Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарс аз боло рафтани арзиши пиёз зиёдтар шудааст. ВИДЕО


Чаро пиёз дар Тоҷикистон "ҷанҷолӣ" шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Пас аз тасмими мақомоти Тоҷикистон барои мубодилаи пиёз бо гандуми Қазоқистон, баҳси гаронии ин навъи маҳсулот дар бозорҳои кишвар дубора доғ шудааст.

Тоҷирон мегӯянд, ҳар килои пиёзро аз 4 то 11 сомонӣ мефурӯшанд, вале сокинон розӣ нестанду қаҳру хашмашонро ба сари онҳо мерезанд.

Вазорати кишоварзӣ аз ҳосили ками пиёз мегӯяд, деҳқонҳо аз набудани ҷадвалу нақшаи солона.

"Харидорон шикоят мекунанд, ки чаро арзиши пиёз гарон аст. Мегӯянд, харидан мушкил шудааст. Мо ҳам мегӯем, аз деҳқон пиёз гирифтан ҳам осон нест," – нақл кард як тоҷир дар Хуҷанд рӯзи 13-уми март.

Кишоварзони тоҷик умед доранд, ки ба зудӣ ҳосили нави пиёз дастрас ва баҳси ин навъи маҳсулот, ки тоҷикон дар буданаш ашк мерезанду набуданашро таҳаммул надоранд, ҳал хоҳад шуд.

Сафаралӣ Ҷӯраев, деҳқон аз вилояти Суғд, гуфт, "ба сабаби онки солҳои гузашта нархи пиёз поин рафт, ба хориҷа фурӯхта намешуд, деҳқонон бисёр зиён диданд ва кишти онро бас карданд."

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон нақшаи истеҳсоли пиёз 727 ҳазор тонна пешбинӣ шуда буд, аммо 672 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд.

Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар соли 2022 нисбат ба як сол қабл бештар аз 2500 гектар камтар пиёз кишт шуд.

Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Раёсати кишоварзии Суғд, мегӯяд, "камшавии кишти пиёз дар ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов дида шуд."

Пиёз яке аз маҳсулоти серистеъмол барои оилаҳо дар Тоҷикистон аст ва ҳар гуна тағйири нархи он мавриди таваҷҷӯҳи мардум қарор мегирад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG