Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон гуфт, дигар мухолифи пайвастани Финландия ба НАТО нест


Саули Ниинисто, раиси ҷумҳури Финландия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар рӯзи 17-уми март дар шаҳри Анкара.
Саули Ниинисто, раиси ҷумҳури Финландия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар рӯзи 17-уми март дар шаҳри Анкара.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфт, ҳукуматаш аризаи Финландия барои пайвастан ба НАТО-ро тасвиб хоҳад кард, ки ба маънии боз шудани роҳи Финландияро барои пайвастан ба ин паймони низомист. Ӯ дар ин бора пас аз мулоқоташ бо Саули Ниинисто, раиси ҷумҳури Финландия ва дар рӯзи 17-уми март, дар шаҳри Анкара хабар дод.

Финландия ва Шветсия, ки даҳсолаҳо боз узви НАТО набуданд, 10 моҳ пеш ва пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина барои узвият дар ин созмон ариза доданд. Барои қабули онҳо бояд тамоми 30 кишвари узв ризоият бидиҳад, вале дар ин миён то кунун Туркияву Маҷористон дархости ҳардуро тасвиб накардаанд.

Ҳукумати Туркия ҳарду Шветсия ва Финландияро ба он муттаҳам мекард, ки ба гуруҳҳои курд паноҳгоҳ дода ва онҳоро террорист намешуморанд. Эрдуғон дар нишасти хабарӣ дар Анкара гуфт, ки Ниинисто барои иҷрои аҳдҳояш “тадобири мушшаххас” андешидааст.

XS
SM
MD
LG