Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ амр дод, ки Путин боздошт шавад


Владимир Путин
Владимир Путин

Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ (International Criminal Court) дар Гаага амр дод, ки президенти Русия Владимир Путинро боздошт кунанд. Сабабашро ба рӯйдодҳои Украина пайванд дод.

Додгоҳ дар изҳороте рӯзи 17-уми март гуфт, ҳукми боздошти Мария-Лвова Белова, ваколатдори ҳуқуқи кӯдаконро дар Русия низ содир кард.

Ҳарду ба маҷбурӣ бурдани кӯдакон аз минтақаҳои ишғолии Украина ба Русия гумонбар ҳастанд. Чизе, ки ба навиштаи Додгоҳи Байнулмилалӣ, "мустақим, якҷоя бо дигарон ва ё тавассути дигарон" иҷро шудааст.

Ҳарчанд амри боздошти Владимир Путин эътибори ӯро дар доираҳои байнулмилалӣ кам мекунад, маълум нест, чӣ гуна иҷро хоҳад шуд.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт, дастури боздошти Путин "қадами аввал барои поён додан ба беҷазоӣ аст".

Андрей Костин, додситони кулли Украина, тасмимро "таърихӣ" хонд ва гуфт, чиҳил ҷилд парвандаро дар бораи ихроҷи иҷбории беш аз 16 ҳазор кӯдаки украинӣ аз Донетску Луҳанск, Харков ва Херсон ба Русия ба Додгоҳи Байнулмилалӣ супурданд.

Вай афзуд, ҳоло президенти Русия расман мақоми гумонбар ба ҷинояти байнулмилалиро дорад: "Ин ба он маъност, ки Путин дар хориҷ аз Русия бояд боздошт ва ба додгоҳ бурда шавад. Раҳбарони ҷаҳон пеш аз фишурдани дасти ӯ ва ё нишастан дар сари мизи музокира чанд бор фикр мекунанд."

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, гуфт, амри Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ "барои кишвари мо, аз ҷумла аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ҳеч маъно надорад".

Русия рӯзи 24-уми феврали соли 2022 бедалел ба хоки Украина ҳамла кард ва аз он замон даргирӣ идома дорад.

Расонаҳои давлатии Русия ҳамлаи низомиро ба Украина "амалиёти вижа " мехонанд. Киев ва кишварҳои ғарбӣ "таҷовуз"-и ошкор ба тамомияти арзии як кишвари мустақил медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG