Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси рӯзноманигори норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи Қазоқистон


Рӯзноманигор аз шаҳри Алмато Думан Муҳаммадкарим, ки норозигии худро ба натиҷаҳои интихоботи пешазмуҳлати порлумонии Қазоқистон баён кард, 25 шабонарӯз ҳабс шуд.

Вакили дифои рӯзноманигор Галим Нурпеисов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, шахси зери ҳимояи ӯро ба "нақзи тартиби ташкил ва баргузории ҷамъомадҳои осоишта" муттаҳам карданд.

Хабари ҳабси Думан Муҳаммадкаримро ҷонибдоронаш рӯзноманигор Динара Егеубаева ва фаъоли маданӣ Алнур Иляшев тасдиқ карданд. Мақомоти Алмато то ҳол ҳабси рӯзноманигорро шарҳ надодаанд.

Муҳаммадкарим 20-уми март дар нишасти хабарие дар Алмато норозигии худро ба натиҷаи интихоботи порлумонии Қазоқистон, ки 19-уми март баргузор шуд, баён кард. Вай аз сокинон даъват кард, ки ба нишони эътироз даст ба тазоҳуроти осоишта бизананд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG