Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон бо $5 миллиард шаҳри нав месозанд


Туркманистон барои бунёди шаҳре ба хотири президенти пешин Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов 5 миллиард доллар харҷ мекунад.

Дар ин бора телевизиони "Фаронса 24" бо такя ба мақомҳои расмии Туркманистон хабар дод. Ин маблағ се баробар бештар аз рақаме аст, ки моҳи феврали соли 2020 эълон шуда буд.

Телевизиони Фаронса бо истинод ба раиси Кумитаи давлатии сохтмони Туркманистон Дарёкелдӣ Оразов хабар дод, ки барои бунёди шаҳр дар марҳалаи якум 3,3 миллиард доллар ва дар марҳалаи дувум 1,5 миллиард доллар ҷудо карда мешавад.

"Фаронса 24" гузориш дода, ки тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Туркманистон ба 45 миллиард доллар мерасад ва харҷи бунёди шаҳри нав - “Арқадаг” (Муҳофиз) беш аз даҳ дарсади даромади солонаи Туркманистонро, ки асосан аз ҳисоби содироти сарватҳои табиӣ аст, ташкил медиҳад.

Маркази нави маъмуриеро, ки охирҳои соли 2022 дар вилояти Ахали Туркманистон ташкил шуд, ба хотири президенти пешини ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов “Арқадаг” (Муҳофиз)ном гузоштанд. “Арқадаг” (Муҳофиз) унвони расмии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аст.​

XS
SM
MD
LG