Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини пешини сарвазири Қирғизистон боздошт шуд


Дуйшенбек Зилалиев
Дуйшенбек Зилалиев

Муовини пешини сарвазири Қирғизистон Дуйшенбек Зилалиев то 15-уми майи соли 2023 ба ҳабс гирифта шуд.

Самат Матсаков, вакили дифои Зилалиев, гуфт, парвандаи алайҳи шахси зери ҳимояаш "сохта" аст ва гуё ҳатто муовини пешини сарвазири Қирғизистон намедонад, ки зидди ӯ кӣ шикоят кардааст. Мақомот низ ба мулоқоти рӯбарӯи ӯ бо даъвогар иҷозат надодаанд.

"Зерҳимояи ман ҳеч гоҳ даъвогарро надидааст. Зилалиев мегӯяд, чунин ҳолат аслан рух надодааст. Ин шикоят бо сабабҳое шаш сол баъд сурат гирифтааст. Ӯ то ҳол дар куҷо буд, номаълум аст", - афзуд вакили дифоъ.

Расонаҳо аз боздошти Зилалиев 16-уми март хабар доданд. Тибқи иттилои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, гӯиё Зилалиев дар замони раиси Кумитаи саноати он кишвар будан барои додани иҷозатнома ба истихроҷи маъдане аз шаҳрванд Б.Р. 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аммо онро надодааст.

Дуйшденбек Зилалиев моҳи октябри соли 2018 ҳам барои "расонидани хабари дуруғ дар бораи амали террористӣ" шартан се сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG