Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ғорату куштори русҳо" дар Душанбе. Ҳақиқат кадом аст?


Хиёбони ҳозираи Исмоили Сомонӣ, рӯзи 14-уми феврали соли 1990
Хиёбони ҳозираи Исмоили Сомонӣ, рӯзи 14-уми феврали соли 1990

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор

Бахши аввалро дар инҷо хонед

Тавре гуфта шуд, бо гузашти солҳо қазияи куштори русҳо дар баҳманмоҳи соли 90 воҳимаангез шуданд, бино бар ин, алҳол дар Русия бисёриҳо ба дурустии ин дурӯғе, ки аз ҷониби сиёсатмадорони миллатгарои рус мунтазам алайҳи тоҷикон истифода мешавад, бовар доранд.

"Ҷанги тахайюлотӣ"

Барои тақвияти фикр фақат 3 иқтибос меорем, ки солҳои гуногун аз ҷониби шахсони гуногун навишта шудаанд. Иқтибоси якум ба Петр Чернов тааллуқ дошта, соли 2000-ум дар рӯзномаи “Независимая газета” чоп шуд. Мутаассифона, кӣ будани ӯро мушаххас карда натавонистем.

Номбурда чунин менависад: “Он рӯз тамоми сардхонаҳои Душанбе аз ҷасади русҳо пур шуда буд, лиҳозо, сардхонаҳои иловагии саҳроӣ ташкил карда шуданд. Дар майдони марказӣ ду донишҷӯдухтари рус таҷовуз гардида, пора-пора карда шуданд ва ин куштори намоишӣ буд.”

Нуралӣ Давлат
Нуралӣ Давлат

Аммо дурӯғу туҳматро дар мавриди куштори оммавии русҳо дар соли 1990 дар Душанбе яке аз миллатгароёни машҳури рус Дмитрий Рогозин “гузаронд”. Ӯ соли 2006 дар китобаш “Враг народа” навишт, ки “занонро зери садои автоматҳо ва ќоҳ-қоҳи ханда маҷбур мекарданд, ки либосҳояшонро кашида, дар майдони назди Роҳи оҳан гирдогирд даванд.”

Тавре пештар зикр кардем, дар мавриди баҳманмоҳ дар Душанбе ва сарнавишти русҳо дар ин низоъ дар Русия шахсони зиёде навиштаанд, аз ҷумла, баъзе аз сокинони собиқи ҷумҳурии мо ва ҳам нафароне, ки шояд дар харитаи сиёсии ҷаҳон Тоҷикистонро пайдо карда натавонанд

Муаллифи яке аз чунин навиштаҳо В.Стариков аст, ки ба қавли худаш то миёнаҳои солҳои 90-ум дар шаҳри Душанбе зистааст. Ӯ дар як мақолааш соли 1999 навишта, ки дар шоҳроҳи Корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе занони русро аз нақлиёти ҷамъиятӣ фароварда, дар истгоҳҳо ва майдони футболе, ки дар қади ин роҳ воқеъ буд, таҷовуз карданд.

Нигоштаи Стариковро сайтҳои зиёде дар Русия бознашр кардаанд, аммо дар ин иқтибос қисмати шубҳаовараш масъалаи таҷовуз аст. Рӯзҳои 12-14-уми феврали соли 1990 ҳаво дар ҷумҳурӣ хеле сард ва барфиву боронӣ буд.

В.Стариков иддао кардааст, ки “...русҳоро ғорат ва таҷовуз мекарданд, дар хонаҳои худашон мекуштанд. Ҳатто ба кӯдакон раҳм намекарданд. Чунин бераҳмиро Тоҷикистон то ҳол надида буд.”

Дар баробари ин ягон далеле пешниҳод намекунад.

Лаҳзаҳое пеш аз тирандозӣ дар гиридҳамоии 12-уми феврали соли 1990 дар Душанбе
Лаҳзаҳое пеш аз тирандозӣ дар гиридҳамоии 12-уми феврали соли 1990 дар Душанбе

Дар ин бахш мо ба хотирот ва шарҳҳои шахсони дигаре руҷуъ мекунем, ки бо амри тақдир моҳҳои январу феврали соли 1990 ин фоҷиаи хунинро бо чашми худ диданд. Ин ҷо сухан дар бораи гурӯҳест, ки барои наворбардории филми “Шикасти афғон” ба Тоҷикистон омада буданд.

Ин филмро коргардони машҳури киностудияи “Ленфилм” Владимир Бортко ба навор мегирифт ва гурӯҳи қариб 100-нафариро дар ду меҳмонхона, воқеъ дар хиёбони марказии пойтахт – “Душанбе” ва “Октябр” (ҳоло “Авесто”) ҷой доданд. “Октябр” меҳмонхонаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.

Сабти филм дар ибтидои моҳи январ шуруъ шуда, нақши асосиро дар он ҳунарманди машҳури итолиёӣ Микеле Плачидо мебозид. Ӯ дар Иттиҳоди Шӯравӣ баъд аз пахши сериёли “Ҳаштпо”, ки дар хусуси комиссари политсия Коррадо Катанӣ қисса мекард, машҳур шуда буд.

Қаблан мехоҳам ин нуктаро зикр кунам, ки аъзои гурӯҳи филми “Шикасти афғон” муаррих нестанд, аз сўи дигар, дар баъзе ҳолатҳо огоҳона ё ноогоҳона худро “бохабар аз ҳама кору бор” нишон дода, дар мавриди ҳаводиси баҳманмоҳ хонандагонро ба иштибоҳ меандозанд.

Масалан, яке аз аъзои ин гурӯҳ актёр Вячеслав Телнов дар мусоҳибаи худ мегӯяд, талаботи эътирозгарон аз 27 банд иборат буд, аз ҷумла, онҳо талаб доштанд, ки ВКД ва КДБ пароканда шуда, ҳукумати ҷумҳурӣ ва КМ иваз ва тамоми ҳокимият ба руҳониёни тоҷик дода шавад.

Дар баробари ин, Телнов зикр мекунад, ки эътирозгарон “хоҳони ҷудо шудан аз Иттифоқ набуданд, балки мехостанд дар ҳайати ИҶШС Ҷумҳурии исломӣ таъсис диҳанд”. Ин иддао комилан нодуруст аст, зеро талаби таъсиси ҷумҳурии исломӣ дар ҳайати ИҶШС бофтаи худи ин актёр аст.

Ин ҷо танҳо ҳарфи рост талаби истеъфои роҳбарияти ҷумҳурӣ аст, ки он баъди дар вақти мувофиқашуда набаромадани Қаҳҳор Маҳкамов ба назди эътирозгарон пайдо шуд.

Гирдиҳамоии 13 феврали соли 1990 дар пояи ҳайкали Ленин дар майдони ба номи Ленин (ҳоло майдони Исмоили Сомонӣ) дар Душанбе
Гирдиҳамоии 13 феврали соли 1990 дар пояи ҳайкали Ленин дар майдони ба номи Ленин (ҳоло майдони Исмоили Сомонӣ) дар Душанбе

Дар идома Телнов меафзояд, “...артиши мо (манзур Артиши Шӯравӣ. – Н.Д), ки ҳузурашро (манзур Афғонистон. – Н.Д) то ҳол либералҳо интиқод мекарданд, дар марзҳои хориҷӣ ифротгароёнро на танҳо бозмедоштанд, балки фазои осоиштаро барои мо ҳифз мекарданд.”

Дар ин навишта Телнов зикр намекунад, ки ифротгароӣ баъди пирӯзии дастнишондодаҳои Маскав дар Афғонистон, бахусус, пас аз вуруди Артиши Шӯравӣ ба ин кишвар ва ёрии кишварҳои ғарбиву шарқӣ ба муҷоҳидин ба як хатари бузург табдил ёфт. Ҷолибтар аз ин, иддаои ӯ дар мавриди “задухӯрдҳои мусаллаҳона” дар воқеоти баҳманмоҳ аст. Гуё тазоҳургарон бар зидди аскарон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ силоҳ истифода бурда бошанд, вале дар асл, рӯзҳои баҳманмоҳи соли 1990 дар Душанбе ҳеч гуна афтударафти мусаллаҳона ба амал наомада буд.

Дар ин бора Хулосаи Бригадаи тафтишотӣ гувоҳӣ медиҳад. Чунон ки қаблан гуфтем, генерал Воротников ва В.Петкел ҳам дар ин маврид ягон ишорае накардаанд. Афсарони гурӯҳи “Алфа” ва “З”-и Кумитаи давлатии бехатарии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки барои саркӯбии эътирозҳо ба Душанбе сафарбар шуда буданд, чизе нагуфтаанд.

Мавҷудияти силоҳи оташфишонро дар дасти эътирозгарон Бригадаи тафтишотии қариб 100-нафарии КГБ ИҶШС, Прокуратураи ИҶШС ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар тӯли бештар аз як соли фаъолият исбот карда натавонистанд. Коргардон В.Бортко мегӯяд, ки гурӯҳи онҳо аз тирезаҳои меҳмонхона ҷангҳои ҳақиқиро медиданд. “Дар кӯчаҳо одамонро латукӯб мекарданд, бахусус, занони ғайрибумиро, фурӯшгоҳҳоро тахриб карда, медуздиданд, тирезаҳои ошёнаҳои поёнии меҳмонхонаи моро мешикастанд”, -мегӯяд ӯ.

Дар иртибот ба ин иқтибос мехоҳам ба ду нуктаи муҳим ишора кунам:

  • Бортко эътироф мекунад, ки дар баробари занони рус занони тоҷик низ мавриди зӯроварӣ қарор гирифта буданд. Яъне, эътирозҳои оммавӣ дар Душанбе хислати зиддирусӣ надоштанд, чунон ки бархе аъзои ин гурӯҳ мегӯянд.
  • Бортко дар мусоҳибаҳои худ дар солҳои гуногун роҷеъ ба куштори оммавии русҳо дар моҳи феврали соли 1990 ягон ишора намекунад. Баръакси Бортко, яке аз ҳунармандони дигари филми “Шикасти афғон” Михаил Трухин дар як мусоҳибае, ки моҳи декабри соли 2016 доир кардааст, мегӯяд, дар набардҳое, ки дар кӯчаи Ленини шаҳри Душанбе соли 1990 сурат гирифта буданд, одамони зиёде ҷони худро аз даст доданд. Ў дар мусоҳибаи дигари худ баъди 5 сол чунин мегӯяд: “Онҳое, ки зинда монда буданд, дар меҳмонхона пинҳон шуданд, аммо мардони мусаллаҳе кордҳо дар даст масъулони меҳмонхонаро ҷуста, мехостанд фаҳманд, ки русҳо дар кадом утоқ зиндагӣ мекунанд, то эшонро чок кунанд”.

Трухин дар идома мегўяд, “аз тирезаи калони меҳмонхона медидем, ки чӣ гуна дар майдон одамони моро (манзур русҳо. – Н.Д) мекушанд.”

Ў ҳамчунон даъво мекунад, ки вақте гурӯҳи онҳоро ҳарбиёни гарнизони Душанбе ба тарафи фурудгоҳ мебурданд, ба тарафи қатори онҳо, ки тавассути ду танк ҳифз мешуд, эътирозгарон тир холӣ мекарданд.

Ба қавли мудаии дигари ин гурӯҳ Ирина Илина, баромадгоҳи меҳмонхона мавриди оташ қарор гирифта буд. Рассом В.Светозаров мегӯяд, ки зери оташи эътирозгарон қисми асосии гурӯҳи “Шикасти афғон” ба КамАЗ савор шуда, ба самти фурудгоҳ ҳаракат карданд.

Аммо аз ҳама бештар каскадёри филм Александр Переверзев, ки баъдтар барои дифоъ аз “Русский мир” ба минтақаи Донетски Украина рафта, то ҳол дар ҷанги иттилоотии зидди украинҳо ҳамчун журналист ва блогер ширкат дорад, ба воқеоти баҳманмоҳи соли 1990 таваҷҷӯҳ мекунад.

Ў се сол қабл повестеро ба номи “Ман инро дар он ҷо, дар Душанбе дида будам” навишт ва дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии русӣ, аз ҷумла, дар “ВКонтакте” ва “Oдноклассники” чоп кард. Воқеоти баҳманмоҳро аз диди худ таҳлил намуда, масъалаи куштори русҳоро дар ин ҳодисаҳо барҷаста нишон додааст.

Душанбе, 13-уми феврали соли 1990
Душанбе, 13-уми феврали соли 1990

Баҳманмоҳ дар хотироти каскадёр

Переверзев бо ишора ба мавҷудияти силоҳ дар дасти эътирозгарон мегўяд, ки баъд аз мавриди ҳамла қарор гирифтани мошини онҳо, яке аз мушовирони филм майор Баксанов ба 4 тане, ки барои ҳифзи дастгоҳҳо, ки 4 миллион доллар арзиш доштанд, силоҳ пешниҳод кардааст.

Ба қавли ў, афсари номбурда барояшон се автомат ва як пистолет – пулемёти сохти Чин пешниҳод карда, гуфтааст, барояшон танҳо силоҳҳоеро дода метавонад, ки ғанимат гирифта шудаанд, зеро онҳо низомӣ нестанд.

Ба гуфтаи Переверзев майор Баксанов эшонро огоҳ кардааст: “Қабл аз он ки силоҳ ба даст бигиред, хуб фикр кунед, зеро (дар оянда) шуморо метавонанд муҳофиз ва ё аъзои созмони ғайриқонунии ҷиноӣ ҳисоб кунанд”.

Дар ин иқтибос нуктаи баҳсбарангезаш “силоҳҳои ғанимат гирифта” аст. Ҳоло саволе ба миён меояд, ки дар Душанбе задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат нагирифта буданд, пас, ин силоҳро Баксанов аз куҷо ғанимат гирифтааст?

Шояд ин ҳамон силоҳҳое буданд, ки низомиёни гарнизони Душанбе замони ҳузури худ дар Афғонистон, ки соле пеш аз он ҷо хориҷ шуда буданд, ғанимат гирифта бошанд, аммо на дар рӯзҳои фољиабори баҳманмоҳи хунини соли 1990?

Ин ҷо каме пеш рафта тазаккур медиҳем, ки барои ҳузур дар рӯзҳои баҳманмоҳи соли 1990 Переверзев ва се нафари ҳамроҳаш, ки ғайриқонунӣ силоҳ ба даст гирифта буданд, соли 2016 бо медали “Барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Тоҷикистон” сарфароз гардиданд. Бо ин медал танҳо он шаҳрвандони Русия қадр мешаванд, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар ҷумҳурии мо хидмат карда буданд. Аммо то ҷое, ки медонем, моҳи феврали с.1990 дар Тоҷикистон бетартибиҳои оммавӣ рух дода буданд, на ҷанги шаҳрвандӣ. Биноан, А.Переверзев ва ҳамроҳонаш “ветеран”-и ҷанги Тоҷикистон ҳисоб шуда наметавонанд.

Як кашфиёти дигари ӯ ба шоир Гулрухсори Сафӣ пайванд дорад, ки солҳо боз дар Интернет-сайтҳои Русия ҳамчун русбадбин муаррифӣ шудааст. Ин сайтҳо асосан ба китоби “На этнической войне (Геноцид русских в бывших республиках СССР)” истинод мекунанд.

Дар ин китоб зикр шудааст, ки ин шоири тоҷик айёми шӯравӣ машҳур шуд, аммо дар давраи бозсозӣ аз коммунисти ашаддӣ ба миллатгарои оташин ва мусулмони муътақид мубаддал гашта, дар митингҳои демократҳову исломиҳо алайҳи русҳо ва Русия сухан мерондааст. Переверзев аз дигарон қафо намонда, навиштаи китоби мазкурро муфассал иқтибос оварда, сипас менависад, ки ӯ дар рӯзи дуюм фаҳмидааст, ки яке аз занони эътирозгар, ки дар оғози беназмиҳо дар назди меҳмонхона ҷамъ шуда, суханронӣ карда буданд, ҳамин Гулрухсор аст.

Тамоми аъзои Иттифоқи нависандагон дар баҳманмоҳи соли 1990 дар майдонҳо сухан ронда буданд, ном ба ном маълуманд. Аммо Гулрухсор дар майдонҳо сухан нагуфтааст, хосса, дар майдони назди меҳмонхонаи “Душанбе”. Аммо Переверзев бо ин дурӯғ ҳам қаноат накарда, менависад, ки вақте ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон авҷ гирифту миллатгароёни маҳаллӣ барои қатли Гулрухсор ба хонааш омаданд, ӯро низомиёни рус аз “дасти мутаассибини исломӣ” наҷот дода, фавран ба Русия фиристоданд.

Ин иқтибос гувоҳи он аст, ки А. Переверзев умуман таърихи воқеоти баҳманмоҳ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро наомӯхта, балки ба эҳсосоти сахт дода шуда, ҳар чизе дилаш хост, гуфтааст.

Дар асл, ба хонаи Гулрухсор аскарони Файзалӣ Саидов, ки яке аз фармондеҳони маъруфи Фронти халқӣ буду мушовиронаш афсарони ГРУ Русия, баҳори соли 1993 бо фармони ӯ аз шаҳри Қӯрғонтеппа омада буданд.

Душанбе, хиёбони Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) 13-уми феврали соли 1990
Душанбе, хиёбони Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) 13-уми феврали соли 1990

Нуктаи дигари баҳсбарангез дар навиштаҳои каскадёр ба Никита Матросов иртибот дорад. Ӯ менависад, Матросов бидуни иҷозат меҳмонхонаро тарк карда, дар хиёбон сӯзондани троллейбусҳо, ғорати фурӯшгоҳҳо ва таҷовузу куштори занҳоро акс гирифт. Баъдан Матросов ҳангоми наворбардорӣ аз хонаи рӯ ба рӯи бинои Кумитаи маркзаии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тир хӯрда, ҷон бохтааст. Переверзев даъво дорад, ки ӯ дар тирезаи ин хона сӯрохии 4 тирро дид, аммо ба бадани Матросов ду тир расидааст, як тир ба дилаш ва як тири дигар наздик ба дил.

Переверзев хулосаи санҷиши тиббии мутахассисонро инкор ва иддао мекунад, ки Матросовро эътирозгарон аз хиёбон парондаанд, на снайперҳо, ки дар ошёнаи 2, 3 ва боми бинои КМ ҲК Тоҷикистон, рӯ ба рӯи ӯ қарор гирифта буданд.

Аммо ҳам дар Гузориши Раёсати Шӯрои Олӣ ва ҳам дар хулосаи Бригадаи тафтишотӣ зикр мешавад, ки тирҳо на аз хиёбон, балки аз бинои КМ ҲК паронда шудаанд. Аз ҷониби дигар, танҳо снайпери ботаҷриба метавонист тирҳояшро ба дил ва наздики дили Матросов занад.

Нуќтаи ҷолиби дигар дар хотираҳои Переверзев ба дастгоҳи аккосии Матросов рабт дорад. Ӯ мегӯяд, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин дастгоҳро аз хонае, ки дар он Матросов кушта шуд, барои ташхис нагирифтаанд, аз ин рӯ, суратгиракро ӯ гирифт ва ҳамроҳи худ ба Ленинград бурд.

Дар асл, аксарият ба ин бовар буданд, ки суратгираки Матросовро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гирифтанд, то манзараи тирпаронии шахсони мусаллаҳи ҳукуматӣ ба сӯи эътирозгарон аз ошёнаҳои 2, 3 ва боми бинои КМ ҲК Тоҷикистон пинҳон бимонад.

Бовари умумӣ ин буд, ки Матросов дар лаҳзаҳои аввали тирпаронӣ ба аксгирӣ шурӯъ карда, нахустин қурбониҳоро акс бардоштааст. Ба иборати дигар, ӯ шоҳиди хеле муҳим шуда метавонист. Аз сўи дигар, шояд силоҳдорон дар бинои КМ ҲК ӯро снайпер ҳисоб карда, паронданд.

Переверзев инчунин мегўяд, вақте 13-уми феврали соли 1990 барои шиносоии шахсияти Матросов ҳамроҳи чанд тани дигар ба сардхона рафт, он ҷо рӯзи маҳшарро дид. Гуё дар сардхона ҷасадҳои сӯхта, бе сару пову бе даст ё аз тирҳо сӯрохшударо дидааст. Ӯ ба хотироти нашрнашудаи ҳамкораш Юрий Лебедев низ истинод мекунад, ки гуё чунин нигоштааст: “...Он ҷо аз 300 ҷасад кам набуд! Шикамҳои чокшуда, чашмҳои кофташуда, гулӯҳои бурида. Ҷасадҳоро боз меоварданду меоварданду меоварданд”.

Ба қавли Переверзев, баъди чанд рӯз вақте барои бурдани ҷасади Матросов ба сардхона омаданд, он ҷо аллакай ҳама ҷоро шуста, тоза карда буданд. Ӯ ҳамчунон таъкид мекунад, ки солҳо баъд чанд китобу мақола дар бораи ин воқеот нашр гардида, дар онҳо акси шаҳри тахрибшуда ва ҳазорон ҷасад дар назди қабристонҳои бародарӣ, ки ҳоло холӣ буданд, чоп мешаванд.

Даҳҳо корманди КБД ва Прокуратураи генералии ИҶШС, ки аз Маскав фиристода шуда буданд, агар ҷасади русҳоро медиданд, ҳатман дар асноди тафтишотӣ ё хотироти худ зикр мекарданд. Аз ҷониби дигар, кормандони сардхона, ки мутмаинам дар миёнашон русҳо низ буданд, бидуни тартиб додани санад мурдаҳоро на ба соҳибонашон медоданд, на гӯр мекарданд, зеро барои чунин амали ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуданд.

Душанбе, 13-уми феврали 1990, тонки Шӯравӣ дар майдони Ленин (ҳоло майдони Исмоили Сомонӣ)
Душанбе, 13-уми феврали 1990, тонки Шӯравӣ дар майдони Ленин (ҳоло майдони Исмоили Сомонӣ)

Ҳоло ин ҳамаро як сӯ гузорем, чаро Переверзев, ки дастгоҳи аккосии Матросовро гирифта буд, ҳадди ақал суратҳои гирифтаи ӯро ба кор набурд, то собит кунад, ки тоҷикон дар баҳманмоҳи соли 1990 русҳоро таҷовуз кардаву кушта, сипас дар қабристонҳои бародарӣ гӯронданд?

Номбурда ҳамчунон мегӯяд, бо соҳибхоназан Наиля Тухватуллина, ки Матросовро барои аксгирӣ ба хонааш роҳ дода буд, дар беморхона сӯҳбат карда, тафсилоти воқеаро фаҳмидааст. Дар ин маврид ҳам Переверзев ба иштибоҳи ҷиддӣ роҳ додааст, зеро ӯ ҳатто намедонад бо кӣ сӯҳбат кардааст.

Воқеият ин аст, ки Матросов Тухватуллинаро на дидааст ва на гуфтугӯ кардааст, зеро ин зан қариб дар як вақт бо Матросов аз зарби тир ҷон бохтааст. Чунон ки дар Гузориши Комиссияи Раёсати Шӯрои Олӣ доир ба тафтиши воқеоти баҳманмоҳи соли 1990 омадааст, Тухватуллина он рӯз ба хонаи модараш, ки дар кӯчаи Ленин №91, квартираи 23, мезист, меҳмонӣ омада буд. Матросов дар ҳамин бино, дар ҳуҷраи 16 ҷон додааст.

Мутаассифона, бетаваҷҷӯҳии мо сабаб шуд, ки дар соли 1990 дар Руссия рӯҳияи тоҷикбадбинӣ оғоз гардида, минбаъд, алалхусус, аз ибтидои солҳои 2000 афзуд.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG