои Узбекистон навиштаанд, ки зан дар додгоҳ ба гуноҳи худ иқрор шуда, гуфтааст, аз ночорӣ ва ба сабаби қарздорӣ, надоштани хона ва ҷудо шудан аз шавҳараш хостааст, ҷигарбанди худро ба каси дигар фурӯшад.
Вай аз додгоҳ хостааст, барои дур намондан аз ду кӯдаки дигари ноболиғаш ҳукми ӯро сабуктар кунанд.
Модари тифлро ҳангоми овардани писараш барои мулоқот ба пеши харидор ва гирифтани қисмате аз пул мақомоти интизомӣ дастгир кардаанд. Додгоҳ занро ба “одамфурӯшӣ” гунаҳкор донистааст.
Пештар аз ин, додгоҳе дар Фарғона зану шавҳареро барои талоши фурӯхтани кӯдаки навзодашон ба панҷсолии зиндон маҳкум карда буд. Ба иттилои Додгоҳи олии Узбекистон, ин зану шавҳар мехостанд, пули бадастомадаро барои пардохти қарзҳои бонкияшон сарф кунанд.
Нақшаи Тоҷикистон барои насби дастгоҳҳои “Starlink” дар гӯшаҳои дурдаст
Оҷонси инноватсияи Тоҷикистон аз баррасии “Харитаи роҳи ҳамкорӣ” бо масъулони ширкати “Starlink” хабар додааст. Ин мулоқоти бархат ё онлайнӣ 5-уми август гузашт.
Ба гузориши Оҷонсӣ, бар асоси ин нақша “истифодаи интернети моҳвораӣ барои муассисаҳои тандурустию маориф ва хидматрасониҳои давлатӣ дар минтақаҳои дурдаст” дар назар аст.
Манбаъ мегӯяд, бо ширкати “Starlink” “ба мувофиқа расиданд, ки корро дар бораи таҳия ва татбиқи Харитаи роҳ” идома диҳанд.
Ҷузъиёти бештар дар ин бора расонаӣ нашудааст.
Мақомдорони ҳукумати Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2025 хабар доданд, ки дар ҷараёни сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико, бо ширкати “Starlink” созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд.
“Starlink”, як бахши ширкати “SpaceX”-и триллионер Илон Маск аст, ки хадамоти интернети моҳвораӣ пешниҳод мекунад.
Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, моҳи июли имсол дар нишасти хабарӣ гуфт, бо ҳадафи таъмини дастрасӣ ба интернет дар минтақаҳои дурдаст ба ширкати “Starlink” иҷозатнома доданд.
Навор дар Инстаграм:
Нашри китоб дар бораи навраси кушташудаи тоҷик дар Русия
Як шоири тоҷик дар бораи Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки ҳашт моҳ пеш дар Русия ба таври ваҳшиёна кушта шуд, китоб навиштааст.
"Достони Қобилҷон"-и шоир Салоҳиддин Мирзозода дар нашриёти "Эр-Граф" бо теъдоди 200 нусха чоп шуд.
Нилуфар Сафоева, модари Қобилҷон Алиев, ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, китоб аз пешгуфтор ва достони шеърӣ дар бораи писараш иборат аст.
Қобилҷон Алиеви даҳсола рӯзи 16-уми декабри соли 2025 дар мактаби ноҳияи Одинтсово дар вилояти Маскав кушта шуд.
Ҳамлавари ноболиғ бо корд ба мактаб ворид шуда, аввал посбони мактаб ва сипас Қобилҷонро теғ зад.
Қатли навраси тоҷик вокуниши зиёдеро дар ҷомеа барангехт ва сабаб шуд, ки мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати умури хориҷӣ ин қазияро бо ҳукумати Русия дар миён бигузоранд.
Бо гузашти ҳашт моҳ то ҳол мурофиаи додгоҳии нафари муттаҳам ба қатли Қобилҷон Алиев оғоз нашудааст.
Гуфтугӯ