Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ созмон озодии Хуршед Фозиловро талаб карданд


Хуршед Фозилов. Акс аз Фейсбук
Хуршед Фозилов. Акс аз Фейсбук

Панҷ созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки рӯзноманигори боздоштшуда Хуршед Фозиловро раҳо кунанд.

  • Norwegian Helsinki Committee,
  • International Partnership for Human Rights,
  • Civil Rights Defenders,
  • Helsinki Foundation for Human Rights ва
  • Front Line Defenders озодии фаврии Хуршед Фозиловро талаб кардаанд. Баёнияи муштарак рӯзи 24-уми март нашр шуд.

Хуршед Фозилов рӯзи 6-уми март аз ҷониби маъмурони амниятӣ дастгир шуд. Ҳоло дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд аст.

Бародараш Хушбахт Фозилов рӯзи 28-уми март гуфт, дар охири ҳафтаи гузашта ӯро диданд: "Бо модарам рафтем. Аз саломатӣ шикоят надошт. Чеҳрааш ором буд. Осори шиканҷа дида намешуд. Андаке лоғар шудааст, мунтазири таҳқиқи парвандааш аст.”

Мақомот расман сабаби боздошти ӯро нагуфтанд. Наздиконаш мегӯянд, ба ҷинояте гумонбар аст, ки аз 3 то 8 сол зиндонро дар назар дорад. Худаш напазируфтааст. Хешовандонаш туҳмат медонанд.

Панҷ созмони ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтаанд, ҳеч далели рӯшане эълон нашудааст, ки боиси дар боздоштгоҳ мондани Хуршед Фозилов шавад. Аз ин рӯ, аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ба уҳдадориҳои байнулмилалии худ содиқ бимонад ва аз таъқиби рӯзноманигорон даст бардорад.

Муаллифони изҳороти муштарак гуфтаанд, соли гузашта Тоҷикистон ҳафт блогеру журналистро зиндонӣ кард ва ба назар мерасад, талошҳояшро барои саркӯби рӯзноманигорон идома медиҳад. Онҳо парвандаҳоро алайҳи рӯзноманигорон "як бахше аз саркӯби садои дигарандешон дар Тоҷикистон" номидаанд.

“Тоҷикистон уҳдадориҳои худро дар мавриди озодии сухан риоят намекунад ва парвандаҳои журналистонро пушти дарҳои баста баррасӣ карда, воқеиятҳоро аз чашми ҷомеа пинҳон мекунад,” – гуфта шудааст дар изҳорот.

Хуршед Фозилов бештар бо расонаҳои мустақили маҳаллӣ ҳамкорӣ дошт ва дар мавзуъҳои иҷтимоӣ, бахусус мушкилоти мардум ва камбуди мақомот дар Панҷакент, менавишт. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд.

Чанд сол пеш дар як барномаи телевизиони давлатии Тоҷикистон ӯро аз ҳамкорони сомонаи мустақили "Ахбор" номбар карда буданд.

37-сола аст, соҳиби се фарзанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG