Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи ИМА ба изҳороти Путин вокуниш кард


Вазорати корҳои хориҷии ИМА
Вазорати корҳои хориҷии ИМА

ИМА ба изҳороти Владимир Путин, президенти Русия, дар мавриди ҷо кардани силоҳи ядроӣ дар Беларус вокуниш кард.

Ведант Пател, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба телевизиони CNN гуфтааст, ки вазъро назорат доранд, вале ҳеч нишони истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар Украинаро намебинанд. Ӯ гуфтааст, ки Вашингтон зарур намедонад, ки нерӯи ҳастаишро дар ҳолати омодабош қарор диҳад.

Донишгоҳи амрикоии омӯзиши ҷанг суҳбати Путин бо расонаҳо дар ин бораро "амалиёти навбатии иттилоотӣ" номидааст.

Коршиносони ин донишгоҳ гуфтаанд, ки Путин бо ин роҳ мехоҳад, шарикони ғарбии Украинаро тарсонад.

Рӯзи шанбе дар шабакаи давлатии "Россия-24" суҳбат бо Путин нашр шуд. Ӯ дар ин суҳбаташ гуфт, ки бо дархости Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, дар ин кишвар силоҳи ҳастаӣ ҷо мекунанд. Ӯ гуфт, сохтани анбор барои нигаҳдории ин навъи силоҳ якуми июл ба поён мерасад.

Путин ҳамчунин гуфт, ки Русия се баробар бештар аз Украина силоҳ истеҳсол мекунад.

Русия як сол пеш бедалел ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг миллионҳо нафар овора ва ҳазорон нафар кушта шуданд.

Аксар кишварҳои дунё ҳамлаи Русия ба Украинро маҳкум ва нисбат ба Русия таҳрим ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG