Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қарори ихроҷи чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Самара қарори ихроҷи чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия бекор кард.

Онҳоро рӯзи 16-уми март ба гуноҳи будубоши ғайриқонунӣ дастгир ва ду ҳазор рублӣ ҷарима бастанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, онҳо иҷозаи кор (патент) доштанд ва танҳо барои идомаи будубоши расмӣ бояд аз марз мегузаштанд, ки дастгир шуданд.

Хаём Холзода, яке аз муҳоҷирон, гуфт, боздошти онҳо дар 980-километрии Самара, дар роҳ ба тарафи Қазоқистон, сурат гирифт.

Ба нақли мусоҳиби мо, онҳоро рӯзи 17-уми март ба Боздоштгоҳи муваққатии Самара бурданд ва бояд аз онҷо ба Тоҷикистон “депорт” мекарданд.

Муҳаммадҷон Собиров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, аз қарори додгоҳ шикоят кард ва 29-уми март ихроҷи чаҳор зодаи Тоҷикистон бекор шуд.

Собиров рӯзи 31-уми март ба Радиои Озодӣ нигаҳдории муҳоҷирони тоҷикро дар боздоштгоҳ ғайриқонунӣ номид.

Ӯ гуфт: “Бар асоси қонун, дар сурате ки пули патенти шаҳрванди хориҷӣ сари вақт супорида шуда бошад, муҳлати регистратсия ва буду боши ӯ дар қаламрави Русия ба таври автоматӣ дароз карда мешавад. Пули патенти муҳоҷирон то 8-уми апрел пардохт шуда буд ва амалан онҳо дар ҳудуди Русия қонунӣ қарор доштанд.”

Дар асоси ҳалномаи нав муҳоҷирони тоҷик аз Боздоштгоҳи муваққатии Самара озод шуда, ба Маскав баргаштанд.

Муҳоҷирон дар Русия асосан бо сабтином (регистратсия) ва иҷозаи кор (патент) ҳаққи иқомат пайдо мекунанд.

Сабтиноми муҳоҷирон дар манзили иҷора кори осон нест ва яке аз мушкили асосии онҳо дар Русия гуфта мешавад.

Соҳибони хонаҳои иҷора манзилашонро барои истифода ба муҳоҷирон медиҳанд, аммо розӣ намешаванд, ки дар он ҷо расман ҳамчун сокини муваққатӣ сабт кунанд.

Ҳоло бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ доранд. Дар солҳои охир садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар бо баҳонаҳои гуногун ронда шудаанд. Танҳо шумораи андаки онҳо ба мисли Хаём Холзодаву ҳамроҳонаш, барои дифоъ аз ҳаққи худ ба ҳомиёни ҳуқуқ муроҷиат ва аз ихроҷи худ пешгирӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG