Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА. Баҳси нави мухолифон ва намояндагони ҳукумати Тоҷикистон. ВИДЕО


Дар акс: Яҳё Валиев, котиби дуюми намояндагии Тоҷикистон дар Вена (чап); Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи “Гурӯҳи 24”
Дар акс: Яҳё Валиев, котиби дуюми намояндагии Тоҷикистон дар Вена (чап); Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи “Гурӯҳи 24”

"Гурӯҳи 24" мегӯяд, намояндаи ҳукумати Тоҷикистон дар як нишасти САҲА ба аъзояш фишор овард ва сухани онҳоро "бурид". Бахусус, "замоне ки гап дар бораи зиндонӣ шудани 7 рӯзноманигор ва блогер дар Тоҷикистон мерафт". Мақомоти Тоҷикистон расман шарҳ надодаанд. Як ҳамсуҳбати мо дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфт, "радду бадалеро надиданд".

Нишасти "Озодии расонаҳо" рӯзи 13-14-уми март дар Австрия гузашт. Дар онҷо коршиносону хабарнигорон ва намояндагони давлату созмонҳои сиёсӣ иштирок доштанд.

Бино ба наворе, ки Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми март дид, намояндаи давлати Тоҷикистон ба суханронии узви "Гурӯҳи 24" эътироз кардааст. Фаъолияти ин созмон дар кишвар мамнуъст.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор аз "Гурӯҳи 24" рӯзи 15-уми март гуфт, "вақте дар бораи ҳабси Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева ва фаъолони дигари Бадахшон суҳбат мекардам, микрофон баста шуд. Бо пешниҳоди намояндаи ҳукумати Тоҷикистон."

Мақомоти Тоҷикистонро дар нишаст Яҳё Валиев, котиби дуюми намояндагии кишвар дар Вена намояндагӣ дошт. Мавқеи ӯ маълум нест, аммо дар навор гуфтааст, узви "Гурӯҳи 24" аз мавзуъ берун шуд.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор мегӯяд, дар навбати худ эътирозашро ба рафтори намояндаи давлати Тоҷикистон баён дошт: "Ба иштирокдорон гуфтам, бинед, ҳатто дар Аврупо ҳарфҳои моро мебуранд. Намояндаи САҲА баъди огоҳӣ аз масъала гуфт, каме нофаҳмӣ шуд. Аз намояндаи ҳукумат хост, шикояте дорад, ба мизи махсус расонад, вале буридани суҳбат иҷоза нест. Имкон доданд, дубора суҳбатамро идома диҳам."

Як масъули САҲА, ки дар ҷаласа иштирок дошт, вале салоҳияти суҳбат бо матбуотро надорад, гуфт, на барандаи ҷаласа ва на масъулони дигари созмон "бурида шудани ҳарфи иштирокдоронро" мушоҳида накардаанд.

"Ҷаласаи арзёбии ченакҳои инсонӣ минбари озод барои гурӯҳҳои сиёсӣ, ҳукуматҳо ва фаъолон аст. Шарт танҳо ин аст, ки иштирокдорон расман сабтином шуда, ба ҷаласа биоянд. Дар ин сурат, минбари суҳбат барои ҳама аз рӯйи нақша озод аст," – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ин мавриди нахустин нест, ки дар нишастҳои САҲА дар Аврупо миёни намояндаҳои мухолифон ва ҳукумати Тоҷикистон радду бадал мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон бори аввал соли 2016 аз роҳ ёфтани мухолифони сиёсияш ба нишасти САҲА дар Варшава, ки бо намояндаи давлат вориди баҳс шуданд, ба хашм омад. Қаҳри мақомот аз он буд, ки ба шахсони, ба гуфтаи онҳо, таҳти ҷустуҷӯ ва муттаҳам ба терроризму ифротгароӣ минбар додаанд.

Бо вуҷуди ҳушдорҳои Тоҷикистон, намояндагони мухолифон ба нишастҳои дигари САҲА роҳ ёфтанд. Соли гузашта ҳайати расмии Тоҷикистон ба ҷаласаи Варшава наомад. Ҷое, ки вазъи ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон танқид ва "ҷорӣ кардани таҳрим" ба зидди Душанбе садо дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG