Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи бесарнишинҳои Русия ба вилоятҳои Украина


Нерӯҳои Русия шаби 21 ба 22-юми март тавассути бесарнишинҳои худкуши "Shahed" ба Украина ҳамла карданд.

Дар натиҷа се сокини осоишта ҷон бохта, ҳафт тани дигар, аз ҷумла як кӯдаки 11-сола захмӣ шудаанд.

Дар вилоятҳои Киев, Черниҳов, Сумская, Полтава, Черкассӣ, Житомир ва Хмелнитскийи Украина бонги хатари ҳавоӣ зада шуд ва низомҳои зиддиҳавоӣ фаъол гаштанд.

Бино ба иттилои маъмурияти вилояти Киев, яке аз бесарнишинҳои нерӯҳои Русия иншооти маданиеро нишон гирифтааст.

Дар фармондеҳии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина гуфтанд, ки низомиёни Русия аз ҳудуди вилояти Брянск бо 21 бесарнишини худкуши навъи "Shahed-131/136" ҳамла карданд. Онҳо тавонистаанд, 16 бесарнишинро сарнагун кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG