Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гиреҳи нав дар буҳрони Украина: Аввал оташбас ё музокирот?


Владимир Зеленский, Доналд Трамп ва Владимир Путин
Владимир Зеленский, Доналд Трамп ва Владимир Путин

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский даъват кардааст, ки барои музокирот бо Русия “фавран розӣ шавад”. Киев ва кишварҳои ғарбӣ пойфишорӣ доранд, ки аввал оташбаси 30-рӯза ҷорӣ шавад, то фурсате бошад, ки гуфтугӯҳои дипломатӣ анҷом шаванд.

Владимир Путин нимашаби 11-уми май пешниҳод кард, ки музокироти мустақими Русия ва Украина азсар гирифта шавад. Путин хостори он шуд, ки гуфтугӯ аз рӯзи 15-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия оғоз шавад. Ҷойе, ки соли 2022 намояндагони Русия ва Украина бори ахир рубарӯ суҳбат карда буданд.

Доналд Трамп 11-уми май дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social навишт, ки мақомоти Украина бояд ба музокираи пешниҳодкардаи Русия “фавран розӣ шаванд.” Трамп дар ин навиштаи худ ба шарти калидии Украина, яъне оташбаси 30-рӯза чизе ишора накардааст.

Ин дар ҳолест, ки оташбас аз ҷониби раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дастгирӣ шуда, бо Амрико низ мувофиқа шуда буд. Раиси ҷумҳури Русия гуфт, баррасии масъалаи оташбас дар Истанбул мантиқӣ аст.

“Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия хоҳони оташбас бо Украина нест, ҷойи ин Путин пешниҳод кардааст, ки рӯзи панҷшанбе дар Туркия барои музокирот дар бораи поёни эҳтимолии хунрезӣ мулоқот кунанд. Украина бояд фавран ба ин вохӯррӣ розӣ шавад. Дар ин музокирот ҳадди ақал фаҳмидан мумкин аст, ки оё созиш имконпазир аст ё не. Дар акси ҳол, раҳбарони Аврупо ва ИМА вазъиятро дақиқ хоҳан донист ва мувофиқи он амал мекунанд,»-навиштааст Трамп.

Дар айни ҳол раисиҷумҳури Амрико илова кардааст, ки "шубҳа дорам, ки Украина метавонад бо Путин ба созиш биёяд".

Президенти Украина Владимир Зеленский баъд аз изҳори назари Трамп дар Телеграм навишт, Украина аз 12-уми май интизори «оташбаси комил ва пойдор аст, то шароити шароити зарурӣ барои гуфтугӯҳои дипломатӣ фароҳам шавад.»

Зеленский ҳамчунин навиштааст, омода аст, ки бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Туркия шахсан гуфтугӯ кунад. «Рӯзи панҷшанбе Путинро шахсан дар Туркия интизорам. Умедворам, ки ин бор русҳо ягон баҳона пеш намеоранд, барои онки наметавонанд,»-навиштааст Зеленский.

Раиси ҷумҳури Украина мустақим ба навиштаи Трамп вокунише накардааст.

Дар ҳамин ҳол Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар суҳбат бо Путин аз омодагии кишвараш барои мизбонии музокироти Русия ва Украина хабар додааст.

Охирон гуфтугӯҳои Маскав ва Киев соли 2022 маҳз дар Истанбул баргузор шуда, бидуни натиҷа ба анҷом расида буд.

XS
SM
MD
LG