Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҷасади Аҳмадалӣ Нуровро ба наздиконаш дар Тоҷикистон дод


Аҳмадалӣ Нуров. Аксро наздиконаш ба Радиои Озодӣ фиристоданд
Аҳмадалӣ Нуров. Аксро наздиконаш ба Радиои Озодӣ фиристоданд

Мақомоти Русия ҷасади як шаҳрванди зиндонии Тоҷикистонро, ки дар ҷанг дар Украина кушта шудааст, ба наздиконаш доданд.

Пайвандони Аҳмадалӣ Нурови 34-сола ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ӯ шаш моҳ боз бедарак аст ва зинда ё мурда буданаш маълум нест. Ба гуфтаи онҳо, ӯ дар тирамоҳи соли гузашта ба ҷанги Русия дар Украина бурда шуд.

Яке аз наздиконаш гуфт, рӯзи 5-уми март ҷасади ӯро ба Тоҷикистон фиристоданд ва дар зодгоҳаш, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, дафн карданд.

Ҳангоми супурдани ҷасад дар бораи чӣ тавр ва дар куҷо кушта шудани Аҳмадалӣ Нуров маълумот надодаанд.

Ин ҷавони тоҷик ду сол пеш ба иттиҳоми даст доштан ба фурӯши маводи мухаддир дар Русия шаш сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои дарёфтӣ, соли гузашта даҳҳо зиндонии тоҷик дар Русия ба ҷанги Украина бурда шудаанд.

То кунун номи беш аз 10 зиндонии кушташудаи тоҷик дар ҷанги Русия дар Украина расонаӣ шудааст. Ҷасади баъзе аз онҳоро ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон додаанд. Қабри як нафари дигар дар яке аз оромгоҳҳои маъруф ба “вагнериҳо” дар Маскав ёфт шуд.

Зиндониёнро бештар гуруҳи “Вагнер” ба ҷанг ҷалб мекунад, ки он ба як сарватманди наздик ба Путин дахл дорад. Ин ширкатро дар ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мекунанд.

“Вагнер” зиндониёнро бо пешниҳоди афв ва озод кардан аз ҷавобгарӣ ба ҷанги Украина мебарад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG