Дар чанд ҷумла
Бонки Ҷаҳонӣ беш аз 37 миллион долллар ба Тоҷикистон кумак кард
Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ ба Тоҷикистон 37,5 миллион доллар кумак кардааст.
Дар хабарномаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки рӯзи 27-уми март нашр шудааст, гуфта мешавад, ин маблағ барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии хонаводаҳои осебпазир дар Тоҷикистон равона шудааст.
Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷикистон аз болоравии нарх, афзоиши бекорӣ бештар зиён мебинанд ва ба ғизои дуруст дастрасӣ надоранд.
Ин маблағ тибқи барнома ҳамчун кумаки якдафъаина бояд ба 110 ҳазор хонаводаҳои камбизоат расонида шавад.
Феълан, Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 25 барномаро дар ҳаҷми 1,59 миллиард доллар амалӣ мекунад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Гузоришҳо аз шунида шудани чанд таркиш дар Теҳрон
Хабаргузории нимарасмии "Меҳр" ва дигар расонаҳои эронӣ аз шунида шудани чанд таркиш дар бахшҳое аз Теҳрон дар рӯзи 15 март хабар доданд.
Тибқи хабарҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, сокинони бахшҳои гуногуни пойтахти Эрон гуфтанд, ки чанд таркиши сахтро шунидаанд ва бархе аз онҳо ба андозае қавӣ буданд, ки боиси ларзиши биноҳо ва шишаҳо шуданд.
Бештари гузоришҳо аз ҷануб, ҷануб-ғарб ва маркази Теҳрон фиристода шудааст. Бархе шоҳидон ҳамчунин аз мушоҳидаи паҳбодҳо ва ҷангандаҳои дар ҳоли парвоз дар осмони Теҳрон хабар додаанд. Тибқи гузоришҳо, дар бархе минтақаҳо барқ хомӯш шудааст.
Бар пояи хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, таркишҳо дар чандин макони дигар, аз ҷумла, Исфаҳон, Санандаҷ ва ҷазираи Кеш, низ шунида шудааст.
Хабаргузории "Форс" ҳамчунин гузориш дод, ки як толори гуштингирӣ дар минтақаи Теҳронсер дар як ҳамлаи ҳавоӣ осеб дидааст. Ин хабаргузорӣ ҳамчунин иддао кард, ки беш аз 15 коргар дар ҳамла ба як минтақаи саноатӣ дар Исфаҳон кушта шудаанд.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ наметавонад ин гузоришҳоро ба таври мустақил тасдиқ кунад.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Форс" гузориш дод, ки 20 нафар ба иттиҳоми "фиристодани маълумот дар мавриди ниҳодҳои амниятӣ, низомӣ ва пулис" ба Исроил, боздошт шудаанд ва наворҳоеро аз ончӣ, эътирофи боздоштшудагон хонд, нашр кард.
Ин хабаргузорӣ, ки ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ наздик аст, ҳамчунин дар поёни рӯзи 14 март паёме нашр кард, ки дар он омадааст, "барои афзоиши шумори истҳои бозрасӣ ба довталабони бештаре ниёз аст".
Вебсайти Semafor: Коҳиши қобили таваҷҷуҳи сомонаи дифои ҳавоии Исроил
Вебсайти хабарии Semafor рӯзи 14 март дар гузорише ба нақл ба мақомҳои амрикоӣ, ки ба номашон ишора накард, навишт, Исроил ҳафта гузашта ба Амрико дар бораи "коҳиш"-и муҳимоти раҳгирӣ дар сомонаи дифои мушакии худ иттилоъ додааст.
Ба навиштаи Semafor, шумори мушаки раҳгириии мушакҳои баллистикӣ дар анборҳои Исроил "бисёр кам" аст.
Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки шаҳрҳои Исроил ҳамчунон ҳадафи мушакҳои баллистикии Эрон қарор мегирад, ҳарчанд тибқи гузоришҳо, шумори мушакҳое, ки аз Эрон ба тарафи Исроил партоб шудаанд, нисбат ба ҳафтаи аввали оғози ҷанг "ба шакли чашмгир" кам шудааст.
Як мақоми амрикоӣ ба Semafor гуфтааст, аз ин масъала огоҳӣ дошта, артиши Амрико худ бо ин рӯбарӯ нест.
Ин дар ҳоле аст, ки коршиносон пештар ишора кардаанд, ки дар сурати тӯлонӣ шудани ҷанг, ҳамеша пеш омадани камбуди захираи аслиҳаи кишварҳо, аз ҷумла Исроил ва Амрико вуҷуд дорад.
Semafor навиштааст, ки маълум нест Амрико камбуд дар анборҳои аслиҳаи Исроилро бартараф хоҳад кард ё не.
Чанд кишвари арабӣ аз ҳамлаҳои нави Эрон хабар доданд
Вазорати дифои Арабистони Саудӣ эълон кард, ки шоми 14 март шаш мушаки баллистикиро бар фарози вилояти Ар-Харҷ раҳгирӣ ва аз байн бурдааст. Мақомҳо ҳачунин гуфтанд, чанд паҳбоди дигар соате пеш аз он, дар шарқи ин кишвар, раҳгирӣ шудаанд.
Пойгоҳи ҳавоии "Султон Шоҳзода", ки нерӯҳои Амрико низ аз он истифода мекунанд, дар минтақаи Ал-Харҷ қарор дорад ва аз оғози ҷанг борҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.
Дар Кувайт Созмони ҳавопаймоии ин кишвар эълон кард, Фурудгоҳи байналмилалии ин кишвар шоми шанбе ҳадафи ҳамлаи чанд паҳбод қарор гирифт, ки ба системаи радарии он осеб зад, аммо аз захмӣ шудани афрод гузорише нашр нашуд. Кувайт ҳамчунин ба таври муваққат ҳарими ҳавоии худро баст.
Дар Имороти Муттаҳидаи Араб низ системаи дифои ҳавоӣ як паҳбодро дар Фуҷайра раҳгирӣ кард, аммо суқути пораҳои он боиси сӯхтор шуд.
Дафтари расонаҳои Фуҷайра эълон кард, амалиёти хомӯш кардани оташ ҳамчунон идома дорад ва як шаҳрванди Урдун ҷароҳати сабук бардоштааст. Бандари Фуҷайра яке аз марказҳои муҳими захирасозӣ ва интиқоли нафт ба минтақа ба шумор меравад.
Вазорати дифои Қатар низ эълон кард, ин кишвар рӯзи шанбе ҳадафи чаҳор мушаки баллистикӣ ва чанд паҳбод қарор гирифт, ки ҳамаи онҳо аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳи Қатар раҳгирӣ ва аз байн бурда шуданд.
"Тахриби 56 музей ва бинои таърихӣ" дар ҳамлаҳо ба Эрон
Вазорати мероси фарҳангии Эрон рӯзи 14 март дар баёнияе эълон кард, ки дар ду ҳафтае, ки аз оғози ҳамлаи муштараки Амрико ва Исроил мегузарад, "дастикам 56 музей, бинои таърихӣ ва ҷойҳои фарҳангӣ дар сароси кишвар дучори осеби ҷиддӣ шудааст".
Тибқи ин баёния, бештарин шумори биноҳои таърихӣ, ки дар бомбаборон осеб дидааст, дар Теҳрон ва Курдистон мебошанд.
Ба гуфтаи мақомоти Эрон, аз ҷумла дар Теҳрон 19 ва дар Курдистон 12 осори таърихӣ осеб дидаанд. Манбаъ ба биноҳои таърихие чун "Иморати Осиф", "Иморати солор Саид" ва "Иморати Хусравобод" дар шаҳри Санандаҷ, маркази Курдистони Эрон ишора кардааст.
Пештар низ аксҳое аз "Кохи Гулистон" дар маркази Теҳрон ва ҳамин тавр Кохи Оли Қопу дар Исфаҳон нашр шуда буд, ки мизони осеби воридшуда ба онҳоро нишон медод.
Табиби баҳсбарангези узбекро дар Боку боздошту ихроҷ карданд
Дар Озарбойҷон Иқбол Солиев, табиби шинохтаи мардумии Узбекистонро боздошту ихроҷ кардаанд.
Расонаҳои озарбойҷонӣ бо такя ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки Иқбол Солиев дар аввали моҳи марти имсол дар Боку ва баъди он дастгир шудааст, ки қабули муштариён аз сӯйи ӯ дар яке аз дармонгоҳҳои бонуфуз боиси бесарусомонӣ гаштааст.
Таҷаммуи мизоҷон ва табобат бо усулҳои баҳсбарангезу ғайриодӣ аз сӯйи ӯ таваҷҷӯҳи пулисро ҷалб карда, сабаби боздошташ шуд.
Аз ин пеш Иқбол Солиевро барои бе иҷозатнома пешниҳод кардани хидматрасонии тиббӣ дар Узбекистон ба ҷавобгарӣ кашида буданд. Назари Иқбол Солиев ба ин қазия маълум нест.
Дар миёни мизоҷони ин табиб узбек тоҷикистониҳо ҳам кам нестанд. Дар наворҳое, ки аз раванди қабули ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки сокинони Тоҷикистон ҳам барои гуиё ҳалли мушкилоти худ ва ё табобат ба назди Иқбол Солиев рафтаанд. Дар Тоҷикистон солҳои ахир чунин афрод боздошту муҷозот мешаванд.
"На ҷанг мехоҳем, на Ҷумҳурии исломӣ". Муроҷиатномаи садҳо фаъоли эронӣ
Садҳо нафар аз фаъолони маданӣ ва сиёсии Эрон бо нашри муроҷиатномае, сиёсат ва саркубгариҳои Ҷумҳурии исломиро маҳкум карда, ҳамлаҳои низомии Амрико ва Исроилро "хилофи ҳуқуқи байналмилал" хондаанд.
Дар ин баёния, ки ба имзои 350 фаъоли маданӣ ва сиёсӣ интишор шудааст, онҳо хостори қатъи фаврии ҷанг дар Эрон шудаанд.
“Аз нигоҳи мо тарафдорони “на ҷанг ва на ҷумҳурии исломӣ ” ин ҷанг чун ҳама ҷангҳои харобиовар барои мардум на демократия ба армуғон меорад ва на амният.”- навиштаанд, муаллифони муроҷиатнома.
Фаъолон сиёсатҳои ҳукумати Эронро маҳкум карда, ба он таъкид намудаанд, ки “сарбкӯби шаҳрвандон, куштори муътаризон, ғарбситезӣ ва шиори маҳви Исроил” ба манофеи миллии эрониҳо рабте надорад” ва баръакс ин барои мардум ранҷу азоб меорад.
Дар муроҷиатнома фаъолон аз дигарон хостаанд, “ба ҷойи сукут ё ҳимояти мустақиму ғайримустақим аз ҷанг, барои хатми фаврии он ва поён додан ба ҳамлаҳои низомӣ талош кунанд”.
Боздошти зане бо гумони ҷалби духтарон ба ғуломии шаҳвонӣ
Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти як зане хабар додааст, ки ба хариду фурӯши одам ё водор кардан ба ғуломии шаҳвонӣ муттаҳам мешавад.
Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 11-уми март дар хабарномае навишт, ки сокини 36 солаи шаҳри Душанбе моҳи сентябри соли гузашта, бо роҳи фиреб ва ваъдаи кори сердаромад зани 33 солаи сокини шаҳри Ваҳдатро ба Дубай бурдааст.
Аммо ба гуфтаи мақомот дар он ҷо зан ба ҷойи кор ба истисмори ҷинсӣ ё танфурушӣ маҷбур шудааст. Дар робита ба ин қазия алайҳи сокини Душанбе бар асоси моддаи 130 ё одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Қонун барои ин амал аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Мавқеи зани гумонбар ва пайвандонаш дар робита ба ин қазия маълум нест.
Моҳи ноябри соли 2025 ҳам мақомоти интизомӣ аз боздошти ду зан бо гумони ҷалби духтарон ба истисмори шаҳвонӣ дар хориҷи кишвар хабар дода буданд. Ба гуфтаи мақомот ин занҳо, ки яке 37 ва дигари 46 сола будаанд, бо истифода аз тангдастии ҷавонзане ва бо ваъдаи кори хуб ӯро ба Русия бурда, ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд.
Бино ба иттилои расмӣ соли 2025 дар кишвар 177 ҳолати савдои одамон ошкор ва зидди 73 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар Душанбе мусобиқаи гуштигирӣ бахшида ба Наврӯз доир мешавад
Дар муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе рӯзи 22-юми март мусобиқаи гуштии миллӣ (гуштигирӣ) баргузор мегардад.
Ин мусобиқа бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи миллии гуштигирии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои варзишии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии гуштигирӣ доир хоҳад шуд.
Дар мусобиқа дастаҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, минтақаи Рашт ва дастаи Федератсияи миллии гуштигирии Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Мусобиқа аз рӯйи қоидаҳои варзиши суннатӣ доир гардида, ғолибони ҳар давр соҳиби туҳфаҳо мегарданд. Ба ғолиби мутлақи мусобиқа шоҳҷоиза - мошини сабукрав – тақдим хоҳад шуд.
Мардуми тоҷик анъанаҳои бостонӣ ва хеле бойи варзишӣ дорад. Ба навъҳои варзиши миллӣ ба ғайр аз гуштигирӣ, инчунин камонварӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ, асптозӣ, найзаандозӣ, пойгаи давандаҳо, тирандозӣ, дастхобонӣ ва ғайра шомиланд. Гуштии миллӣ дар байни ин намудҳо мақоми хос дорад ва баргузории сабқати паҳлавонӣ яке аз суннатҳои Наврӯзист.
Ҳамасола дар Тоҷикистон 22-юми март ҳамчун Рӯзи гуштигирӣ таҷлил карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки соли 2022 ба гуштии миллӣ – «гуштигирӣ» - мақоми байналмилалӣ дода шуд. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, гуштии миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
Раҳбари Исроил гуфт, ҳамла ба Эрон идома хоҳад кард
Чордаҳ рӯз инҷониб табодули оташ миёни Эрону Исроил идома дорад.
Рӯзи 12-уми март бар асари мушакборони манотиқи марказии Исроил якчанд манзили мардум зиён дидааст.
Дар ҳамин ҳол низомиёни исроилӣ иддао доранд, ки дар шаҳри Теҳрон посгоҳҳои гурӯҳи ниманизомии Басиҷро ҳадаф қарор додаанд. Ин гурӯҳ масъули таъқиби эътирозҳои мардумии моҳҳои гузашта дар Эрон эътироф шудааст.
Исҳоқ Ҳерсог, президенти Исроил, дар суҳбат бо Рей Фурлонг, хабарнигори Радиои Озодӣ, иброз дошт, ки ҳамлаҳои густарда барои маҳви имконоти ҷангии Эрон идома хоҳад кард.
Ӯ гуфт: "Рамла шаҳри таърихист, ки дар он яҳудиёну арабҳо, мусулмонон ва насрониҳо канори ҳам ба сар мебаранд. Бо ҳадафи ҳимоят аз зиндагии осоиштаи онҳо дар муқобили императории бади Теҳрон, ки мехоҳад сулҳу оромишро барҳам занад, мо маҷбурем ба онҳо зарба занем. Мо бояд имконоти низомии онҳоро маҳв кунем, то Ховари Миёна ояндаи наве дошта бошад."
Замоне, ки президенти Исроил ба суолҳои Радиои Озодӣ ҷавоб медод, барои аввалин бор изҳороте нашр шуд, ки ба раҳбари нави Эрон Муҷтабо Хоманаӣ иртибот дода мешавад.
Ҳалокати шаш сарнишин дар суқути ҳавопаймои Амрико дар Ироқ
Як ҳавопаймои бузурги амрикоӣ, зоҳиран, бар асари садамае дар ҳарими ҳавоии Ироқ сарнагун шуда, шаш сарнишини он ба ҳалокат расидаанд.
Ситоди фармондеҳии Амрико, ки назорати амалиётро дар Ховари Миёна дар уҳда дорад, гуфт, ҳавопаймои KC-135 рӯзи 12-уми март дар ғарби Ироқ сарнагун шуд.
Ин навъи ҳавопаймоҳо барои пур кардани захираи маводи сӯхти ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳангоми парвоз истифода мешаванд.
Ба қавли ситод, ҳавопаймо ҳангоми ширкат дар амалиёти Эрон суқут кард, вале на оташи душман ва на оташи тасодуфии нерӯҳои ҳампаймон дар ин амал нақше надорад.
Тафтиши ҳодиса идома дорад.
Низомиёни амрикоӣ рӯзи дуюми март хабар доданд, ки дар Кувайт се ҳавопаймои ҷангии F-15 бо оташи пойгоҳҳои зиддиҳавоии ин кишвар тасодуфан ҳадаф қарор гирифта, сарнагун шуданд.
Чойхонаи "Харбуза" дар Ҳисор харидор наёфтааст
Чойхонаи "Харбуза" дар шаҳри Ҳисор ин бор ҳам харидоре наёфтааст.
Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон онро бори севум 11-уми март бо арзиши беш аз 3 миллиону 600 ҳазор доллар ба фурӯш гузошт.
Вале як намояндааш ба хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 13-уми март гуфтааст, "савдо нашуд. Пешниҳод низ нашуд. Дигар иншоотро хариданд, инро нахариданд."
Чойхонаи "Харбуза", ки сохтмони онро ба Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки миллӣ ва "Агроинвестбонк", пайванд медиҳанд, дар гузашта хусусӣ буд. Аммо дар пайи қарздории "Агроинвестбонк" ба ҳисоби давлат гузашт.
Чойхонаро дар соли 2015 ва бахшида ба 3000-солагии шаҳри Ҳисор бунёд кардаанд.
Мақомот ҳангоми ифтитоҳи чойхона гуфта буданд, ки 100 кас дар он кори доимӣ пайдо хоҳад кард, вале “Харбуза” ҳамагӣ се моҳ фаъол буд.
Радиои Озодӣ соли 2016, як сол баъди боз шудани “Харбуза”, дар бораи он гузорише таҳия кард, ки чойхона дигар кор намекард, бомаш мечакид ва бино таъмирталаб буд.
Кушта шудани як сарбози фаронсавӣ дар Арбил
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, кушта шудани як сарбози ин кишварро дар Курдистони Ироқ тасдиқ кард.
Президенти Фаронси 13-уми март дар шабакаи Х навишт, "як узви нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса дар ҷараёни ҳамлае дар Арбили Ироқ кушта шуд".
Ин нахустин низомии фаронсавӣ аст, ки аз замони оғози ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эрон кушта шудааст.
Раисҷумҳури Фаронса ҳамчунин навиштааст, ки чанд низомии дигар ҳам захмӣ шудаанд.
Пештар артиши Фаронса аз захмӣ шудани шаш низомии ин кишвар дар пайи ҳамлаҳои паҳподӣ ба пойгоҳи нерӯҳои фаронсавӣ дар Арбил хабар дода буд.
Ҳанӯз ҳеч ҷонибе ба таври расмӣ масъулияти ҳамла ба сарбозони фаронсавиро ба дӯш нагирифтааст.
Аммо як гурӯҳи ниманизомии ироқӣ бо номи "Асҳоби Каҳф" рӯзи 13-уми март бо нашри як баёния таҳдид кардааст, ки манофеи Фаронсаро дар минтақа ҳадаф қарор медиҳад.
Ин баёния дар саҳифаи ин гурӯҳ дар Телеграм андаке пас аз он нашр шуд, ки Эммануэл Макрон аз кушта шудани як низомии фаронсавӣ ва захмӣ шудани чанд тани дигар дар Арбил хабар дод.
Пештар эълон шуда буд, ки пойгоҳи нерӯҳои фаронсавӣ дар Арбили иқлими Курдистони Ироқ ҳадафи як ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта буд, аммо маълум набуд, ки ин ҳамларо кӣ анҷом додааст.
Ҳоло бо нашри баёнияи гурӯҳи "Асҳоби Каҳф", ба назар мерасад, ҳамлаи паҳподӣ кори ҳамин гурӯҳ будааст.
Ҳузури нерӯҳои фаронсавӣ дар Арбил, пайванде ба ҷанги Исроил ва Амрико бо Эрон надорад ва ин сарбозон муддатҳост, ки дар қолаби як эътилофи байнулмилалӣ алайҳи ДОИШ дар ин минтақа ҷобаҷо буда, асосан ба омӯзиши нерӯҳои ироқӣ машғуланд.
Суқути як ҳавопаймои сӯхтрасони амрикоӣ дар Ироқ
Фармондеҳии марказии Амрико аз сарнагунии як ҳавопаймои сӯхтрасони артиши ин кишвар хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои амрикоӣ дар ғарби Ироқ вожгун шудааст.
Фармондеҳии марказии Амрико гуфтааст, ки ҳодиса бинобар шиллики душман набудааст.
Артиши Амрико аз идомаи амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷоти сарнишинони ҳавопаймо дар маҳалли суқут дар ғарби Ироқ хабар додааст.
Бар асоси гузоришҳо, ин ҳавопаймо 6 сарнишин доштааст ва ҳанӯз аз сарнавишти онҳо гузорише нашр нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи "Муқовимати исломии Ироқ" масъулияти сарнагунии ҳавопаймои сӯхтрасони амрикоиро бар ӯҳда гирифтааст.
Ин гурӯҳи ниманизомии зери ҳимояти Эрон дар баёнияе иддао кардааст, ки ҳавопаймои амрикоиро "дар дифоъ аз тамомияти арзӣ ва ҳарими ҳавоии Ироқ" ҳадаф қарор дод.
Даҳ кӯдаки тоҷикро барои ҷарроҳии дил ба Чин мебаранд
Даҳ кӯдаки бемори тоҷикро барои ҷарроҳии дил ба Чин мебаранд. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 12-уми март хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, кӯдакон, ки аз нуқси модарзодии дил ранҷ мекашанд, дар Чин ройгон ҷарроҳӣ мешаванд. Дар ин сафар яке аз волидон ҳам онҳоро ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Ба навиштаи манбаъ, ин тасмим дар мулоқоти масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон гирифта шудааст.
Сафари кӯдакони бемор ва ҷарроҳии онҳо дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ ба роҳ монда шудааст.
Вазорат мегӯяд, дар раванди ҷарроҳии кӯдакон табибони тоҷик ҳам ширкат хоҳанд кард. Онҳо ҳам бо мақсади аз худ кардани таҷрибаи мутахассисони чинӣ ба Чин мераванд.
Ба гуфтаи масъулин, ҳадафи асосӣ роҳандозӣ ва истифода аз усулҳои нави табобат дар Тоҷикистон аст.
Модари Далерҷон Мирзоев: "Бо задану кӯфтан гуноҳро ба сараш бор карданд"
Модари яке аз гумонбарони асосии ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Русия, ки ба ҳабси абад маҳкум шуд, ҳукми додгоҳи низомии Маскавро беасос хонд.
Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон Мирзоев, рӯзи 12-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба писараш "туҳмат шудааст".
"Бо шиканҷа ва задану кӯфтан гуноҳро ба сараш бор карданд. Ҳамааш дурӯғ аст. Ягон бор моро даъват накарданд, напурсиданд. Дар ҳаққи бачаам туҳмат аст. Вай ин корҳоро намекард. Худоё, акнун ман ба куҷо муроҷиат кунам, кӣ пушти моро мегирад?" – афзуд ӯ.
Далерҷон Мирзоев ва 14 нафари дигар рӯзи 12-уми март бо айбномаи тарҳрезӣ ва ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав ба ҳабси якумрӣ маҳкум ва чаҳор тани дигар аз 19 то 22 сол зиндонӣ шуданд.
Як нафари онҳо аз Қирғизистон, ду тан аз Ингушистон ва боқимонда аз Тоҷикистон ҳастанд.
Мавқеи маҳкумшудаҳо ба хулосаи додгоҳ ҳанӯз маълум нест, вале пештар баъзе аз онҳо дар нома ва дархостҳои ҷудогона худро бегуноҳ дониста ё хоҳони дигар кардани парванда шуда буданд. Бархе ҳам, ба қавли вакилони мудофеъ, "ба гуноҳ иқрор карданд", вале маълум нест таҳти чӣ шароите.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора вокуниш накардаанд.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус" рӯзи 22-юми марти соли 2024 рӯй дод ва дар натиҷа 149 нафар куштаву садҳо тан захмӣ шуданд.
Ҳодисаи “Крокус”, ки муҳоҷирони тоҷик дар марказаш қарор гирифтанд, ба кору зиндагӣ ва нақшаву нияти даҳҳо ҳазор кас дар Тоҷикистон ва Русия таъсир гузошт. Ҳарчанд муносибати дағал, санҷишҳои пайиҳам, маъракаи зидди муҳоҷирон дар Русия ва боздошту ихроҷи онҳо то моҳи марти соли 2024 низ ҷой дошт, баъди он бештар шуд.